Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 аз 13 январи соли 2016 № 4

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "13" январи соли 2016 № 4

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "13" январи соли 2016 № 4

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018

1. Пешгуфтор

Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали Истиқлолият ифодагари ифтихори миллӣ ва шукргузор аз истиқлолияти давлат мебошад.

Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон - дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 қайд гардидааст, ки Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд".

Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Дар давоми 24 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кӯтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Точикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии рушди иҷтимоци ҷавонон қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ як қатор қонунҳо, консепсияҳо ва барномаҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қабул ва амалӣ мегарданд, ки бевосита ё бавосита барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамоянд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Дар ин росто, қабул гардидани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 (минбаъд - Барнома) тақозои ҷомеа буда, идомаи тадбирҳои Ҳукумати кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 13 января 2016 года, № 4

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 13 января 2016 года, № 4

Национальная программа социального развития молодёжи в Республике Таджикистан на 2016-2018 годы

1.Предисловие

Таджикистан, с точки зрения населения является одним из молодых государств мира. Эта передовая сила общества с первых лет независимости стала выражением национальной гордости и благодарности за независимость государства.

Будущее нашего государства и нации принадлежит молодому поколению. Именно молодёжь среди других слоев населения является более активной, а также надеждой и опорой государства.

В Послании Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона, Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 января 2015 года подчёркивается: "Правительство всегда опирается на молодёжь, продолжая проявлять заботу по отношению к молодёжи и подрастающему поколению, которое является мощью государства, защищает границы Таджикистана и делает страну процветающей и красивой, поднимая ещё выше её древнее призвание".

Действительно, уровень развития и влияния каждой страны на международной арене, прежде всего зависит от политического и культурного просвещения, знаний и квалификации молодёжи, её целей и задачи по отношению к построению демократического, правового и светского государства.

В течение 24 лет государственной независимости Правительство Республики Таджикистан с целью повышения роли молодёжи в обществе, активного ее участия в социальной и экономической жизни страны, предпринимает практические меры. За короткое время относительно защиты прав молодёжи в решении наиболее важных вопросов жизни молодёжи, также эффективной реализации государственной молодёжной политики, был принят ряд нормативных правовых актов, в том числе Закон Республики Таджикистан "О молодёжи и государственной молодёжной политике", Национальная концепция молодёжной политики Таджикистана, Стратегия государственной молодёжной политики в Республике Таджикистан до 2020 года, Государственная программа патриотического воспитания молодёжи в Республике Таджикистан, Программа развития здоровья молодёжи в Республике Таджикистан, Национальная программа социального развития молодёжи, реализация которых способствует повышению роли молодёжи в жизни общества.

Наряду с отраслевыми нормативными правовыми актами принимается ряд законов, концепций и программ в социальной и экономической сфере, которые прямо или косвенно способствуют реализации государственной молодёжной политики. Принятие законов Республики Таджикистан "О регулировании национальных традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан" и "Об ответственности родителей за воспитание и образование детей" является явным примером вышесказанного.

Следовательно, принятие Национальной программы социального развития молодёжи в Республике Таджикистан на 2016-2018 годы (далее - Программа) является требованием общества и продолжением мер Правительства страны.

Несомненно Правительство Республики Таджикистан всё больше проявляет заботу и внимание по отношению к молодёжи. Так как во время столкновений цивилизаций, противодействий и призывов в современном мире, молодёжь является единственным непоколебимым способом и богатством, которое может достигнуть успеха в процессе своего развития.

...