Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1276 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2015, № 281

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2015, № 281

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 173

ҷонибдорӣ гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 173

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1230; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1231), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

...

1. Ба қисми 3 моддаи 16 пас аз калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 27(1):

- ба номи модда пас аз калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҳуқуқу имкониятҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда истифода мебарад.".

3. Ба банди а) қисми 1 моддаи 29 пас аз калимаҳои "Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1276