Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ аз 25 январи соли 2017 № 32

Санаи амалкуни: 22.01.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017, № 32

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017, № 32

тасдиқ шудааст

 

Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 236, аз 22.01.2020 № 29, аз 01.06.2024 № 326)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 236, аз 22.01.2020 № 29, аз 01.06.2024 № 326)

 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ" таҳия шуда, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, қоидаҳо ва талаботи асосии низомӣ ва техникии истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопиро муайян менамояд.

2. Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ (замимаи 1) аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (замимаи 2), ба амал бароварда мешавад.

2. Талаботи асосӣ оид ба таъмини баҳисобгирӣ ва ҳифзи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ

3. Бо мақсади таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ, талаботи ягонаи истеҳсол, қабул, нигоҳдорӣ, коркард, супоридан, ҷудо карда додан, интиқол ва баҳисобгирии коғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти чопӣ ва қолабрезӣ муайян карда мешавад.

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 января 2017 года, № 32

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 января 2017 года, № 32

Порядок производства документов и бланков строгого учёта и отчетности) их распространения, а также контроля субъектов, производящих такую печатную продукцию

(в редакции постановления Правительства от 02.05.2019г.№236, от 22.01.2020г.№29, от 01.06.2024 №326)

(в редакции постановления Правительства от 02.05.2019г.№236, от 22.01.2020г.№29, от 01.06.2024 №326)

1. Общие положения

 1. Порядок производства документов и бланков строгого учёта и отчетности, их распространения, а также контроля субъектов, производящих такую печатную продукцию (далее - Настоящий порядок) разработан на основании статьи 7 Закона Республики Таджикистан "Об издательской и полиграфической деятельности" и определяет перечень документов и бланков строгого учёта и отчётности, правила и основные режимные и технические требования по. производству документов и бланков строгого учёта и отчётности, их распространение, а также контроль субъектов, производящих такую печатную продукцию.

2. Производство документов и бланков строгого учёта и отчетности осуществляются в соответствии с перечнем документов и бланков строгого учёта и отчётности (приложение 1) субъектами, производящими такую печатную продукцию, перечень которых определяется Правительством Республики Таджикистан (приложение 2).

2. Основные требования по обеспечению учёта и сохранности документов и бланков строгого учёта и отчётности

3. В целях обеспечения, сохранности документов и бланков строгого учёта и отчётности субъектами, производящими такую печатную продукцию определяется едиными требованиями изготовления, приёма, хранения, обработки, сдачи, отпуска, транспортировки и учёта бумаги, полуфабрикатов, печатных и формных изделий.

4. За организацию оперативного учёта бумаги, полуфабрикатов, готовых печатных и формных изделий документов и бланков строгого учёта и отчётности, руководство и контроль за этим учетом на всех участках производства и в этих местах их хранения несет ответственность главный бухгалтер субъектов, производящих такую печатную продукцию.

5. Организация учёта бумаги, полуфабрикатов, готовых печатных и формных изделий документов и бланков строгого учёта и отчётности, и контроль за этим учетом на всех участках производства и в местах их хранения возлагается на главного бухгалтера субъекта, производящего такую печатную продукцию.

...