×

Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" аз 30 апрели соли 2016 № 190

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2016, № 190

тасдиқ шудааст

РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ "БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 325, аз 27.09.2025 № 507)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникӣ "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" бо мақсади муқаррар намудани талаботи техникӣ ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, ҳифзи ҳаёт ва (ё) саломатии одамон, пешгирӣ намудани амалҳое, ки истифодабарандагон (истеъмолкунандагон)-ро ба иштибоҳ мебарад ва ҳифзи муҳити зист, таҳия шудааст.

2. Дар ҳолати истифода намудани Регламенти техникии мазкур бояд талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи ҳатмиро ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар менамоянд ва бо талаботи равандҳои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ ва таҳвил (интиқол), ба муомилот баровардану истифодаи партовҳои маҳсулот (минбаъд - регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хурокворӣ), талаботи иловагӣ (ё) муайянкунандаи Регламенти техникии мазкур алоқаманданд, ба ҳисоб гирифта шавад.

2. Доираи татбиқ

3. Регламенти техникии мазкур:

- объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;

- талаботи бехатарӣ (аз он ҷумла талаботи санитарию эпидемиологӣ, беҳдоштӣ ва байторӣ) ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;

- қоидаҳои ҳаммонандсозии объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;

- шакл ва тартиби баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати объектҳои бамеъёрдарории техникиро ба талаботи Регламенти техникии мазкур муқаррар менамояд.

4. Дар ҳолати қабул намудани Регламенти техникии мазкур бояд талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисмати тамғагузории он, маводҳои бастабандӣ, маснуот ва таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба маҳсулоти хӯрокворӣ муносибат дошта, ба муқаррароти регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат доранд, ба ҳисоб гирифта шаванд.

5. Талабот ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва талаботи ба равандҳои истеҳсолот (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), ба муомилот баровардану истифодаи партовҳои маҳсулот алоқаманд, ки (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, талаботи Регламенти техникии мазкурро тағйир дода наметавонанд.

6. Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ, талабот ба тамғагузориро, ки ба талаботи Регламенти техникии мазкур мухолифат надошта бошад, метавонанд дар бар гиранд.

7. Объектҳои бамеъёрдарории техникии Регламенти техникии мазкур инҳо мебошанд:

- маҳсулоти хӯрокворӣ;

- равандҳои истеҳсолот (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), ба муомилот баровардан ва истифодаи партовҳо, ки ба талаботи маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманданд.

8. Регламенти техникии мазкур ба маҳсулоти хӯрокворие, ки аз тарафи шаҳрвандон дар шароити хона омода ва истеҳсол мешавад, ҳамчунин хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, ё худ шаҳрвандоне, ки ба боғдорӣ, полизкорӣ, чорводорӣ машғуланд ва раванди истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), ба муомилот баровардан ва истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки танҳо барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ гардидаанд ва барои ба муомилот баровардан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин нашудаанд, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти чорво дар шароити табиӣ, татбиқ карда намешавад.

3. Мафҳумҳои асосӣ

9. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- омехтаҳои ширии мувофиқкардашуда (ивазкунандаи шири модар)маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизодиҳии кӯдакони навзод, ки дар шакли моеъ ё ордӣ (хока) аз шири гов ё (ё) ҳайвоноти наслдиҳанда истеҳсол шудаанд ва бо мақсади қонеъ намудани талаботи физиологии кӯдакони то яксола бо мавод ва нерӯи зарурӣ, аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ то ба ҳадди ниҳоӣ ба шири модар ҳаммонанд шудаанд;

- хушбӯйсозандаи хӯрокворӣ (ароматизатор) - модда ё таркибҳои тамъи хушбӯйдошта, ки аз тарафи одамон дар ғизо бевосита истеъмол намешаванд ё хушбӯйкунандаи ҳароратии технологӣ, ё хушбӯйкунандаи дуддодашуда, муқаддамҳои хушбӯйкунандаҳо, ё омехтаи онҳо (қисми тамъи хушбӯйдошта), ки барои ба маҳсулоти хӯрокворӣ додани бӯйи хуш ва (ё) маза (ба ғайр аз тамъи ширин, турш ё шӯр) бо илова ё бе иловаи дигар қисматҳо, таъин шудаанд;

- бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - ҳолати маҳсулоти хӯрокворӣ, ки оиди мавҷуд набудани хатари норавои бо таъсири зарар ба одамон ва наслҳои оянда алоқаманд, шаҳодат медиҳад;

- иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо - моддаҳои табиӣ ва (ё) моддаҳои фаъоли биологии бо табиӣ ҳаммонандшуда, инчунин микроорганизмҳои пробиотикӣ, ки барои истеъмоли якҷоя бо ғизо, ё дохил намудан ба таом пешбинӣ шудаанд;

- оби нӯшокӣ барои кӯдакон - намуди оби нӯшокие мебошад, ки барои нӯшидани кӯдакон, омода намудани ғизоҳои кӯдакона, ҳамчунин тайёр намудани маводҳои хушки хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон дар шароити хона пешбинӣ гардидаанд;

- манбаъҳои обии биологӣ - моҳиҳо, обиҳои бебуғум ва ширхӯрҳои обӣ, обсабзҳо ва (ё) намуди ҳайвонҳову растаниҳои обие, ки дар муҳити табиии обӣ маскун мебошанд (дар ҳолати озоди табиӣ);

- таъсироти зарарнок ба инсон аз ҳисоби маводи ғизоӣ - таъсири омилҳои номусоид, ки ба истеъмоли маводи ғизоӣ ва ифлоскунандаҳои ҳавои муҳити зист алоқамандӣ дошта, ба саломатии инсон ва ҳаёту саломатии наслҳои оянда таҳдид мекунанд;

- ба муомилот баровардани маводи хӯрокворӣ - хариду фурӯш ва ё (ё) воситаҳои интиқоли маводи хӯрокворӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз истеҳсолкунанда то воридсозандаи маҳсулот;

- организмҳои ба таври генетикӣ (генно-муҳандисӣ, трансгенӣ) тағйирдодашуда (минбаъд ГМО) - организм ва ё якчанд организмҳое мебошанд, ки ба таври сунъӣ (ғайритабиӣ) бе ҳуҷайра, якҳуҷайрадор ё серҳуҷайрадор сохта шуда, қобилияти гузариши насл дар онҳо санҷида шудааст, аз организмҳои табиӣ фарқ доранд ва тавассути усулҳои генномуҳандисӣ ё дар онҳо ҷой доштаи маводҳои генномуҳандисӣ, аз ҷумла омилҳои таъмини ирсият, порчаҳо ва комбинатсияи онҳо ба даст оварда мешаванд;

- аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолоти объектҳои истеҳсолӣ, ки қабул ва коркарди маҳсулоти хоми ғизоии коркарднашудаи аз ҳайвонот гирифташударо амалӣ менамоянд (минбаъд - бақайдгирии давлатии объектҳои истеҳсолӣ) - амали иҷозатдиҳии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони алоҳида ба қабул ва коркарди маҳсулоти хомии ғизоии аз ҳайвонот гирифташудаи коркарднагардида;

- нӯшокии алафии бачагона (чойи алафӣ) - маҳсулоти ғизоӣ барои нӯшокиҳои бачагона аст, ки аз алафҳо ва шираи алафҳо омода гардидааст;

- ҳаммонандсозии маҳсулоти хӯрокворӣ - тартиби мансубгардонии маҳсулоти ғизоӣ бо объектҳои бамеъёрдарории техникии регламенти техникӣ;

- истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла соҳибкори хориҷӣ, ки аз номи худ истеҳсоли маҳсулоти хӯроквориро барои фурӯш ба истифодабаранда (истеъмолкунанда) ба роҳ мемонанд ва масъулияти мутобиқати маҳсулотро бо талаботи регламентҳои техникӣ ба ӯҳда мегирад;

- воридкунандаи мол - намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муомилот ё хариду фурӯши маҳсулоти хӯроквориии аз тарафи ғайринамояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад ва барои мутобиқати ин маҳсулот ба талаботи Регламенти техникии мазкур масъул аст;

- қисми маҳсулоти хӯрокворӣ (ҷузъи хӯрокворӣ) (минбаъд - қисм ё ҳисса) - маҳсулот ё моддае (аз ҷумла, иловагиҳои ғизоӣ ва хушбӯйкунандаҳо), ки мутобиқи дастурамал дар истеҳсоли (тайёр намудани) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд ва қисми таркибии он ба ҳисоб мераванд;

- контаминатсияи (ифлосшавии) маҳсулоти хӯрокворӣ - ба маҳсулоти ғизоӣ афтидани ашёҳо, ҷузъҳо, моддаҳо ва организмҳо (контаминантҳо, ифлоскунандаҳо) ва мавҷудияти онҳо ба миқдоре, ки ба маҳсулоти хӯроквории мазкур хос нестанд ё зиёдкунандаи сатҳи муқаррарие, ки дар натиҷаи он хосиятҳои барои инсон хатарнок пайдо мешаванд;

- омехтаҳои ширии аввалия - омехтаҳои ширии мувофиқкардашуда (аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ то ҳадди ниҳоӣ ба шири модар мувофиқгардида) ва ё қисман мувофиқгардонидашуда (вобаста ба таркиби кимиёвӣ қисман ба шири модар мувофиқшуда), ки аз шири гов ё (ё) ҳайвоноти наслдиҳанда истеҳсол гардида, ҳамчун ғизои ширии кӯдакон, аз рӯзи таваллуди онҳо то шашмоҳагӣ мавриди истеъмол қарор мегирад;

- маҳсулоти хӯроквории коркарднагардидаи аз организми ҳайвонот истеҳсолшуда - намуди маҳсулоте, ки аз намудҳои гуногуни ҳайвоноти маҳсулдиҳанда, бе коркарди аввалия гирифташуда, қисми таркибии организми ин ҳайвонот (аз ҷумла, хун ва каллапоча), шири хом, шири хоми беравған, саршир, маҳсулоти занбурпарварӣ, тухм ва маҳсулоти аз тухм омодашуда, сайдҳои манбаъҳои биологии обӣ, маҳсулоти обӣ;

- меъёрҳои талаботи физиологӣ ба нерӯ ва моддаҳои ғизоӣ - ҳадди талаботи шабонарӯзии ҷисми инсон ба моддаҳои ғизоӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи физиологии на кам аз 97,5 фоизи аҳолӣ бо назардошти синну сол, ҷинсият, ҳолати физиологӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ кифояанд;

- нутриентҳо (моддаҳои ғизоӣ) - гурӯҳи моддаҳое мебошанд, ки қисми таркибии маҳсулоти хӯроквориро ташкил дода, ба организми инсон ҳамчун сарчашмаи қувватдиҳанда ва сарчашмаи субстратҳои организм барои нигоҳдории сохти бадан, афзоиши қомат ва навсозии узвҳову бофтаҳо, барқарор намудани моддаҳои фаъоли физиологӣ, ки дар низоми равандҳои фаъолияти ҳаётӣ иштирок менамоянд ва арзишҳои ғизойии маҳсулоти хӯроквориро муайян мекунанд;

- мукаммалсозии (тозакунии) маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоти ғизоӣ, ки ба онҳо як ё зиёда моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ ва (ё) микроорганизмҳои пробиотикӣ, ки аз ибтидо дар онҳо мавҷуд набудаанд ё ба миқдори нокифоя мавҷуд будаанд, ё ин ки дар раванди истеҳсолот (тайёркунӣ) аз байн рафтаанд, илова мешаванд; дар ин ҳол аз тарафи истеҳсолкунанда ба таркиби ҳар моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологие, ки барои мукаммалсозӣ дар ҳадди нишондодашуда, мутобиқи меъёрҳои ҷойдошта барои маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, кафолат дода мешавад, ки ҳамзамон сарчашмаи маводи ғизоӣ ё (ё) намунаҳои фарқкунандаи ин мавод ба ҳисоб мераванд. Меъёри ниҳоии ҷой доштани моддаҳои фаъоли ғизоӣ ва (ё) биологӣ дар ин маҳсулот ҳангоми воридшавӣ аз манбаъҳои истеҳсолӣ (дар сурати ҷойдоштани ин гуна меъёр) набояд аз ҳадди бехатарии истеъмоли ин моддаҳо зиёд бошад;

- объекти маҳсулоти обӣ - моҳӣ, бебуғумҳои обӣ, ширхӯрҳои обӣ, обсабзҳо, (ё) намуди ҳайвонҳо ва растаниҳои обие, ки дар шароити обӣ ё муҳити ба таври сунъии сохташудаи обӣ афзоиш ёфта, зиндагӣ мекунанд;

- миқдори муайяни (партияи) маҳсулоти хӯрокворӣ - миқдори муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ бо як номгӯй, якхела бастабандишуда, ки аз тарафи як истеҳсолкунанда, мутобиқи як стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) ё стандарти миллӣ ва (ё) шартҳои техникӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда дар фосилаи муайяни вақт истеҳсол (тайёр) шуда, дорои ҳуҷҷатҳои ба маҳсулоти интиқолёбанда ҳамроҳбуда, ки нишондодҳои маҳсулоти ғизоиро таъмин менамоянд, мебошанд;

- иловаи хӯрокворӣ - ҳама гуна моддаҳо (ё омехтаи моддаҳо), ки дорои арзиши махсуси ғизоӣ буда (ё набуда), аксаран аз тарафи одам, бевосита дар таом истифода нашаванда, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ғизонокиву лаззатфизоӣ ба хӯрок омехта карда мешавад; ҳамчунин, дар раванди истеҳсол, интиқол ва нигоҳдорӣ, чунин моддаҳои ғизоӣ ҳамчун қисми маҳсулоти хӯрокворӣ номбар мешаванд; иловаи хӯрокворӣ метавонад як ё якчанд вазифаи технологиро дар маҳсулоти хӯрокворӣ ба иҷро расонад;

- маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоте, ки аз ҳайвонот, растанӣ, манбаъҳои микробиологӣ, минералӣ, сунъӣ ё биологӣ, дар шакли табиӣ, коркардшуда ё аз нав коркардшуда истеҳсол шуда, барои истеъмоли инсон дар ғизо таъин шудаанд, аз ҷумла маҳсулоти махсусгардонидашудаи ғизоӣ, оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, обҳои нӯшокии минералӣ, маҳсулоти спиртӣ (аз ҷумла пиво ва нӯшокиҳо аз оби ҷав), нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо, саққичи хоиданӣ, хамирмояҳо ва маҳсулоти аввалияи микроорганизмҳо, хамиртурушҳо, иловагиҳои хӯрокворӣ ва хушбӯйкунандаҳо, ҳамчунин маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ);

- маҳсулоти хӯроквории маҳсулоти обӣ - объектҳои маҳсулоти обӣ, ки аз шароити табиӣ ё муҳити обии ба таври сунъии сохташуда, ҳосил гардидаанд (ба даст оварда шудаанд);

- маҳсулоти хӯроквории парҳезии табобатӣ - маҳсулоти хӯроквории махсусгардонида бо арзиши муқарраршудаи ғизоию нерӯӣ, хосиятҳои физикию органолептикӣ ва барои истифода дар таркиби ғизои парҳезии табобатӣ пешбинишуда;

- маҳсулоти хӯроквории парҳезии профилактикӣ - намуди махсусгардонидашудаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои ислоҳи мубодилаи карбогидратҳо, чарбиҳо, сафедаҳо, витаминҳо ва (ё) намудҳои мубодилаи моддаҳо, ки таркиби онҳо тағйир дода шудааст ва (ё) таносуби моддаҳои алоҳида вобаста ба таркиби табиии онҳо ва (ё) дар таркибе, ки дар он моддаҳо ва компонентҳои дар ибтидо мавҷуднабуда дохил шудаанд ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворие, ки барои паст намудани хатари ангезиши беморӣ таъин шудаанд, пешбинӣ гардидаанд;

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакона - маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, ки барои ғизои кӯдакон (барои кӯдакони навзоди аз 0 то 3 сола, кӯдакони синни томактабии аз 3 то 6 сола, кӯдакони синни мактабии аз 6 сола боло) пешбинӣ гардида, ба талаботи физиологии организми кӯдакон ҷавобгӯ аст ва ба саломатии кӯдакони синну соли мувофиқ зарар намерасонад;

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои варзишгарон - маҳсулоти хӯроквории махсусгардонида бо таркиби кимиёвии муқарраршуда, арзиши ғизоии баланд ва (ё) ба фоиданокӣ пешбинишудае, ки аз маҷмуи маҳсулот ё намудҳои алоҳидаи маҳсулот, ки барои баланд бардоштани имконоти мувофиқкунии инсон ба сарбориҳои физикӣ ва асабию эҳсосотӣ таъсири махсус мерасонанд, таркиб ёфтаанд;

- маҳсулоти хӯроквории ғайрисаноатӣ - маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз тарафи шаҳрвандон дар шароити хона ва (ё) дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ё шаҳрвандоне, ки ба боғдорӣ, полизкорӣ, чорводорӣ ва (ё) намудҳои фаъолият машғуланд, ҳосил карда шудаанд;

- маҳсулоти хӯроквории намуди нав - маҳсулоти хӯрокворӣ (аз ҷумла иловаҳои ғизоӣ ва хушбӯйкунандаҳо), ки пештар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи одамон дар ғизо истифода нагардидаанд, махсусан: бо тағйироти аввалияи таркиби молекулярии нав, ки аз микроорганизмҳо, занбуруғҳои микроскопӣ ва обсабзҳо, растаниҳо, ҳайвонот, аз организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) ё бо истифодаи онҳо гирифташуда, наномаводҳо ва маҳсулоти нанотехнологӣ таркиб ёфтаанд ё ҷудо карда шудаанд, ба истиснои маҳсулоти хӯрокворие, ки ба таври анъанавӣ гирифта шуда, дар муомилот мебошанд ва аз рӯйи таҷриба бехатар ҳисобида мешаванд;

- маҳсулоти хӯроквории беобгардонидашуда - маҳсулоти хӯрокворӣ, ки оби дар ибтидо мавҷудбудаи таркиби онҳо пурра ё қисман хориҷ карда шудааст;

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои хӯроки иловагии кӯдакон - маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон, ки ба вояи хӯроки кӯдакони синни яксола ба сифати иловагӣ ба шири модар, ивазкунандаҳои шири модар ё омехтаҳои ширии минбаъд истифодашаванда ва дар асоси маҳсулоти аз ҳайвонот ва (ё) растанӣ гирифташуда истеҳсол (тайёр) гардидааст;

- маҳсулоти хӯроквории таркибашон омехташуда - маҳсулоти хӯрокворие, ки аз ду ва зиёда қисматҳо (компонентҳо), ба истиснои иловаҳои ғизоӣ ва хушбӯйкунандаҳо таркиб ёфтааст;

- аз нав коркардабароӣ (коркард) - коркарди ҳароратӣ (ба ғайр аз яхкунонӣ ва тариқи хунуккунӣ), дуддиҳӣ, консервкунонӣ, пӯхтан, туршкунонӣ, намакхобонӣ, хушккунонӣ, сиркохобонӣ, ғализкунонӣ, тозасозӣ, афшӯрасозӣ, ҷавҳарситонӣ ё якҷоякунии ин равандҳо;

- омехтаҳои ширии минбаъда - омехтаҳои адаптатсияшуда (аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ то ба ҳадди ниҳоӣ ба шири модар наздиккардашуда) ё қисман адаптатсияшудае (аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ қисман ба шири модар наздиккардашуда), ки дар асоси шири гов ё (ё) ҳайвоноти наслдиҳанда истеҳсол гардидаанд ва барои ғизо ба кӯдакони аз шашмоҳа боло, дар якҷоякунӣ ба маҳсулоти хӯроки иловагии кӯдакон (барои ба хӯрокхӯрӣ одат кардани онҳо) пешбинӣ шудаанд;

- моддаҳои таркибашон аз лиҳози табиӣ холис (сапрофитҳо)моддаҳои ғизоии таъсиррасонандаи афзоиши қомат ва (ё) фаъолияти биологии ифодакунандаҳои микрофлораи ҳифозатии рӯдаҳои инсон, ки метавонанд барои муътадил намудани таркиби он ва фаъолнокии биологӣ, дар ҳолати мунтазам истеъмол намудан дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ, мусоидат намоянд;

- микроорганизмҳои сапрофитӣ - микроорганизмҳои зиндаи ғайрипатогенӣ (ғайрикасалиовар) ва ғайритоксигенӣ (ғайризаҳролудшаванда) - ифодакунандаи гурӯҳҳои муҳофизатии микробиосенози мӯтадили рӯдаҳои инсони солим ва гурӯҳҳои симбиотикии табиӣ, ки ба таркиби маводи хӯрокворӣ барои беҳтар намудани (оптимизатсияи) таркиб ва фаъолнокии биологии микрофлораҳои ҳифозатии рӯдаҳои инсон дохил мешаванд;

- маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) - маҳсулоти аз ҳайвонот, растанӣ, манбаъҳои микробиологӣ, маъданӣ, сунъӣ ё биотехнологӣ ҳосилшуда ва оби нӯшокие, ки барои истеҳсоли (тайёр намудани) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд;

- ҳайвоноти маҳсулдиҳанда - ҳайвонот, ба истиснои моҳиҳо, обиҳои бебуғум, ширхӯрҳои обӣ ва (ё) ҳайвоноти обӣ, ки бо мақсади аз онҳо гирифтани маҳсулоти хӯрокворӣ парвариш карда мешаванд;

- объекти истеҳсолӣ, ки дар он фаъолият оид ба гирифтан ва аз нав коркардкунии (коркарди) маҳсулоти хӯроквории (ғизоии) хоми коркарднашудаи аз ҳайвонот ҳосилшуда амалӣ карда мешавад - объект (иморат, бино, манзил, иншоот ва дигар объект), ки барои амалӣ намудани қабул ва аз нав коркардкунии (коркарди) маҳсулоти хӯроквории (ғизоии) хоми коркарднагардидаи аз ҳайвонот ҳосилшуда пешбинӣ шудааст ва барои амалӣ намудани фаъолияти нишондодашуда, ки ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродии амаликунандаи фаъолияти мазкур бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ тааллуқ дорад, истифода мешавад;

- назоратбарии маҳсулоти хӯрокворӣ - имконияти ба таври ҳуҷҷатгузорӣ (дар шакли паҳнкунандаҳои қоғазӣ ва (ё) электронӣ) муқаррар намудани истеҳсолкунанда ва (ё) соҳибоне, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, ба ғайр аз истеъмолкунандаи охирин ва ҳамчунин ҷойи баромади (истеҳсоли, тайёркунии) маҳсулоти хӯрокворӣ ва (ё) маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ);

- раванди истеҳсоли (тайёр намудани) маҳсулоти хӯрокворӣмаҷмӯъ ё якҷоякунии амалҳои гуногуни технологии пай дар пай иҷрошавандаи истеҳсоли (тайёр намудани) маҳсулоти хӯрокворӣ;

- моҳиҳои зиндаи сайдгардида - моҳиҳое, ки парвариш карда шудаанд ва (ё) дар объекте, ки барои дар шакли зинда нигоҳ доштани онҳо муқаррар шудааст, нигоҳдорӣ мешаванд;

- маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда - маҳсулоти хӯрокворие, ки мӯҳлати истеъмолиашон аз 5 рӯз зиёд нест, агар дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ (ё) мӯҳлати дигар набошад, дорои талаботи махсуси нигоҳдорӣ дар ҳарорати муайян, нигоҳдорӣ ва таҳвил (интиқол) бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот ва дар таркибаш падид наомадани микроорганизмҳои касилиовар, микробҳои вайронкунандаи таркиби маҳсулот ва (ё) барангезандаҳои заҳролудшавӣ, то ҳадде ки барои саломатии инсон хатарнок аст, пешбинӣ гардидааст;

- маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда - маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои онҳо талабот ба мавҷудият ва (ё) муносибати моддаҳои алоҳида ё ҳамаи моддаҳо ва компонентҳо муқаррар шудааст ва (ё) таркибашон тағйир дода шудааст ва (ё) муносибати моддаҳои алоҳида нисбати мавҷудияти аслии онҳо дар ин маҳсулоти хӯрокворӣ ва (ё) дар таркибаш моддаҳо ва компонентҳои аз ибтидо мавҷуднабуда (ба ғайр аз иловаҳои ғизоӣ ва хушбӯйкунандаҳо) дохил карда шудаанд ва (ё) истеҳсолкунанда оид ба хусусиятҳои табобатӣ ва (ё) профилактикии онҳо, ки бо мақсади бехатарии истеъмоли ин маҳсулоти хӯрокворӣ ба категорияи алоҳидаи одамон пешбинӣ шудаанд, маълумот медиҳад;

- мӯҳлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ - давраи вақте, ки дар ҷараёни он маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ба талаботи бехатарии дар Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқарраргардида пурра мутобиқат намояд ва ҳамчунин хусусиятҳои истеъмолии худро, ки дар тамғагузорӣ сабт гардидааст нигоҳ дорад ва аз рӯи гузаштани мӯҳлат, ки маҳсулоти хӯрокворӣ барои истифода корношоям дониста мешаванд;

- воситаҳои технологӣ - моддаҳо ё маводҳо ё маҳсули онҳо (ба истиснои таҷҳизот, маводҳои бастабандӣ, маснуот ва зарфҳо), ки қисми таркибии маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб нарафта, истифодаашон дар ҳолати аз нав коркард намудани маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва (ё) дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои иҷрои мақсадҳои муҳими технологӣ пешбинӣ шудаааст ва баъд аз истеҳсоли онҳо аз таркиби маҳсулоти хом ҷудо карда мешаванд, чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ё миқдори боқимондаи онҳо, ки барои маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ манфиати технологӣ оварда наметавонанд;

- нӯшокиҳои рӯҳафзо - нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ё камспирт, ки дар таркибашон моддаҳои (компонентҳои) рӯҳафзо, аз ҷумла баромадашон аз растаниҳо, ба миқдоре, ки барои таъмини манфиати рӯҳафзоӣ ба ҷисми инсон кифоят менамоянд, ба истиснои чой, қаҳва ва (ё) нӯшокиҳо дар асоси онҳо омодашуда;

- сайди манбаъҳои биологии обӣ - манбаъҳои обии биологӣ, ки аз мӯҳити табиии зисташон ба даст оварда мешаванд (гирифта мешаванд);

- истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ - истифодаи маҳсулоти хӯроквории ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯйнабуда, бо мақсади фарқ намудан аз ҳадафҳое, ки маҳсулоти хӯрокворӣ барои онҳо пешбинӣ шудааст ва ба таври маъмулӣ истифода мешаванд, ё маҳсулоти хӯроквории ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқнабуда, ки барои ҳама намуди истифода ва қабул мувофиқ нестанд, ҳамчунин эҳтимол дорад ба саломатии инсону ҳайвонот ва муҳити зист таъсири манфӣ расонанд.

4. Қоидаҳои муомилот дар бозор

10. Маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолати мутобиқат намуданашон ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад, ба муомилот бароварда мешаванд.

11. Маҳсулоти хӯроквории ҷавобгӯ ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад ва аз баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқат гузашта бо нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ мешавад.

12. Маҳсулоти хӯроквории дар муомилот буда, аз ҷумла маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ), бояд ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии мол, ки назорати маҳсулоти мазкурро таъмин менамоян, дошта бошанд.

13. Маҳсулоти хӯроквории ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад, мутобиқат надошта, аз ҷумла маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолаш гузашта, бояд аз тарафи ширкаткунандагони фаъолияти хоҷагидорӣ (соҳибони маҳсулоти хӯрокворӣ) ихтиёран, ё бо амри мақомоти ваколатдори санҷиши (назорати) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилот гирифта шаванд.

5. Ҳаммонандсозии маҳсулоти хӯрокворӣ (равандҳо)

14. Бо мақсади мансуб намудани маҳсулоти хӯрокворӣ бо объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, ки нисбати онҳо Регламенти техникии мазкур қабул карда мешавад, аз тарафи шахсони манфиатдор ҳаммонандсозии маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ карда мешавад.

15. Ҳаммонандсозии маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯйи номгӯйи он ва (ё) аломатҳои он, ки барои муайян намудани ин намуди маҳсулот дар Регламенти техникии мазкур, ё регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ гардидаанд, бо усулҳои муоинавӣ ва (ё) органолептикӣ ва (ё) таҳлилӣ гузаронида мешаванд.

16. Ҳаммонандсозии маҳсулоти хӯрокворӣ бо усулҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- аз рӯйи номгӯй - бо роҳи муқоисаи номгӯй ва таъин намудани тариқи истифодаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар тамғақоғази бастабандӣ, ё ҳуҷҷати ба маҳсулот ҳамроҳшуда дарҷ ёфта, номгӯй ва намуди маҳсулотро дар Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муайян менамояд;

- бо усули муоина - бо роҳи муқоисаи намуди берунии маҳсулоти хӯрокворӣ бо нишонаҳое, ки барои муайян намудани ин навъи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои акхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ гардидааст;

- бо усули органолептикӣ - бо роҳи муқоисаи нишондиҳандаҳои органолептикии маҳсулоти хӯрокворӣ бо нишонаҳое ки барои муайян намудани ин навъи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ гардидааст. Агар ҳаммонандсозиро аз рӯйи номгӯй ва усули муоина ба амал баровардан ғайриимкон бошад, он гоҳ усули органолептикӣ қабул карда мешавад;

- бо усули таҳлилӣ (аналитикӣ) - бо роҳи санҷиши мутобиқати нишондиҳандаҳои физико-кимиёвӣ (токсикологӣ-радиологӣ) ва (ё) микробиологии маҳсулоти хӯрокворӣ бо нишонаҳое ки барои муайян намудани ин навъи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ гардидааст. Агар ҳаммонандсозиро аз рӯйи номгӯй ва усулҳои муоинаю органолептикӣ ба амал баровардан ғайриимкон бошад, он гоҳ усули таҳлилӣ (аналитикӣ) қабул карда мешавад.

6. Талаботи умумӣ ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ

17. Маҳсулоти хӯрокворие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот қарор дорад, дар муддати мӯҳлати истифодабарии муқарраршуда, дар ҳолати истифодабарӣ мувофиқи таъинот бояд бехатар бошад.

18. Нишондиҳандаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар замимаҳои 1 ва 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд.

19. Нишондиҳандаҳои бехатарӣ (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои микробиологӣ) барои маҳсулоти хӯроквории таркибаш омехта, аз рӯйи миқдори омехтаи қисматҳои ҷудогона, бо ҳиссаи вазни холиси ин қисматҳо ва нишондиҳандаҳои бехатарӣ барои ин қисматҳо, ки дар Регламенти техникии мазкур муқаррар шудаанд, муайян карда мешаванд, ки агар (ё) нишондиҳандаҳо дар замимаҳои 1 ва 2 Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ дарҷ нагардида бошанд.

20. Нишондиҳандаҳои бехатарӣ (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои микробиологӣ) барои маҳсулоти хӯроквории хушконидашуда бо ҳисоби вазни аввалаи (холиси) маҳсулоти хоми хӯрокворӣ ва бо назардошти мавҷудияти моддаҳои хушк дар он ба ҳисоб гирифта мешавад ва агар (ё) нишондаҳо дар замимаҳои 1 ва 2 Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокволрӣ дарҷ нагардида бошанд.

21. Дар маҳсулоти хӯроквории дар муомилот қарордошта, мавҷудияти барангезандаҳои сироятӣ, бемориҳои паразитӣ ва заҳрҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок дониста мешаванд, иҷозат дода намешавад.

22. Мӯҳлати истифода ва шароити нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи истеҳсолкунанда тибқи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ-техникӣ амалӣ карда мешавад.

23. Маводҳое, ки барои тайёр намудани бастаҳо ва зарфҳои ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманд, истифода мегарданд, бояд ба талаботи муқарраргардидаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат дошта бошанд.

24. Талабот ба иловаҳои ғизоӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои технологӣ, ки дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди истифода қарор мегирад, тибқи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

25. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ аз маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ), ки аз ГМО (организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда) растаниҳо, ҳайвонот ва микробҳо истеҳсол шудаанд, бояд хатҳои ГМО, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, истифода шаванд.

26. Дар ҳолате, ки истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ГМО-ро истифода накарда бошад; дар маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷудияти ГМО 0,9 фоиз ва камтар; ГМО тасодуфӣ, ё аз лиҳози техникӣ омехтаи бартарафнашаванда мебошад, ин маҳсулоти хӯрокворӣ ба маҳсулоти хӯроквории дорои ГМО дохил намегардад.

27. Истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамчун ғизои кӯдакон, барои кӯдакони то яксола, дар объектҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолӣ, ё дар сехҳои махсусгардонидашуда ё дар хатҳои технологии махсусгардонидашуда ба роҳ монда мешавад.

28. Дар сабзаҷоти тару тозаи ошхона, сабзавот, меваҳо ва буттамеваҳо мавҷудияти тухми гелминтҳо ва халтаҳои микробҳои дар рӯдаҳо часпандаи якҳуҷайра иҷозат дода намешавад.

29. Миқдори ҳар кадом моддаҳои фаъоли ғизоӣ ё биологӣ дар маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати ғизонокӣ такмилдодашуда, бояд мувофиқи ҳадди меъёрӣ, дар ҳар 100 мл, ё 100 г ва ё миқдори истеъмолии яквақтинаи маҳсулот, то миқдори на кам аз 5 фоизи ҳадди истеъмоли шабонарӯзӣ расонида шавад.

30. Миқдори микроорганизмҳои пробиотикӣ дар маҳсулоти хӯроквории аз лиҳози ғизонокӣ такмилдодашуда бояд на кам аз 109 воҳиди ҳуҷайраҳои зиндаи хурдро дар 1 г ё 1 мл ин маҳсулот дарбар гирад.

7. Талаботи бехатарӣ ба маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда

31. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакона, ҳамчунин хӯрокворӣ барои занҳои ҳомила ва ширмаккон, дар истеҳсолот истифода бурдани маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) дорои ОГТ (ГМО) иҷозат дода намешавад.

32. Дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон дар истеҳсолот истифода бурдани маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) аз пестидсидҳо (тухми растаниҳо) гирифташуда, мувофиқи замимаи 3 Регламенти техникии мазкур, иҷозат дода намешавад.

33. Маҳсулоти хӯрокворӣ барои занҳои ҳомиладор ва занҳои ширмаккон бояд ба талаботи дар замимаҳои 1 ва 2 муқарраргардидаи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат дошта бошад.

34. Маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакони то яксола аз рӯйи ҳадди ғизонокии худ бояд ба хусусиятҳои синнусолии физиологии узвҳои ҳозимаи кӯдакони синну соли номбурда мутобиқат дошта бошад.

35. Маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

- шакари иловашуда дар таркиби кулчаҳои қандин барои ғизои кӯдакон набояд аз 25 фоиз зиёд бошад;

- маҳсулоти нону булкагӣ барои ғизои кӯдакон бояд на зиёда аз 0,5 фоиз намаки ошӣ дошта бошад.

36. Маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон набояд дорои чунин маводҳо бошад:

- спирти этилӣ на зиёда аз 0,2 фоиз;

- қаҳваи асили табиӣ;

- мағзи донаи зардолуқоқ;

- сирко;

- шириниҳои аз меъёр зиёд, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда барои ғизои парҳезии табобатӣ ва парҳезии пешгирикунанда.

37. Таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакони хурдсол дар ивазкунандаи шири модар набояд дорои зиёда аз 4 фоиз трансизомерҳои кислотаҳои чарбӣ аз миқдори умумии кислотаҳои чарбӣ бошад. Ҳангоми истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон истифодаи кислотаҳои бензойӣ, сорбинӣ ва намакҳои онҳо манъ аст.

38. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакони хурдсол истифодаи намудҳои зерини маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) иҷозат дода намешавад:

- фалла (творог) бо туршии зиёда аз 150 дараҷаи ҷадвали Тернер;

- орди лубиёгӣ (ба ғайр аз таркибҳои сафедаи лубиёӣ);

- ғалладона ва маҳсулоти коркардшудаи он, ки аз зараррасонандаҳои сирояткунанда ва омехтаҳои зараовар сироят ёфтаанд;

- маҳсулоти гӯштии аз ҳайвоноту паррандагон гирифташудае, ки дубора ях кунонида шудаанд;

- маҳсулоти моҳӣ ва ғайримоҳигии маҳсулдиҳандаи обие, ки дубора яхкунонида шудаанд;

- гӯшти ҳайвонот ва паррандагони маҳсулдиҳанда, ки ба таври механикӣ забҳ шудаанд;

- маҳсулоти таркибаш коллагендор аз гӯшти парранда;

- каллапочаи ҳайвонот (чорво) ва паррандагони маҳсулдиҳанда, ба истиснои ҷигар, забон, дил ва хун;

- гӯшти гов бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 12 фоиз;

- гӯшти хук бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 32 фоиз;

- гӯшти гусфанд бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 9 фоиз;

- гӯшти чӯҷа ва чӯҷаҳои бройлерии дараҷаи дуюм;

- пайвастагиҳои (блокҳои) яхкунонидашуда аз намудҳои гуногуни гӯшти ҳайвонот, ҳамчунин каллапочаи чорво (ҷигар, забон, дил) бо мӯҳлати истифодаи зиёда аз 6 моҳ;

- гӯшти буққа, нархук ва ҳайвоноти лоғар;

- маҳсулоти моҳӣ, ки аз насли моҳиҳои сайдгардида ва моҳиҳои қаъри обӣ гирифта шудаанд;

- тухм ва гӯшти паррандагони обӣ;

- спредо;

- равғани қаймоқии намаккардашуда;

равғани растанӣ - равғани пахта, кунҷид ва нахл, ба истиснои ғизоҳои табобатии Ф-75, Ф-100, ғизои табобатию профилактикии омодаи истеъмол (БП-100) ва равғани нахли баландсифат дар таркиби ширҳои омехтаи мутобиқкардашуда ва маҳсулоти озуқавории махсусгардонидашуда (омехтаи махсусгардонидашуда) барои кӯдакони хурдсол (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09 2025, № 507);

- равғани растанӣ бо нишондоди туршишаш (туршшавиаш) 2 ммол кислороди фаъол /кг чарбу (ба истиснои равғани зайтун); равғани зайтун бо нишондоди туршишаш (таршшавиаш) 2 ммол кислороди фаъол /кг чарбу;

- афшураҳои серғизои омехташуда (диффузионӣ);

- растаниҳои доруворӣ (ба истиснои шибит, ҷаъфарӣ, карафс, зира, райҳон, қаламфури ширин, сафед ва хушбӯй, дорчинҳо, ванилҳо, кашниҷ, мехчагул, барги ғор ва ҳамчунин пиёз, сирпиёз ва (ё) анвое ки аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар карда мешавад);

- хокаи тухм (барои маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда);

- равған ва чарбиҳои гидрогенизатсияшуда, чарбиҳои таркибашон кислотаҳои чарбии ғализдошта;

- растаниҳои хосаи тезу тафсон (қаламфӯр, қаҳзак, хардал);

- майонез, қайлаҳои майонезӣ (яхникардашуда), қайлаҳо ба равғани растанӣ, кремҳо бо равғани растанӣ, чарбиҳои таъиноташон махсус, чарбии дашқолдор.

39. Ҳангоми истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакони томактабӣ ва синни мактабӣ ба истифодаи намудҳои зерини маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) иҷозат дода намешавад:

- маҳсулоти гӯштии аз ҳайвоноту паррандагон гирифташудае, ки дубора ях кунонида шудаанд;

- маҳсулоти моҳӣ ва ғайримоҳигии маҳсулдиҳандаи обие, ки дубора ях кунонида шудаанд;

- гӯшти ҳайвонот ва паррандагони маҳсулдиҳанда, ки ба таври механикӣ забҳ шудаанд;

- маҳсулоти таркибаш коллагендор аз гӯшти парранда;

- пайвастагиҳои (блокҳои) яхкунонидашуда аз намудҳои гуногуни гӯшти ҳайвонот, ҳамчунин каллапочаи чорво (ҷигар, забон, дил) бо мӯҳлати истифодаи зиёда аз 6 моҳ;

- гӯшти гов бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 20 фоиз;

- гӯшти хук бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 70 фоиз;

- гӯшти гусфанд бо вазни холиси пайвасткунандаи бофтаҳои чарбудор зиёда аз 9 фоиз;

- гӯшти буққа, нархук ва ҳайвоноти лоғар;

- каллапочаи ҳайвонот (чорво) ва паррандагони маҳсулдиҳанда, ба истиснои ҷигар, забон, дил ва хун;

- тухм ва гӯшти паррандагони обӣ;

- афшураҳои серғизои омехташуда (диффузионӣ);

- равғани растанӣ бо нишондоди туршишаш (таршшавиаш) 2 ммол кислороди фаъол /кг. чарбу (ба истиснои равғани зайтун); равғани зайтун бо нишондоди туршишаш (таршшавиаш) 2 ммол кислороди фаъол /кг. чарбу;

- дорувори тез (қаламфур, қаҳзак, хардал).

40. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизои кӯдакони аз 3 то 14 сола ва нӯшокиҳои алафии кӯдакона (чойҳои алафӣ) барои кӯдакони хурдсол, истифодаи маҳсулоти хоми растанӣ, ки дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, иҷозат дода мешавад.

41. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакони хурдсол, истифодаи витаминҳо ва намакҳои минералӣ, ки дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, иҷозат дода мешавад.

42. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакони ҳама гуна синну сол, бо мақсади хушбӯйсозӣ ва тамъи гуворои ғизо, танҳо истифодаи хӯшбӯйкунандаҳои табиӣ (моддаҳои хушбӯйсозандаи тамъу ғизо) ва барои кӯдакони аз 4-моҳа боло, ҳамчунин истифодаи ванелин иҷозат дода мешавад.

43. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо истифодаи растаниҳо ва маводҳои аз нав коркардгардидаи онҳо, маҳсулоти ҳайвонот, микроорганизмҳо, намудҳои занбуруғ ва моддаҳои фаъоли биологӣ, ки барои ҳаёту саломатии инсон хатарнок дониста шудаанд ва дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур муқаррар гардидаанд, иҷозат дода намешавад.

44. Иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо бояд ба талаботи гигиении бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар замимаҳои 1 ва 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар гардидаанд, мутобиқат дошта бошад. Таркиби вояи (миқдори) шабонарӯзии иловаҳои фаъоли биологӣ, моддаҳои фаъоли биологӣ, ки аз растаниҳо ва шираи онҳо гирифта шудааст, бояд дар ҳадди аз 10 то 50 фоизи бузургии миқдори яквақтинаи муолиҷавии онҳо, ки ҳангоми қабули ин модда ба ҳайси воситаи доругӣ қабул гардидааст, баробар шавад.

8. Талаботи бехатарӣ ба нӯшокиҳои рӯҳафзо

45. Нӯшокиҳои рӯҳафзо (аз ҷумла нӯшокиҳои нерӯдиҳанда) дар шакли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва камспирт истеҳсол (омода) карда мешаванд.

46. Ба сифати манбаи моддаҳои (маводи) рӯҳафзо истифодаи кофеин ва таркиби растании қаҳва (шираи растанӣ), чой, қаҳва, гуарант, мате, ҳамчунин растаниҳои доругӣ ва шираи онҳо, ки таъсири рӯҳфизоӣ доранд (аз ҷумла одамгиёҳ (женшен), гиёҳи оҳӯ (левзея), родиолаи зард (зардгиёҳ, заъфарон), лимӯгиёҳ, элеутерококк ва ин амсол) иҷозат дода мешаванд. Ба таркиби нӯшокиҳои ғайриспиртии рӯҳафзо дохил намудани на зиёда аз ду моддаи (маводи) рӯҳафзо ва ба таркиби нӯшокиҳои камспирт дохил намудани на зиёда аз як моддаи рӯҳафзокунанда мумкин шуморида мешавад.

47. Дар ҳолати истеҳсоли (омодасозии) нӯшокиҳои рӯҳафзо истифодаи моддаҳои минералӣ, карбогидратҳои тезҳалшаванда, витаминҳо ва моддаҳои витаминмонанд, субстратҳо ва моддаҳои нумӯъкунандаи мубодилаи нерӯ иҷозат дода мешавад.

48. Таркиби кофеин дар нӯшокиҳои рӯҳафзо на бояд аз 400 мг/дм3 зиёд бошад.

9. Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар раванди истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши он

49. Истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва шахсоне, ки вазифаи истеҳсолкунандаи хориҷии маҳсулоти хӯроквориро иҷро менамоянд, ӯҳдадоранд, ки дар равандҳои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯши он, тавре амал намоянд, то маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин ҷараён ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқат намояд.

50. Дар ҳолати амалӣ намудани раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба талаботи бехатарии чунин маҳсулот алоқаманд мебошанд, истеҳсолкунанда бояд тартиберо, ки бо принсипҳои ХАССП (бо транскрипсияи забони англисӣ НАССР - Hazard Analysis and Critical Control Points) асос ёфтаанд ва дар банди 51 дарҷ гардидаанд, таҳия, ҷорӣ ва дастгирӣ намояд.

51. Барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар раванди истеҳсоли (омодасозии) он, бояд тартиботи зерин таҳия, ҷорӣ ва дастгирӣ шаванд:

- интихоби равандҳои технологии зарурии истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- интихоби пайдарҳамӣ ва муттасилии амалиёти технологии истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади роҳ надодан ба ифлосшавии маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маҳсулоти хӯрокворӣ;

- муайян намудани марҳилаҳои назоратии амалиёти технологӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар марҳилаҳои истеҳсоли (омодасозии) он аз рӯи барномаҳои назорати истеҳсолӣ;

- гузаронидани назорати маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ), воситаҳои технологӣ, маводҳои бастабандӣ, маснуоте, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, инчунин ба воситаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки саҳеҳияти зарурӣ ва пуррагии назоратро таъмин менамоянд;

- гузаронидани назорат аз рӯйи амалкарди дастгоҳҳои технологӣ тибқи тартибе, ки истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯроквории ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқро таъмин менамоянд;

- таъмини маълумоти асоснокшудаи ҳуҷҷатӣ оид ба марҳилаҳои назоратии амалиёти технологӣ ва натиҷаҳои назорати маҳсулоти хӯрокворӣ;

- риояи шароити нигоҳдорӣ ва таҳвили (интиқоли) маҳсулоти хӯрокворӣ;

- дар биноҳои истеҳсолӣ мавҷуд будани таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷомҳое, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода гардида, дар ҳолати аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокворӣ қарор доранд;

- интихоби роҳҳо ва таъмини риояи беҳдошти (гигиенаи) шахсии кормандон бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- интихоби роҳҳои таъминкунандаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, муайян намудани даврият ва гузаронидани рубӯчин, шустушӯй, тамиз, дезинсексия ва озодасозии биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷомҳое, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд;

- пешбурд ва ҳифзи ҳуҷҷатгузориҳо дар паҳнкунандаҳои қоғазӣ ва (ё) электронӣ, ки тасдиқкунандаи мутобиқати коргузории истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботе, ки Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар намудаанд, мебошанд;

- пай дар пай назорат намудани маҳсулоти хӯрокворӣ.

10. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар раванди истеҳсоли (омодасозии) он

52. Бо мақсади таъмини мутобиқати маҳсулоти хӯроквории ба муомилот баровардашуда ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ӯҳдадор аст, тартиби таъмини бехатариро дар раванди истеҳсоли (омодасозии) ин маҳсулоти хӯрокворӣ дар амал ҷорӣ намояд.

53. Ташкили таъмини бехатарӣ дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ ва гузаронидани назорат, аз тарафи истеҳсолкунанда бо ихтиёри худ ва (ё) бо иштироки тарафҳои сеюм амалӣ карда мешавад.

54. Барои таъмини бехатарӣ дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсолкунанда бояд омилҳои зеринро муайян намояд:

- феҳристи омилҳои хатарноке, ки метавонанд дар раванди истеҳсол (омодасозӣ) ва ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ, ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат надошта бошанд;

- феҳристи нуқтаҳои хатарноки назоратии раванди истеҳсолот (омодасозӣ) - нишондиҳандаҳои амалиёти технологии раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ (қисми он); параметрҳои (нишондиҳандаҳои) бехатарии маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маводи бастабандӣ, бо мақсади ба амал баровардани назорат, барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои хатарноке, ки дар қисми якуми банди мазкур дарҷ гардидаанд;

- меъёрҳои маҳдудии нишондиҳандаҳои дар нуқтаҳои хатарноки назоратӣ назоратшаванда;

- тартиби мониторинги нуқтаҳои хатарноки назоратии равандҳои истеҳсол (омодасозӣ);

- муқаррар намудани тартиби амалҳо дар ҳолати тамоюли моҳияти нишондиҳандаҳои дар қисми сеюми банди мазкур муқарраршуда, аз муҳимияти баландтарини нишондиҳандаҳои назоратӣ;

- давравӣ будани гузаронидани санҷиш вобаста ба мутобиқати маҳсулоти хӯроквории ба муомилот баровардашуда ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ;

- давравӣ будани батартибдарорӣ, рубӯчин, шустушӯ, дезинфексия, дератизатсия, дезинсексия ва озодасозии мавсимии биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷомҳое, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мегарданд;

- гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирии пайдоиши хояндаҳо, ҳашаротҳо, хазандаҳо, паррандагон ва ҳайвоноти ваҳшии зараровар дар бинои истеҳсолӣ.

55. Истеҳсолкунанда вазифадор аст, ки хуҷҷатҳои заруриро доир ба иҷроиши чорабиниҳо оиди таъмини бехатарӣ дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) аз ҳайвонот истеҳсолшудаи коркарднагардидаро, дар паҳнкунандаҳои қоғазӣ ё электронӣ пеш барад ва ҳифз намояд.

56. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) аз ҳайвонот истеҳсолшудаи коркарднагардида бояд дар мӯҳлати на кам аз cе сол, аз рӯзи воридшавиашон ҳифз карда шаванд.

57. Истеъмоли бевоситаи ғизо дар дохили корхонаи истеҳсолӣ манъ аст.

58. Коргарони дар корхона машғули корҳои ба раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандбуда, ҳамчунин бевосита ба маҳсулоти хоми хӯрокворӣ ва умуман маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшаванда сарукор дошта, бояд мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба кор дохил шудан пешакӣ ва давравӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

59. Шахсони гирифтори касалиҳои сироятӣ, шахсони ба ин намуди бемориҳо гумонбаршуда ва шахсоне, ки дар оила ё ҷомеа бо гирифторони бемориҳои сироятӣ алоқамандӣ дошта, ҳомилони барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд, ба коре, ки бо истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманданд, иҷозат дода намешаванд.

11. Талабот ба таъмини об дар равандҳои истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ

60. Миқдори оби хунуку гарм, буғ ва ях барои таъмини истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯроквории бехатар бояд ба қадри кифоя бошад.

61. Об дар ҳолатҳои гуногуни агрегатӣ, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди истифода қарор мегирад, бояд ба талаботи зерин мутобиқат дошта бошад:

- оби дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода гардида ва бо маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маводи бастабандӣ бевосита муносибатдошта, бояд ба ҚМС 2.1.4.004.-07 "Оби нӯшокӣ. Талаботи гигиенӣ ба сифати оби системаҳои мутамаркази таъминот бо оби нӯшокӣ. Назорати сифат" мутобиқат намояд;

- буғи дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода гардида, бо маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маводи бастабандӣ бевосита муносибатдошта, набояд манбаи ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ бошад;

- яхи дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода гардида, бояд аз оби нӯшокӣ омода шуда, ба талаботи муқарраргардида ба оби нӯшокӣ мутобиқат намояд.

62. Талабот ба таъминоти об (обрасонӣ):

- дар равандҳои истеҳсолие, ки бевосита ба истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандӣ надоранд (низоми зидди сӯхтор, таҷҳизоти хунуккунандаи яхдон, истеҳсоли буғ ва ғайраҳо), ҳамчунин дар ҳолати аз нав коркард намудани (коркарди) маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) аз растаниҳо истеҳсолшуда барои зарурати техникӣ (обдиҳӣ, шустушӯй), истифодаи обе, ки ба талаботи оби нӯшокӣ мутобиқат надорад, иҷозат дода мешавад. Лӯлаҳои обгузароние, ки барои ин равандҳо пешбинӣ шудаанд, набояд бо мақсади таъмини оби нӯшокӣ истифода шаванд ва бояд дорои нишонаҳои фарқкунанда аз лӯлаҳои обгузари обҳои нӯшокӣ бошанд;

- дар ҳолати коркарди ҳароратии маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар зарфҳои ҳавоногузар ва (ё) дар раванди истифодаи дастгоҳҳои мувофиқ бояд барои пешгирии ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ аз обе, ки барои хунуккунии зарфҳо ва таҷҳизот истифода мешавад, шароит фароҳам оварда шавад.

12. Талаботи бехатарӣ ба маҳсулоти хоми хӯрокворие (ғизоие), ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мегардад

63. Маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ), ки барои истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мегардад, бояд ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ бошад ва мунтазам назорат карда шавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода намудани пӯсти парранда иҷозат дода намешавад.

64. Маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) аз растанӣ ҳосилшуда барои истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ, дар ҳолати мавҷуд будани маълумот доир ба истифодаи пеститсидҳо ҳангоми киштукори растаниҳо, тамйизи бинои истеҳсолӣ ва зарфҳо барои нигоҳ доштани маводи хоми мазкур, бо мақсади ҳифзи он аз зараррасонандагон ва бемории растаниҳои кишоварзӣ, истифода мешаванд.

65. Маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) коркарднагардидаи аз ҳайвонот гирифташуда бояд аз ҳайвоноти сермаҳсул, ки ба эстрогенҳои табиию сунъӣ, моддаҳои гармоникӣ, доруҳои тиреостатикӣ (нумӯъкунандаҳои қомати ҳайвон), антибиотикҳо ва (ё) воситаҳои доруворӣ барои истифодаи байтории пеш аз забҳ то тамомшавии мӯҳлати хориҷшавии онҳо аз организми чунин ҳайвонот воридкардашуда таъсир намерасонанд, гирифта шаванд.

66. Нигоҳдории маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва қисмҳои онҳо, ки ҳангоми истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, бояд дар шароити таъминкунандаи пешгирии вайроншавӣ ва ҳифзи маҳсулоти хом ва қисматҳои онҳо аз моддаҳои ифлоскунанда, амалӣ карда шавад.

13. Талабот ба ташкили бинои истеҳсолие, ки дар он ҷо раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ карда мешавад

67. Банақшагирии биноҳои истеҳсолӣ, конструксия, ҷойгиркунонӣ ва андозаи онҳо бояд омилҳои зеринро таъмин намояд:

- имконияти амалӣ намудани пайдарҳамии амалиёти технологӣ, ки истеҳсолоти мураттаби мутақобил ё дутарафаи маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва маҳсулоти хӯрокворӣ, асбобу анҷоми ифлосу тоза;

- огоҳ намудан ва ё то ҳадди ниҳоӣ кам намудани ифлосшавии ҳаво, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мегардад;

- ҳимояи бинои истеҳсолӣ аз дохилшавии ҳайвонот, аз ҷумла хояндаҳо ва ҳашароти зараррасон;

- имконияти амалӣ намудани хизматрасонии техникии зарурӣ ва таъмири ҷории таҷҳизоти технологӣ, рубӯчин, шустушӯй, дезинфексия, тамйиз ва дератизатсияи бинои истеҳсолӣ;

- муҳити зарурӣ барои ба роҳ мондани амалиёти технологӣ;

- ҳимоя аз ҷамъшавии ифлосиҳо, афтодани ҷузъҳо ба маҳсулоти истеҳсолшавандаи хӯрокворӣ, пайдоиши ғализиҳои ифлос ва мағор дар сатҳи болоии бинои истеҳсолӣ;

- шароит барои нигоҳдории маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ), маводҳо барои бастабандӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ.

68. Бинои истеҳсолие, ки дар он истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ монда мешавад, бояд ҷиҳозонида шавад:

- бо воситаҳои ҳавокаши табиӣ ва механикӣ, миқдор ва (ё) тавоноӣ, конструксия ва иҷроиши корҳое, ки барои аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронида шуда, ҳамчунин дастрасиро ба асбобҳои полоиш ва (ё) қисмҳои системаи муқарраршуда, ки тоза ва иваз намуданашон талаб карда мешавад, таъмин менамоянд;

- бо рӯшноии табиӣ ва сунъӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат менамоянд;

- бо ҳоҷатхонаҳое, ки дарашон набояд аз тарафи бинои истеҳсолӣ кушода шавад ва бояд бо либосовезакҳо барои либоси корӣ, пеш аз дохил шудан ба долон (тамбур) ва ҳамчунин дастшӯякҳои муҷаҳҳаз барои шӯстани дасту рӯй ҷиҳозонида шуда бошанд;

- бо дастшӯякҳо барои шӯстани дастҳо бо резиши оби хунуку гарм, бо воситаҳои дастшӯӣ ва асбобҳо барои поккунӣ ва (ё) хушккунии дастҳо.

69. Дар биноҳои истеҳсолӣ нигоҳ доштани либосҳо ва пойафзоли шахсӣ ва истеҳсолии (махсуси) коргарон иҷозат дода намешавад.

70. Дар биноҳои истеҳсолӣ нигоҳ доштани ҳама гуна ашё, мавод ва моддаҳои дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маводи хӯрокворӣ нолозим ва ғайри қобили истифода, аз ҷумла маводҳои шустушӯӣ ва дезинфексионӣ, ба истиснои он маводи шустушӯиву дезинфексионие, ки барои таъмини шустушӯи ҷорӣ ва тамйизсозии (дезинфексияи) бинои истеҳсолӣ ва дастгоҳҳои корӣ заруранд, манъ аст.

71. Қисми биноҳои истеҳсолие, ки дар он ҷой истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ монда мешавад, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

- қисми болоии фаршҳо бояд бо масолеҳи обногузар, осон шусташаванда ва заҳролуднашаванда пӯшида шуда, барои шӯстушӯй мувофиқ ва дар ҳолати зарурӣ барои тамйиз (дезинфексия), ҳамчунин барои тозакунии лӯлаҳои обгузари зери фарш муносиб бошад;

- қисми болоии деворҳо низ бояд бо масолеҳи обногузар, осон шусташаванда ва заҳролуднашаванда пӯшида шуда, барои шӯстушӯй ва дар ҳолати зарурӣ барои тамйиз (дезинфексия), мувофиқ бошад;

- шифти бино дар ҳолати мавҷуд набудани сақфи дохилӣ ё болопӯши (боми) тунукагӣ бояд чангногузар, аз ифлосиҳо эминнигоҳдоранда ва камкунандаи ғубору рутубати ғализ бошад;

- кушодакунандаҳои (болодариҳои) тирезаҳои берунӣ бояд бо таҷҳизоти ба осонӣ ҷудошаванда барои тоза намудани турҳои муҳофизатӣ аз ҳашарот ҷиҳозонида шуда бошанд;

- дарҳои бинои истеҳсолӣ бояд ҳамвор буда, аз масолеҳи рутубатногир сохта шаванд.

72. Кушодашавии дарҳо бояд ба самти беруни бинои истеҳсолӣ бошад, агар талаботи зиддисӯхтор (ё) муқаррарот надошта бошад.

73. Сохтори қубур ва коррезҳои ифлосибарандаи бинои истеҳсолӣ бояд тавре ба нақша гирифта шавад, ки хатари ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ аз байн бардошта шавад.

74. Дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ таъмири биноҳои истеҳсолӣ иҷозат дода намешавад.

14. Талабот ба истифодабарии дастгоҳҳои технологӣ ва асбобу анҷоми ҷойи кор дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ

75. Дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ бояд таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷоми бо маҳсулоти хӯрокворӣ муносибатдоштае истифода шаванд, ки:

- дорои тавсияномаи сохт ва истифодабарӣ, ки истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯроквориро мутобиқи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намоянд, бошанд;

- барои шӯстушӯй ва (ё) тозакунӣ ва тамйизи (дезинфексияи) онҳо имконият диҳанд;

- аз масолеҳе, ки ба талаботи ба маводҳо пешбинишудаи бо маҳсулоти хӯрокворӣ муносибатдошта ҷавобгӯй мебошанд, тайёр шуда бошад.

76. Таҷҳизоти технологӣ, агар ин барои амалӣ намудани мақсадҳои Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ зарур бошад, бояд бо асбобҳои назоратии мутобиқ ҷиҳозонида шуда бошанд.

77. Қисми болоии таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷоме, ки бо маҳсулоти хӯрокворӣ муносибат доранд, бояд аз масолеҳи рутубатногир сохта шаванд.

15. Талабот ба шароити нигоҳдорӣ ва хориҷкунонии пасмондаҳои истеҳсолии (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ

78. Партовҳое, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ пайдо мешаванд, бояд мунтазам аз бинои истеҳсолӣ хориҷ карда шаванд.

79. Партовҳое, ки дар раванди истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ пайдо мешаванд, ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

а) партовҳое, ки аз бофтаҳои ҳайвонот ба вуҷуд омадаанд;

б) партовҳои ҳайвоноти маҳсулотдиҳанда дар давраи ҳаёт;

в) партовҳои дигар (партовҳои сахт, пору).

80. Партовҳо тибқи гурӯҳашон бояд ба таври алоҳида дар зарфҳои пӯшидашавандаи тамғагузоришуда, ки қобили истифода ва нигоҳдории партовҳои мазкур мебошанд, ҷой кунонида шаванд.

81. Тавсияномаҳои конструктивии зарфҳо, ки дар банди 80 нишон дода шудаанд, бояд имконияти тоза намудан ва (ё) шустан ва ҳифзи онҳоро аз дохилшавии ҳайвонот ба онҳо таъмин намоянд.

82. Берун намудан ва нобуд кардани партовҳо аз биноҳои истеҳсолӣ, аз ҳудуди объектҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ, набояд ба ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ, муҳити атроф ва пайдоиши хатари ҳаёту саломатии одамон боис гардад.

16. Талабот ба равандҳои нигоҳдорӣ, (таҳвил) интиқол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ

83. Таҳвили (интиқоли) маҳсулоти хӯрокворӣ бояд бо воситаҳои нақлиёт мутобиқи шароитҳои таҳвилдиҳӣ (интиқолдиҳии) муқаррарнамудаи истеҳсолкунандаи ин маҳсулот ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин шароит мутобиқи шароитҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандаи ин маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинӣ гардидааст, амалӣ карда шавад.

84. Ҳангоми истифодабарии нақлиёти боркаш ва (ё) контейнерҳо барои таҳвили (интиқоли) якҷояи маҳсулоти хӯроквории гуногун ё маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар борҳо, таъмин намудани шароитҳое, ки наздикшавӣ, ифлосшавӣ ва тағйири хосиятҳои органолептикии маҳсулоти хӯроквориро истисно менамоянд, зарур аст.

85. Сохти воситаҳои нақлиёти боркаши ба қисмҳо ҷудошуда ва контейнерҳо бояд ҳифзи маҳсулоти хӯроквориро аз ифлосшавӣ, дохилшавии ҳайвонот, аз ҷумла хояндаҳо ва ҳашарот, амалиёти тозакунӣ, шустушӯй ва тамйиз (дезинфексия) таъмин намоянд.

86. Воситаҳои нақлиёти боркаши ба қисмҳо ҷудошуда, контейнерҳо ва зарфҳое, ки барои таҳвили (интиқоли) маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, бояд имкониятҳои нигоҳ доштани шароитҳои таҳвил (интиқол) ва (ё) нигоҳдории маҳсулоти хӯроквориро таъмин намоянд.

87. Сатҳи дохилии воситаҳои нақлиёти боркаши ба қисмҳо ҷудошуда ва контейнерҳо, бояд аз маводҳои шусташаванда ва заҳролуднашаванда сохта шуда бошанд.

88. Қисмҳои воситаҳои нақлиёти боркашон ва контейнерҳо, бояд мунтазам тоза, шустушӯй карда шаванд ва тамйизи (дезинфексияи) давриро гузаранд, то ин ки қисмҳои воситаҳои нақлиёти боркашон ва контейнерҳо манбаи ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ нагарданд. Обе, ки барои шустушӯйи сатҳи дохилии қисмҳои воситаҳои нақлиёти боркашон ва контейнерҳо истифода мешавад, бояд ба талаботи ба оби нӯшокӣ муқарраршуда мутобиқ бошад.

89. Дар ҳолати нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ бояд шароити нигоҳдорӣ ва мӯҳлати истеъмолӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар мегардад, риоя карда шавад. Шароити нигоҳдорие, ки аз тарафи истеҳсолкунанда муқаррар карда мешавад, бояд мутобиқати маҳсулоти хӯроквориро ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намояд.

90. Нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо дигар навъи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, дар ҳолате, ки агар ин метавонад боиси ифлосшавии маҳсулоти хӯрокворӣ гардад, иҷозат дода намешавад.

91. Маҳсулоти хӯроквории нигоҳдошташаванда бояд дорои маълумот оиди шароити нигоҳдорӣ ва мӯҳлати истеъмолии ин маҳсулот бошад.

92. Коргароне, ки ба таҳвил (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд ва ҳангоми иҷроиши фаъолият муносибати бевосита бо маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) ва (ё) маҳсулоти хӯрокворӣ доранд, бояд мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба кор дохил шудан пешакӣ ва мунтазам аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

93. Беморҳои гирифтори касалиҳои сироятӣ, шахсони ба ин бемориҳо гумонбаршуда, шахсони бо гирифторони бемориҳои сироятӣ муносибатдошта, шахсоне, ки паҳнкунандаи барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд, ба корҳои марбут ба таҳвил (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ набояд иҷозат дода шаванд.

94. Ҳангоми ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ бояд шароити нигоҳдорӣ ва мӯхлати истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ муқаррар мегардад, риоя шавад.

95. Дар ҳолате, ки агар ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ, бе бастабандӣ дар борҷомаҳои истеъмолӣ ё бо як қисми маълумот, ки дар варақа-замимаҳои ба борҷома ҳамроҳшуда сабт шудааст, амалӣ карда шавад, фурӯшанда вазифадор аст, ки маълумотро дар бораи ин маҳсулот ба истеъмолкунанда расонад.

17. Талабот ба равандҳои истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ

96. Истифодаи партовҳо ба маҳсулоти хӯрокворие қабул дониста мешавад, ки он маҳсулот ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ нестанд.

97. Қарор оиди имконияти истифодабарии маҳсулоти хӯрокворие, ки он ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ набуда, ҳамчун хӯроки ҳайвонот истифода мегардад, аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатии байторӣ ва ё дигар шахсони ваколатдор, мутобиқ ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хадамоти бойторӣ, қабул карда мешавад.

98. Маҳсулоти хӯрокворие, ки дар банди 13 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст, то замони ҳамчун партов баистифодадиҳӣ бояд барои нигоҳдорӣ дар шароити имконияти дастрасӣ надошта, ба қайд гирифта мешавад, фиристода мешавад.

99. Ҳангоми истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯроквории дар банди 13 дарҷгардида, тибқи амрияи мақомоти ваколатдори назорати (санҷиши) давлатӣ, соҳиби маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат намекунанд, усул ва шароити истифодаи партовҳои онро интихоб менамояд.

100. Ба ҳолати корношоямӣ расонидани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат намекунанд барои аз доираи истифода ва истеъмол тамоман берун мондани он, ҳамчунин бо назардошти таъсири манфӣ нарасонидан ба саломатии одамон ва муҳити зист, ба воситаи ҳама гуна усулҳои техникии дастрас, бо риояи талаботи ҳатмии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳифзи муҳити зист, иҷозат дода мешавад.

101. Дар ҳолате, ки маҳсулоти нобудшаванда тамоман корношоям ва коркарднашаванда ҳисобида шуда, хатари пайдоишу паҳншавии бемориҳо ё заҳролудшавии одамону ҳайвонот ва ифлосшавии муҳити зистро ба миён меорад, соҳиби маҳсулоти хӯроквории ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқнабуда, тариқи хаттӣ ба мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ, ки барои нобудсозӣ ва истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯроквории ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ ҷавобгӯйнабуда, доир ба макону вақти интихобӣ, ҳамчунин тарзу шароити нобудсозӣ амрнома қабул мекунад, огоҳнома пешниҳод менамояд.

102. Маҳсулоти хӯроквории вайроншуда, ки ба саломатии одамону ҳайвонот хатарнок дониста мешавад, пеш аз нобудсозӣ ва ё дар ҷараёни нобудсозӣ тамиз (бесироят) ва безарар гардонида мешавад.

103. Ҳангоми ба партови истифодашаванда табдил додани маҳсулоти хӯроквории ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқнабуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворие, ки мӯҳлати истеъмолаш ба охир расидааст, бо амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ истеҳсолкунанда, воридсозанда ва ё фурӯшандаи маҳсулот вазифадор аст, ки ба мақомоти номбурда оиди маҳсулоти партовгардида, бо тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод намояд.

18. Талабот ба раванди истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории коркарднагардидаи аз ҳайвонот ҳосилшуда

104. Забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда дар ҷойҳои махсуси барои ин кор мувофиқ гузаронида мешавад.

105. Дар объектҳои истеҳсолие, ки забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда амалӣ карда мешавад, бояд талаботи беҳдоштӣ (гигиенӣ) ва байторию санитарӣ оиди мавҷудият ва истифодабарии объектҳои истеҳсолии (омодасозии) гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ки барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ ва ҳамчунин огоҳсозии пайдоиши хатарҳои нораво равона шудаанд, риоя гардад.

106. Забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда бо усулҳое, ки муносибати одамгаронаро ба ҳайвони маҳсулдиҳанда таъмин менамоянд, амалӣ карда мешавад.

107. Барои забҳи ҳайвоноти солими сермаҳсул ҷиҳати истифода бо мақсади ғизоӣ, аз хоҷагиҳо ва (ё) маҳаллаҳо, ки дар муносибати байторӣ раво мебошанд, иҷозат дода мешавад.

108. Барои забҳи ҳайвоноти солими сермаҳсул ҷиҳати истифода бо мақсади ғизоӣ, ки бо доруҳои зидди ҳашарот коркард шудаанд ва (ё) нисбати онҳо воситаҳои доруворӣ барои истифодаи байторӣ, ки барои фарбеҳкунонӣ, муолиҷа ва пешгирии касалиҳо пешбинишуда истифода шудаанд, то ба охир расидани мӯҳлати аз организми ҳайвоноти сермаҳсул берун шудани онҳо иҷозат дода намешавад.

109. Пеш аз забҳи ҳайвоноти солими сермаҳсул ҷиҳати истифода бо мақсади ғизоӣ нигоҳдории пешаззабҳӣ лозим аст.

110. Ҷойгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти маҳсулдиҳанда пеш аз забҳ, мувофиқи тартиби ҳатмӣ бояд бо шӯъбаи карантинӣ, изолятор ва саллоҳхонаи санитарӣ муҷаҳҳаз бошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани саллоҳхонаи санитарӣ, забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда ва ё сехҳои коркарди аввалияи маҳсулоти ҳайвонот, дар охири басти корӣ, дар сурати аз сех берун овардани ҳамаи нимтаҳо ва дигар маҳсули аз ҳайвоноти солим гирифташуда, иҷозат дода мешавад.

111. Пеш аз забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда, бевосита муоинаи байторӣ гузаронида мешавад.

112. Пас аз забҳ нимтаҳои ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва дигар маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) коркарднагардидаи ҳайвонот, ки аз забҳи ҳайвоноти наслдиҳанда ба даст омадаанд, бояд аз муоинаи баъд аз забҳӣ ва тамйизи (экспертизаи) байторию санитарӣ гузаронида шаванд.

113. Дар маҳсулоти коркарднагардидаи хӯроквории аз ҳайвоноти маҳсулдиҳанда гирифташуда, ки дар натиҷаи забҳ ба даст оварда мешавад, набояд тағйиротҳое, ки ба ҳайвоноти бемориҳои сироятидошта хос мебошанд, ба мушоҳида расад. Истифодаи чарбуи коркарднагардидаи узвҳои дохилии ҳайвонот дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва фурӯши он дар нуқтаҳои савдо манъ аст.

114. Дигар маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) аз ҳайвоноти маҳсулдиҳанда гирифташуда, ки барои истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ, ба истиснои манбаъҳои биологии обӣ, нигаронида мешаванд, бояд аз ҳайвоноти солими маҳсулдиҳандаи хоҷагиҳои зотпарварӣ (объектҳои истеҳсолӣ), ба даст оварда шаванд.

115. Манбаъҳои биологии обӣ (ҳайвонҳои обӣ) бояд аз мавзеъҳои бехатар (сайёдӣ) гирифта шаванд.

116. Талаботи иловагӣ ба равандҳои гирифтани маҳсулоти хоми хӯрокворӣ (ғизоӣ) аз ҳайвоноти ҳалоли маҳсулдиҳанда, дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки талаботро ба ин намуди маҳсулот ва ҳамчунин ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ муайян намудааст, муқаррар гардидаанд.

19. Таъмини мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи бехатарӣ

117. Мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ба Регламенти техникии мазкур бо иҷроиши талаботи бехатарии он ва иҷроиши талаботи бехатарии дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулот, таъмин мегардад.

118. Усулҳои санҷиш (ташхис) ва ченкунии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Феҳристи стандартҳо, ки қоида ва усулҳои санҷиш (ташхис) ва ченкунӣ, аз ҷумла қоидаҳои интихоби намунаҳои барои қабулу иҷроиши талаботи Регламенти техникии мазкур зарурӣ ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти хӯроквориро дар бар мегирад, муқаррар карда шудаанд.

20. Шаклҳои баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ва равандҳои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва истифодаи партовҳо

119. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории дар банди 121 нишондодашуда, ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ, бо шаклҳои зерин гузаронида мешавад:

- сертификаткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда;

- бақайдгирии давлатии намуди нави маҳсулоти хӯрокворӣ;

- гузаронидани мумайизии (экспертизаи) байторию санитарӣ.

120. Баҳодиҳии мутобиқати равандҳои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва истифодаи партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ, дар шакли назорати давлатӣ ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқарраргардида, ба истиснои равандҳои истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворие, ки дар фасли 30 нишон дода шудааст, ба амал бароварда мешавад. Баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати ин равандҳои истеҳсол (омодасозӣ) дар шакли аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолоти объектҳои истеҳсолӣ гузаронида мешавад.

121. Баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ ва маҳсулоти хӯроквории муассисаҳои хӯрокӣ (хӯроки умумӣ), ки барои ба муомилот баровардан ҳангоми хизматрасонӣ таъин шудаанд ва ҳамчунин равандҳои ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории нишондодашуда, дар шакли назорати (санҷиши) давлатӣ оид ба риояи талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, тибқи муқаррароти Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида мешавад.

21. Дархостдиҳанда ҳангоми сертификаткунонии мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ

122. Дархосткунанда ҳангоми баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, ба истиснои назорати (санҷиши) давлатӣ, метавонад мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он шахсони ҳуқуқию воқеиро ба сифати соҳибкори алоҳида, ё истеҳсолкунандаи (омодасозандаи) маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё фурӯшандаи ин маҳсулот, ё худ иҷрокунандаи вазифаи истеҳсолкунандаи хориҷӣ дар асоси шартнома бо ӯ дар қисми таъминоти мутобиқати маҳсулоти хӯроквории воридшаванда, тибқи муқаррароти Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шаванд.

123. Дархосткунанда ӯҳдадор аст, мутобиқати маҳсулоти хӯроквориро бо талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои он татбиқ карда намешавад, таъмин намояд.

22. Сертификаткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ

124. Маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи ёрирасон барои истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ, ки ба замимаи 3 Регламенти техникии мазкур дохил шудаанд, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории коркарднагардидаи аз организми ҳайвонот истеҳсолшуда ва маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ сертификат кунонида мешаванд.

125. Сертификаткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти сертификатсия, ки доираи ваколаташ ба сертификаткунонии намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронида шудааст, дар асоси шартнома ва дархости байни дархосткунанда ва мақомоти сертификаткунонӣ амалӣ карда мешавад.

126. Сертификаткунонии ҳар як қисми (партияи) маҳсулоти хӯрокворӣ дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад.

127. Тартиби амалӣ намудани сертификаткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:

- пешниҳод намудани дархост;

- интихоби намунаҳо ва ҳаммонандсозии маҳсулот;

- гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи санҷишӣ;

- ҷамъбасти натиҷаҳои ташхис ва қарор қабул намудан дар бораи додани (дар бораи рад намудани) сертификати мутобиқат ба дархостдиҳанда;

- амалӣ намудани санҷиши назоратии маҳсулоти сертификатсияшаванда мутобиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани чорабиниҳои ислоҳотӣ дар ҳолати мутобиқат накардани маҳсулот ба талаботи муқарраршуда ва истифодаи нодурусти нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

128. Эътибори сертификати мутобиқат ба маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад аз тарафи мақомоти сертификаткунонӣ, дар сурати мутобиқат накардани маҳсулот ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур, ки дар натиҷаи назорати санҷишӣ бо қарори мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, қатъ ва ё муваққатан боздошт карда шавад.

129. Дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбати қарори мақомоти сертификаткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо тартиботи судӣ шикоят намояд.

23. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда

130. Маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад. Ба маҳсулоти хӯроквории маҳсусгардонидашуда дохил мешаванд:

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои кӯдакон, аз ҷумла оби нӯшокӣ барои ғизои кӯдакон;

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои парҳезии табобатӣ ва парҳезии профилактикӣ;

- обҳои маъдании табиӣ, табобатӣ-ошхонавӣ, табобатии маъданӣ бо минералкунонии зиёда аз 1 мг/дм3 ва ё минералкунонии камтар, ки дорои моддаҳои фаъоли биологии на камтар аз ҳадди балнеологӣ мебошанд;

- маҳсулоти хӯрокворӣ барои ғизои варзишгарон, занҳои ҳомила ва ширмаккон;

- иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо.

131. Маҳсулоти хӯрокворие, ки дар банди 130 дарҷ ёфтааст, барои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол) ва фурӯш, пас аз гузаштани қайди давлатӣ, мутобиқи муқаррароти Регламенти техникии мазкур, иҷозат дода мешавад.

132. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда дар марҳилаи омодасозии маҳсулот ба истеҳсол (омодасозӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, қайди маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашудаи воридотӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то ворид гардидани он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

133. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда аз тарафи мақомоти ваколатдор оиди бақайдгирии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда амалӣ карда мешавад.

134. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда бемӯҳлат мебошад.

135. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда метавонад аз тарафи мақомоти сертификаткунонӣ, дар ҳолати мутобиқат накардани маҳсулот ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур, ки дар натиҷаи санҷиши назоратӣ муайян гардидааст, ё бо қарори мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ ва ё муваққатан боз дошта мешавад.

136. Дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбати қарори мақомоти ваколатдори бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда бо тартиботи судӣ шикоят намояд.

24. Тартиби бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда

137. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда омилҳои зеринро дар бар мегирад:

- баррасии ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи дархосткунанда пешниҳод гардида, бехатарии ин маҳсулот ва мутобиқати онро ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ мешавад, тасдиқ менамоянд;

- ворид намудани маълумот дар бораи номгӯйи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ва дархосткунандаи он дар феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ё ба дархостдиҳанда равон кардани қарор дар бораи рад шудани бақайдгирии давлатӣ.

138. Барои аз қайди давлатӣ гузаронидани маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, дархосткунанда ба мақомоти ваколатдор оиди бақайдгирии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- дархост дар бораи гузаронидани қайди давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда бо нишондоди номгӯйи он, ному насаби дархостдиҳанда, суроғаи ҷойи зисти ӯ (барои дархостдиҳандашахси ҳуқуқӣ), ҳамчунин ному насаб, суроғаи макони зист, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (барои дархостдиҳанда - соҳибкори инфиродӣ);

- натиҷаи санҷиши (ташхиси) намунаҳои маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, ки дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи санҷишӣ ба даст оварда шудаанд, ҳамчунин (ё) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати ин маҳсулот ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои он татбиқ карда мешавад;

- маълумот дар бораи муайянсозии таъиноти маҳсулоти хӯрокворӣ.

139 Ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда пешниҳод мегарданд, мувофиқи тавсиф қабул карда мешаванд ва нусхаи ин ҳуҷҷатҳо бо дарҷи санаи қабул ба дархостдиҳанда ирсол мегардад.

140. Дархост барои аз қайди давлатии гузаронидани маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, метавонад ба мақомоти ваколатдори гузаронидани қайди давлатӣ оид ба қайди маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ба воситаи шуъбаи алоқа бо замимаҳо ва хабарнома оиди супоридани ҳуҷҷатҳо ва ё дар шакли электронӣ бо тасдиқи имзои электронӣ, мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

141. Баррасии ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани қайди давлатӣ ба мақомоти ваколатдори гузаронидани қайди давлатӣ пешниҳодшуда, дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули дархост, якҷоя бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

142. Далели бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, ворид намудани маълумот оиди ин маҳсулот ба феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, дар мӯҳлати 3 рӯз, пас аз ба охир расидани баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз тарафи мақомоти ваколатдор оиди бақайдгирии давлати маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад.

143. Дар раванди бақайдгирии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда дар ҳолатҳои зерин мумкин аст рад карда шавад:

1) нопуррагӣ ва ё хато будани номгӯйи ҳуҷҷатҳои дар банди 138 нишондодашудае, ки аз тарафи дархостдиҳанда пешниҳод гардидаанд;

2) мутобиқат накардани маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ба талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои ин маҳсулот татбиқ мешавад, аз ҷумла дар қисми ба иштибоҳ наовардани истеъмолкунанда.

144. Қарор дар бораи рад намудан, дар шакли хаттӣ ё дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, бо сабабҳои асоснокшудаи радкунӣ, дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ ба дархостдиҳанда фиристонида мешавад.

145. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад, ки нисбати қарори мақомоти ваколатдори бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда доир ба раддияи бақайдгирии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда бо тартибӣ судӣ шикоят намояд.

25. Феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда

146. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда дар феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда дохил карда мешавад.

147. Ба феҳристи ягонаи бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда маълумоти зерин дохил карда мешавад:

- ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном, номи падар, суроғаи бақайдгирӣ, маълумотҳои ҳуҷҷате, ки шахсияти соҳибкори инфиродиро, ки истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашударо ба роҳ мемонад;

- номгӯйи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда;

- маълумот дар бораи мансубияти маҳсулоти истеҳсолгардида ба маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда;

- санаи бақайдгирӣ ва рақами қарор дар бораи қайди давлатӣ;

- номгӯй ва макони ҷойгиршавии мақомоти ваколатдори бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда, ки бақайдгирии давлатиро ба роҳ мондааст.

148. Дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидае, ки барои бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда пешниҳод мегарданд, фонди маълумотдиҳии феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашударо ташкил дода, дар мақомоти ваколатдор оиди бақайдгирии давлатии маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.

149. Феҳристи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашудае, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, дар шакли электронии маъхази маълумотҳо, ки аз вайроншавӣ ва дастрасии ғайрирасмӣ ҳифз карда мешаванд, пеш бурда мешавад.

150. Маълумот дар бораи ин номгӯйи ягонаи маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда ба ҳама дастрас буда, ҳамарӯза дар сервери ҷустуҷӯии махсусгардонидашудаи таҷдидшаванда дар шабакаи Интернет ҷой дода мешавад.

26. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ

151. Намудҳои нави маҳсулоти хурокворӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

152. Ба намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ маҳсулоти хӯрокворие, ки бо технологияҳои маълум ва алакай истифода шаванда, ки дар таркиби худ компонентҳо аз ҷумла иловагиҳои ғизоӣ, ки алакай барои истеъмоли одам дар ғизо истифода мешаванд ҳато дар ҳолате, ки агар чунин маҳсулот ва компонент тибқи дастурҳои нав истеҳсол шуда бошад, дохил намешаванд.

153. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дар марҳилаи тайёр намудани он ба истеҳсолот (омодасозӣ) бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳсулоти хуроквории ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шаванда - то ворид намудани он бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

154. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оиди ба қайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида мешавад.

155. Далели бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ чунин мефаҳмонад, ки минбаъд маҳсулоти хӯроквории ба он монанад ҳамчун намуди нави маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ карда намешаванд ва ин дархостдиҳанда ва чунин номгӯй ба қайди давлатӣ гирифта намешавад.

156. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ бе мӯҳлат мебошад.

157. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи тартиби муқараршудаи Регламенти техники мазкур ба баҳодиҳии(тасдиқи) ҳатмии мутобиқат мансуб мебошад.

158. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад аз тарафи мақомоти ваколатдор оиди ба қайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолати расонидани зарар, ки дар натиҷаи назорати (санҷиши) давлатӣ ошкор шудааст, мутобиқи қарори мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қатъ ё боз дошта шавад.

27. Тартиби бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ

159. Бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:

- баррасии ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи дархостдиҳанда пешниҳод шудаанд ва бехатирии ин маҳсулотро барои ҳаёт ва саломатии одам тасдиқ менамоянд;

- дохил намудани маълумот дар бораи нмудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дар феҳристи ягонаи намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ё қарор дар бораи рад намудани бақайдгирии давлатӣ ба дархостдиҳанда.

160. Барои бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дархостиҳанда ба мақоми ваколатдор оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

а) дархост барои гузаронидани бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ бо нишондоди номгӯйи он, номи дархостдиҳанда ва ҷойи воқеъшавии он (барои дархостдиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ), ному насаби дархостиҳанда суроғаи он, ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаи шахсият (барои дархостдиҳанда - соҳибкори инфиродӣ) ;

б) ҳуҷҷатҳо:

- натиҷаи санҷиш (ташхис)-и намунаҳои намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар озмоишгоҳи санҷишии аккредитатсияшуда гузаронида шудаанд ва ҳамчунин (ё) ҳуҷатҳое, ки бехатарии онро барои ҳаёт ва саломатии одамон тасдиқ менамоянд.

- маълумот дар бораи таъсири он ба ҷисми одам, ки мавҷуд надоштани таъсироти зарароварро ба одамон аз ин маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз ҳама гуна манбаҳои боэътимод гирифта шудаанд;

161. Ҳуҷҷатҳое, ки ба мақоми вакрлатдор оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод шудаанд, аз рӯйи тавсиф қабул карда мешавад, ки нусхаи он бо сабти дар бораи санаи қабули онҳо ба дархостдиҳанда фиристонида (дода) мешавад.

162. Дархост барои гузаронидани бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳуҷатҳои ба он илова шуда мумкин аст ҳамчунин ба мақоми ваколатдор оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ба воситаи почта бо ҳамроҳии тавсифи замимашуда ва хабарнома дар бораи додан ё шакли электронии ҳуҷҷат, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронӣ тасдиқ шудааст, ирсол карда мешавад.

163. Баррасӣ аз тарафи мақомот оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои бақайдгирии ҳуҷҷатҳо пешниҳод шудааст, дар мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯз аз рӯзи гирифтани дархост бо ҳамаи ҳуҷатҳои зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

164. Дар ҳолатҳои зерин бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ рад карда мешавад:

- нопуррагӣ ё нодурустии ҳуҷҷатҳои аз тарафи дархостдиҳанда пешниҳод шуда, ки дар банди 160 муқаррар шудаанд;

- номутобиқатии маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва (ё) регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои маҳсулоти хӯрокворӣ татбиқ карда мешаванд;

- ҷой доштани таъсири номатлуби исботшуда ба ҷисми инсон.

165. Қарор дар бораи рад намудан дар шакли хаттӣ ё дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо асосноккунии сабабҳои радкунӣ дар мӯҳлати се рӯзи корӣ ба дархостдиҳанда фиристонида мешавад.

166. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад ба қарори мақоми ваколатдор оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дар бораи радкунӣ барои бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ба мақоми судӣ шикоят намояд.

28. Феҳристи ягонаи намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ

167. Маълумот дар бораи бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дар феҳристи ягонаи намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ дохил карда мешавад.

168. Дар феҳристи ягонаи намудҳои нави маҳсулоти ҳӯрокворӣ маълумотҳои зерин дохил карда мешавад:

- тавсифи намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ;

- сана ва рақами қарор дар бораи бақайдгирии давлатӣ.

169. Дархосте, ки барои гузаронидани бақайдгирии давлатии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод шудааст ва ҳуҷҷатҳои ба он иловашуда фонди итилоотиро ташкил медиҳанд ва дар мақоми ваколатдор оиди бақайдгирии намудҳои нави маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври доимӣ ҳифз карда мешавад.

170. Феҳристи ягонаи намуди нави маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба маъхази маълумотҳо дар шакли электронӣ, ки аз вайроншави ва дастрасии ғайрирасмӣ ҳифз шудаанд, дохил карда мешавад.

171. Маълумоти феҳристи ягонаи намудҳои нави маҳсулоти нави хӯроквории дастраси умумбуда, дар шабакаи интернетии мунтазам таҷдидшавандаи махсус ҷой дода мешавад.

29. Экспертизаи байторӣ-беҳдоштӣ (санитарӣ)

172. Маҳсулоти хӯроквории коркарднашуда, ки аз ҳайвонот ҳосилшудааст пеш аз бо муомилот баровардан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин дар регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯроквории коркарднашуда муқаррар нашуда бошад, ба экспертизаи байторӣ-санитарӣ мансуб мебошад ва бо ҳуҷҷате, ки дорои маълумоти тасдиқкунандаи бехатарии он аст, ҳамроҳ карда мешавад.

173. Маҳсулоти хӯроквории коркардшудаи аз ҳайвонот истеҳслошуда ба экспертизаи байторӣ - санитарӣ мансуб нест.

174. Дар шакли экспертизаи байторӣ - санитарӣ баҳодии мутобиқати маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатии аз ҳайвонот гирифташуда ба талаботе, ки дар Регламенти техники мазкур ва (ё) регламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар шудаанд, гузаронидан мумкин аст.

175. Экспертизаи байторӣ - санитарии маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи ҳайвонот бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

- муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ва талаботҳои бехатарии ба он алоқаманд дар раванди истеҳсолот (тайёркунӣ) нигоҳдорӣ, интиқол, фуруш ва коркарди партовҳо ба талаботе, ки дар Регламенти техники мазкур ва (ё) регламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ;

- муқаррар намудани беҳбудӣ дар муносибатҳои байтории хоҷагиҳо (обектҳои истеҳсолӣ) оид ба парвариши ҳайвонот.

176. Гузаронидани экспертизаи байторӣ - санитарӣ ва барасмиятдарории натиҷаҳои он мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

30. Объектҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворие, ки ба аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолот мансубанд

177. Аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолот ба он объектҳои истеҳсолие дахл дорад, ки фаъолияташон ба ҳосил кардан ва коркарди маҳсулоти хоми хӯроквории (ғизоии) коркарднагардидаи аз ҳайвонот гирифташуда, махсусан равандҳои зерини истеҳсоли (омодасозии) маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронида шудааст:

- забҳи ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва паррандагон, аз нав коркард намудан (коркарди) маҳсулоти аз забҳи ҳайвоноту паррандагон бадастомада;

- қабули шири равғандор, саршир ва шири беравған ва (ё) аз нав коркард намудан (коркарди) онҳо;

- истеҳсол (омодасозӣ) ва аз нав коркард намудани (коркарди) тухми мурғи хоҷагии паррандапарварӣ;

- истеҳсол (омодасозӣ) ва аз нав коркард намудани (коркарди) маҳсулоти ҳайвонҳои обӣ ва сайди манбаъҳои биологии обӣ (объектҳои шикори ғайримоҳӣ), ба истиснои маҳсулоти набототӣ.

31. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур

178. Санҷиши (назорати) давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур вобаста ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва талаботи ба он алоқамандбудаи равандҳои истеҳсол (омодасозӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва пасмондасозӣ, мутобиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

32. Талабот ба тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ

179. Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқарраркунандаи талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми тамғагузории он ва инчунин мутобиқ ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ҷавобгӯй бошад.

180. Маҳсулоти хӯрокворие, ки аз баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқат гузаштааст, бояд бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ шавад, агар дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррароти дигар набошад, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад ва дар муассисаҳои хӯроки умумӣ фурӯхта мешавад.

181. Тамғагузорӣ бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникӣ барои маҳсулоти хӯроквории бастабандинашуда, ба ҳуҷҷати ҳамроҳбудаи маҳсулоти хӯрокворӣ насб карда мешавад, агар дар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои якхелаи маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррароти дигар набошад.

33. Муқаррароти хотимавӣ

182. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Регламенти техникии мазкурро риоя намекунанд, мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

34. Тартиби мавриди амал қарор додани Регламенти техникии мазкур

183. Регламенти техникии мазкур пас аз гузаштани шаш моҳ аз рӯзи тасдиқи он мавриди амал қарор дода мешавад.

Замимаи 1

Замимаи 2

Замимаи 3

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2016, № 190

тасдиқ шудааст

РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ "БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРӢ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 325)

- равғани растанӣ - равғани пахта, кунҷид ва нахл, ба истиснои ғизоҳои табобатии F-75, F-100 ва ғизои табобатии омодаи истеъмол (BP-100) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 325);