Қарори Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, № 507 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сархати нуздаҳуми банди 38 Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190 «Дар бораи регламентҳои техникии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- равғани растанӣ - равғани пахта, кунҷид ва нахл, ба истиснои ғизоҳои табобатии Ф-75, Ф-100, ғизои табобатию профилактикии омодаи истеъмол (БП-100) ва равғани нахли баландсифат дар таркиби ширҳои омехтаи мутобиқкардашуда ва маҳсулоти озуқавории махсусгардонидашуда (омехтаи махсусгардонидашуда) барои кӯдакони хурдсол;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 507



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2016 года, №190

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Девятнадцатый абзац пункта 38 Технического регламента «Безопастность пищевой продукции», утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2016 года, №190 «О технических регламентах безопасности пищевой продукции, безопасности мяса и мясной продукции, безопасности молока и молочной продукции», изложить в следующей редакции:

«- растительное масло - хлопковое, кунжутное и пальмовое масло, за исключением лечебных продуктов Ф-75, Ф-100, готовых к употреблению лечебных профилактических продуктов питания (БП-100) и высококачественного пальмового масла в составе адаптированных молочных смесей и специализированных продуктов питания (специализированных смесей) для детей раннего возраста;».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 сентября 2025 года №507