Низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015 № 699

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 ноябри соли 2015, № 699

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 ноябри соли 2015, № 699

тасдиқ шудааст

Низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи қоида ва шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки дар шаҳри Гаага 5 октябри соли 1961 ба имзо расидааст (минбаъд - Конвенсия), таҳия гардидааст. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузоштани апостилро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуқуқи гузоштани апостилро дар ҳуҷҷатҳои расмии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда, муайян менамояд.

2. Мақсад аз расмиёти гузоштани апостил таъмин намудани кафолати ҳақиқӣ будан ва дуруст ба расмият дароварда шудани ҳуҷҷатҳои апостил гузошташаванда мебошад, ки барои пешниҳод дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Конвенсия пешбинӣ гардидаанд.

3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода мешаванд:

апостил - апостиле, ки дар шакли чопӣ дода шуда, бо мӯҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор ва бо рамзи низоми Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил тасдиқ карда шудааст;

апостилгузорӣ - тасдиқи аслӣ будани имзо, мӯҳр ё штампи нусхаи аслии ҳуҷҷат бо роҳи гузоштани апостил. Гузоштани апостил тавассути чопи он бо мӯҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор бо гузоштани рамзи низоми Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил сурат мегирад;

мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти давлатие, ки дорои ҳуқуқи гузоштани апостил мебошанд;

ҳуҷҷати расмӣ - ҳуҷҷате (нусхаи асл ё нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудае), ки аз ҷониби мақом, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи ваколаташ таҳия гардида, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст;

Феҳристи намунаи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳомахзани

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 27 ноября 2015 года, №699

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 27 ноября 2015 года, №699

Положение о единых правилах и условиях проставления апостиля на официальных документах государственных органов Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о единых правилах и условиях проставления апостиля на официальных документах государственных органов Республики Таджикистан (далее - Положение) разработано в целях реализации Конвенции, отменяющей требование легализации иностранных официальных документов, совершенной в Гааге от 5 октября 1961 года (далее - Конвенция). Настоящее Положение определяет порядок и условия проставления апостиля уполномоченными государственными органами, наделенными правом проставления апостиля на официальных документах, совершенных на территории Республики Таджикистан.

2. Целью процедуры проставления апостиля является обеспечение гарантии подлинности и надлежащего оформления апостилируемых документов, предназначенных для представления на территории стран-участниц Конвенции.

3. Основные понятия, используемые в настоящем Положении:

апостиль - апостиль, выданный в распечатанном формате, скрепленный печатью и подписью должностного лица уполномоченного органа с уникально сгенерированным номером системы единого реестра учета Апостилей;

апостилирование - удостоверение подлинности подписи, печати или штампа оригинала документа путем проставления апостиля. Проставление апостиля осуществляется путем его распечатывания с печатью и подписью должностного лица уполномоченного органа с присвоением уникально сгенерированного номера системы единого реестра учета Апостилей;

уполномоченные государственные органы - государственные органы, обладающие правом проставления апостиля;

официальный документ - документ (оригинал или нотариально удостоверенная копия) созданный органом, организацией, должностным лицом в пределах своих полномочий и оформленный в установленном порядке;

Реестр образцов подписей, оттисков штампов и печатей - электронная база образцов подписей, оттисков штампов и печатей органов государственной власти Республики Таджикистан и организаций, выдающих официальные документы, подлежащие апостилированию;

...