Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд аз 2 ноябри соли 2015 № 646

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.03.2019, № 129 аз  эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2015, № 646

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд (минбаъд - Тартиб) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" таҳия шудааст.

2. Тартиби мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифшо ва иҷро намудани рӯйхати шахсонеро, ки дар бораи онҳо оид ба даст доштан дар амалҳои террористӣ ва маблағгузории терроризм маълумот мавҷуд аст, расмиёти иҷрои конвенсияҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд - ША СММ) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро муайян ва ӯҳдадории Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ ва дигар ташкилотҳои давлатии дахлдор, инчунин ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт гузаронида, маълумот пешниҳод мекунанд (минбаъд - ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда), муқаррар менамояд.

3. Мафҳумҳое, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

- қатъномаҳои ША СММ - қатъномаҳои ША СММ №1267 (1999) аз 15 октябри соли 1999, №1333 (2000) аз 19 декабри соли 2000, №1373 (2001) аз 28 сентябри соли 2001, №1390 (2002) аз 16 январи соли 2002, №1452 (2002) аз 20 декабри соли 2002, №1617 (2005) аз 29 июли соли 2005, №1988 (2011) аз 17 июни соли 2011, №1989 (2011) аз 17 июни соли 2011, №2161(2014), №2170 (2014), №2178(2014), №2199(2015) ва дигар қатъномаҳое, ки доир ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм қабул гардидаанд;

- Кумита оид ба қатъномаи №1267 - Кумитаи ША СММ, ки дар асоси банди 6 қатъномаи ША СММ №1267 (1999) аз 15 октябри соли 1999 оид ба гурӯҳи террористии Ал-Қоида таъсис ёфтааст;

- Кумита оид ба қатъномаи №1988 - Кумитаи ША СММ, ки дар асоси банди 30 қатъномаи ША СММ №1988 (2011) аз 17 июни соли 2011 оид ба гурӯҳи террористии Толибон таъсис ёфтааст;

- кумитаҳо - Кумита оид ба қатъномаи №1267 ва Кумита оид ба қатъномаи №1988;

- рӯйхати муттаҳид - рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо Усомма Бинни Лодан алоқаманд буданд, аз ҷумла онҳое, ки ба ташкилоти "Ал-Қоида" ва ҷунбиши "Толибон" шомиланд, одамон, гурӯҳҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита бо ташкилоти "Ал-Қоида", ҷунбиши "Толибон" ДИИШ (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) ва ҶАН (Ҷабҳат "Ан-Нусра") алоқамандӣ доранд, инчунин дигар нафароне, ки бевосита ё бавосита мутобиқи Қатъномаҳои №1267 (1999), №1333 (2000), №1373 (2001), №1988 (2011), №1989 (2011) №2161 (2014),№2170 (2014), №2178 (2014), № 2199 (2015) ва дигар қатъномаҳо ба фаъолияти террористӣ алоқаманд ҳастанд;

- рӯйхати миллӣ - рӯйхати шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқие, ки дар терроризм иштирок менамоянд ё амалҳои террористиро анҷом медиҳанд ё барои анҷом додани онҳо кӯшиш мекунанд ё дар анҷом додани амалҳои террористӣ иштирок мекунанд ё дар анҷом додани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд ё бар зидди давлати дигар барои анҷом додани амали террористӣ омодагӣ мебинанд, инчунин ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита моликият ё зери назорати чунин шахсон мебошанд, инчунин шахсон ва ташкилотҳое, ки аз ном ё бо супориши чунин шахсон ё ташкилот фаъолият намуда, бевосита ё бавосита дар ихтиёр ё зери назорати чунин шахсон ё ташкилотҳои бо онҳо алоқаманд қарор доранд. Ин рӯйхат аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КДАМ) тартиб дода мешавад;

- рӯйхати байналмилалӣ - рӯйхати шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқие, ки дар терроризм иштирок менамоянд ё амалҳои террористиро анҷом медиҳанд ё кӯшиш менамоянд, ки анҷом диҳанд ё дар анҷом додани амалҳои террористӣ иштирок мекунанд ё дар анҷом додани онҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ мусоидат мекунанд, инчунин ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита моликият ё таҳти назорати ин шахсон мебошанд, инчунин шахсон ва ташкилотҳое, ки аз ном ё бо супориши чунин шахсон ё ташкилот фаъолият намуда, бевосита ё бавосита дар ихтиёр ё зери назорати чунин шахсон ва ё ташкилотҳои бо онҳо алоқаманд қарор доранд. Ин рӯйхат аз ҷониби мақоми салоҳиятдор ё шахсони мансабдори давлати хориҷӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад;

- ҳамаи рӯйхатҳо - рӯйхати муттаҳид, миллӣ ва рӯйхати байналмилалӣ;

- маблағгузории терроризм (фаъолияти террористӣ) - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ё бо дарки он, ки ин маблағҳо аз тарафи террорист, ташкилоти террористӣ, инчунин барои ташкил, тайёр ва содир намудани амалҳои террористии дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд, инчунин агар ин маблағҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо амали (амалҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад;

- ташкилотҳои маълумотдиҳанда - ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд. Дар ин асос ҳар кадом ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд шахсони маълумотдиҳанда ба ҳисоб мераванд;

- амвол (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолҳои почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо;

- сомона - сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор бо суроғаи: www.nbt.tj; http//nbt.tj;

- Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон - Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон мутобиқи банди 20 Қатъномаи ША СММ №1904 (2009) аз 17 декабри соли 2009 таъсис ёфта, барои баррасии дархостҳо дар бораи аз Феҳристи гурӯҳи террористии Ал-Қоида баровардан мусоидат менамояд ва дар суроғаи: Room ТВ - 804 1D, United Nations, New York, NY 10017, United States of America, Office of the Ombudsperson, Теl:+1 212 963 2671, Ғах:+1212 963 1300/3778, Е-mail: ombudsperson@un.org ҷойгир шудааст.

4. Дигар мафҳумҳо дар ин Тартиб мутобиқи мафҳумҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" дарҷ гардидаанд, истифода мешаванд.

2. Ҳамкории мақоми ваколатдор бо дигар мақомоти (ташкилотҳои) давлатӣ

5. Мақоми ваколатдор мунтазам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ва дигар шахсони ҳавасманд оид ба Конвенсияҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои ША СММ дар хусуси муқовимат ба маблағгузории терроризм, ки иҷрои онҳо барои ба роҳ мондани низоми босамари миллии муқовимат ба терроризм талаб карда мешавад, маълумот медиҳад. Вобаста ба ин мақоми ваколатдор ҳамарӯза дар сомонаи худ нашри ҳама гуна маълумотро оид ба тағйроти заминаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм ба роҳ мемонад.

6. Ҳамаи рӯйхатҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ва дигар ашхосе, ки ӯҳдадоранд тибқи салоҳияти худ барои муқовимат ба маблағгузории терроризм чораҳо андешанд, дар сомона дарҷ мегардад.

7. Рӯйхати муттахид, ки аз манбаъҳои расмии ША СММ дастрас мегардад, фавран дар сомона бо таври мустақим гузошта мешавад ва Рӯйхати хориҷӣ, ки бо роҳҳои дипломатӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ВКХ) ва инчунин Рӯйхати миллӣ, ки аз ҷониби КДАМ ворид мегардад, на дертар аз рӯзи дигари корӣ дар сомона гузошта мешавад.

3. Масъулияти ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда

8. Ҳар як ташкилоти ҳисоботдиҳанда корманди масъули худро оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм таъин менамояд, инчунин кормандеро таъин менамояд, ки дар вақти набудани корманди масъул ӯро иваз кунад. Ба номи корманди масъули ташкилоти ҳисоботдиҳанда ва шахси ӯро ивазкунанда суроғаи электронӣ дар сомона таъсис мешавад, ки ба он Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маълумотҳои хаттӣ ва дигар маводҳоро барои баррасӣ ва истифода намудани рӯйхатҳои дар таҳрири нав нашршударо ҳангоми ҳар бор ба онҳо ворид кардани тағйиру иловаҳо ирсол менамояд.

9. Корманди масъули ташкилоти ҳисоботдиҳанда ҳар рӯзи корӣ ба сомона ворид шуда, ҳамаи рӯйхати навшударо омӯхта, инчунин бо мундариҷаи қуттии почтаи дар сомона буда шинос мешавад.

10. Корманди масъули ташкилоти ҳисоботдиҳанда ҳамаи рӯихатҳои навшударо чоп намуда, онҳоро ба ҳамаи кормандони ташкилот, ки бевосита бо муштариён кор мекунанд (робита доранд) барои ба маълумот гирифтан ва истифода бурдан ирсол менамояд. Ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳангоми чораҷӯӣ бо мақсади тафтиши лозимии муштарӣ) ва анҷом додани аҳд/амалиёт ӯҳдадоранд ҷой доштан ё надоштани чунин шахсонро дар рӯйхатҳо санҷиш намоянд. Ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда инчунин бояд мунтазам мониторинги пойгоҳи маълумотиро бо шахсони дар рӯйхатҳо дарҷгардида ба роҳ монанд.

4. Манъ кардани маблағҳо ва дороиҳои шахсоне, ки ба Рӯйхати муттаҳид дохил шудаанд

11. Ташкилоти ҳисоботдиҳанда ӯҳдадор аст фавран ва бемӯҳлат маблағҳо ва дигар захираҳои молиявӣ (интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ё гардиши маблағҳо ё дигар амвол), аз ҷумла воситаҳои ба туфайли амвол гирифташаванда ё ҳосилшавандаи дар ихтиёри худ ё якҷоябуда ё таҳти назорати бевосита ё бавоситаи шахсони дар Рӯйхати муттаҳид ё ҳар гуна шахси ҳуқуқӣ қарордоштаро, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати ин шахсон мебошанд ва дилхоҳ шахс, ки аз ном ва бо супориши чунин шахс фаъолият мекунад тавре дар қатъномаҳои ША СММ №1267 (1999), №1373 (2001) №2161 (2014) ва №2170 (2014) муқаррар шудааст, манъ намоянд ва дар пайи таъмини он бошанд, ки на ин ва на дигар воситаю захираҳои молиявии ин тарз муқарраршуда ба шахсон, резидентҳо ва ғайри резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ҷониби шахсони дар Рӯйхати муттаҳид ва дилхоҳ шахс, ки аз ном ва бо фармоиши чунин шахс фаъолият мекунад зикршуда ё ҳар гуна шахси ҳуқуқие, ки дар тобеияти ё назорати бевосита ё бавоситаи шахсони дар Рӯйхати зикршуда қарор дорад, пешниҳод нагарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки он метавонад аз ҷониби Кумитаи дахлдор бо тартиби алоҳида дар асоси талаботи гуманитарӣ иҷозат дода шавад.

12. Ташкилоти ҳисоботдиҳанда дар давоми 6 соат аз вақти манъи ҳамаи дороиҳо ва дигар захираҳои молиявӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба мақоми ваколатдор ва КДАМ маълумот ирсол намояд.

13. Ҳар гуна шахс (шахсон), гурӯҳҳо, муассиса ва/ё ташкилотҳое, ки дороии онҳо бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои маблағгузории фаъолияти террористӣ манъ шудааст, метавонанд бо дархост оид ба бекор кардани манъи воситаҳо тибқи тартиби зайл муроҷиат намоянд:

а) барои пӯшонидани хароҷоти асосӣ, аз ҷумла пардохти маҳсулоти хӯрока, иҷора ё қарзи ипотекӣ, доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ, андозҳо, пардохтҳои суғурта, иҷтимоӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, ё танҳо барои пардохти музди хизматрасонии касбӣ бо меъёрҳои мувофиқ ва пӯшонидани хароҷоти бо хизматрасонии ҳуқуқӣ алоқаманд ё ҷамъоварӣ ё пардохти нигаҳдорӣ ё хизматрасонии дороиҳои бандшуда ё дигар дороиҳои молиявӣ ё захираҳои иқтисодӣ зарур мебошанд, баъди хабардор кардан дар муддати 10 рӯз аз тарафи ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди зарурат тибқи қатъномаҳои 1267 (с.1999), 1373 (с.2001) ва 1452 (с.2002) дар бораи тасмими иҷозат додани дастрасӣ ба ин воситаҳо, дороиҳо ё захираҳо ва дар ҳолати набудани қарори манфии Кумитаи дахлдор;

б) барои пӯшонидани хароҷоти фавқулодда зарур мебошанд, ба шарте ки чунин муқаррарот аз ҷониби ВКХ ба маълумоти Кумитаи дахлдор расонида шуда, аз ҷониби Кумитаи дахлдор тасдиқ гардад.

14. Ҳамчунин барои пур кардани ҳисобҳое, ки таҳти банди 4(6) Қатъномаи ША СММ №1267 (1999), бандҳои 1 ва 2 (а) Қатъномаи ША СММ №1390 (2002), банди 1 (8) Қатъномаи ША СММ №1988 (2011) ва банди 1 (9) Қатъномаи ША СММ №1989 (2011) қарор мегиранд, аз ин ҳисоб иҷозат дода мешавад:

а) фоизҳо ё дигар воридоте, ки ба ин ҳисоб дахл дорад;

б) пардохт тибқи шартномаҳо, созишномаҳо ё ӯҳдадориҳо то санае, ки ҳисобҳои мазкур таҳти муқаррароти қатъномаҳои ША СММ №1267 (1999), №1333 (2000) ё №1390 (2002) қарор мегиранд, ба шарти он ки чунин фоизҳо, дигар воридотҳо ва пардохтҳо низ таҳти ин муқаррарот қарор гиранд;

в) ҳама гуна пардохтҳо ба фоидаи гурӯҳҳои дар Рӯйхатҳо дарҷгардида, корхона ё ташкилотҳо, ба шарте ки чунин пардохтҳо давом ёфта, таҳти таъсири банди 1 Қатъномаи ША СММ №1988 (2011) ва банди 1 Қатъномаи ША СММ №1989 (2011) бошанд.

5. Ҳуҷҷатҳо ва расмиёте, ки барои хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳид зарур мебошанд

15. Ҳар як шахс (ҳар гуна шахсон), гурӯҳҳо, корхонаҳо ва/ё ташкилотҳое, ки дар Рӯйхати муттаҳид қарор доранд, метавонанд бо дархости хориҷ намудан аз он муроҷиат намоянд. Дар муроҷиатнома бояд сабабҳои хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳид дар хусуси он, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеии дахлдор дигар ба меъёрҳои муқарраркардаи бандҳои 2 ва 3 Қатъномаи ША СММ №1617 (2005) ва тасдиқкардаи банди 2 Қатъномаи ША СММ №1904 (2009) барои дохил кардан ба Рӯйхати муттаҳид мутобиқат намекунад, фаҳмонида шавад. Дар ин ҳолат барои тақвияти дархост метавон ба ҳар гуна ҳуҷҷат истинот карда ва/ё чунин ҳуҷҷатро барои асоснок кардани дархост пешниҳод намуд.

16. Муроҷиаткунанда метавонад оид ба хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳид ба таври мустақим ба Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон мутобиқи муқаррароти банди 20 замимаи II ба Қатъномаи ША СММ №1904 (2009), тавре ин дар банди (в) фасли 7 Принсипҳои роҳнамоӣ пешбинӣ гардидааст ё ба воситаи давлате, ки дар он истиқомат мекунад ё шаҳрванди он мебошад, тавре ин дар банди (г) фасли 7 Принсипҳои роҳнамоӣ дарҷ гардидааст, муроҷиат кунад.

17. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие (муроҷиаткунанда), ки барои хориҷ намудани худ аз Рӯйхати муттаҳид талош дорад, метавонад бо ариза мустақиман ба дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд:

- ариза дар шакли озод пешниҳод мегардад. Зарур он аст, ки дар он ҳамаи маълумоти лозимие, ки дар банди 18 Тартиби мазкур дарҷ гардидааст, мавҷуд бошад. Ариза метавонад тарҷума гардад ё бо тарҷумаи яке аз 6 забони расмии СММ (англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитойи, русӣ ё фаронсавӣ) навишта шуда бошад;

- ариза метавонад бо роҳҳои гуногуне, ки дар шакли хаттӣ ба қайд гирифтани он имкон дорад, тавассути почтаи оддӣ, почтаи электронӣ ё алоқаи факсӣ пешниҳод гардад. Дар вақти ирсол намудани ариза бо почтаи оддӣ барои осонии кор бо он ва муроҷиати навбатӣ оиди ҳамин масъала бояд суроғаи фиристанда, почтаи электронӣ ё рақами факс, дар ҳолати набудани онҳо рақами телефоне, ки метавон бо аризадиҳанда дар тамос шуд, дарҷ гардад.

18. Дар аризаи дархостӣ оид ба хориҷ намудан аз Руйхати муттаҳид бояд сабти дахлдори Рӯйхати муттаҳид якҷоя бо маълумоти зерин ишора гардад:

а) маълумот оид ба мушаххасоти аризадиҳанда:

- дар ҳолати додани ариза шахси воқеӣ бояд нишон диҳад:

- насаб, ном, номи падар, аз ҷумла номи дуюм ва ё сарҳарфи исмҳои хос, номи падару бобо дар ҳолатҳои дахлдор, инчунин дигар ному тахаллусе, ки муроҷиаткунанда истифода мебарад;

- сана ва ҷойи таваллуд;

- шаҳрвандӣ - агар душаҳрвандӣ бошад, ҳамааш нишон дода шавад;

- ҷое, ки айни замон истиқомат мекунад;

- дигар маълумоте, ки барои муайян намудани мушаххасот зарур мебошад;

б) дар ҳолати додани ариза шахси ҳуқуқӣ бояд нишон диҳад:

- номи пурраи ташкилот, аз ҷумла ҳама гуна номҳои дигаре (номи алтернативӣ), ки истифода мебарад;

- дар ҳолатҳои дахлдор - ҷой ва таърихи ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифтани он;

- давлате (давлатҳое), ки айни замон дар он фаъолият менамояд;

в) ариза бо нишон додани сабаб/асос барои хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳид бояд муфассал бошад. Аризадиҳанда бояд ба ҳамаи он меъёрҳои мушаххасе, ки барои ба Рӯйхати муттаҳид дохил кардан асос шудаанд ё дар хулоса баён шудаанд (вобаста ба ҳолат) аҳамият диҳад. Ғайр аз ин, агар муроҷиаткунанда доир ба сабабу асосҳои ба Рӯйхати муттаҳид дохил карданаш маълумот ё шубҳа дошта бошад, он гоҳ ин маълумотҳо бояд якҷоя бо ҳар як шарҳу далел ё ҳуҷҷатҳои ба онҳо дахлдошта ба ариза замима карда шаванд;

г) дар мавриди зарурат, нусхаи ҳар гуна ҳуҷҷат ё дигар маводи тасдиқкунанда ё тавзеҳӣ;

д) дар мавриди зарурат, тавсифи ҳар гуна мурофиа ё тафтишоти судӣ, ки ба дархости аз Феҳрасти дахлдор баровардан дахл дорад;

е) дар мавриди зарурат ҳуҷҷатҳое, ки ҳамаи муроҷиатҳои пешинаи аризадиҳандаро бо хоҳиши хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳиде, ки тавассути маркази тамос ё дигар шакл пешниҳод гардидаанд, тасдиқ мекунад. Новобаста ба он, ки дар Қатъномаи ША СММ №1989 (2011) тартиби муроҷиат бо аризаи такрори баён мегардад, ин тартиб танҳо ба муроҷиати такрорӣ ба Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон татбиқ мешавад. Аз ин лиҳоз агар аризаи пешина тавассути маркази тамос ё дигар шакл пешниҳод шуда бошад, муроҷиат ба Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчун аввала ба ҳисоб меравад;

ж) вақте ариза аз ҷониби шахсе, ки бо супориши шахси дар Рӯйхати муттаҳид қарордошта амал мекунад, пешниҳод мегардад, он гоҳ ба ариза бояд хуҷҷати имзокардаи муроҷиаткунанда, ки ба пешниҳодкунандаи он барои аз номи муроҷиаткунанда амал кардан ваколат медиҳад, замима карда шавад.

19. КДАМ на камтар аз як маротиба дар се моҳ маводҳоро бо мақсади аз Рӯйхати муттаҳиди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки расман фавтида эълон шудаанд, махсусан ҳангоми ошкор нагардидани дороиҳои онҳо ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудани шахсони ҳуқуқии фаъолияташон қатъгардида, ҳамзамон бо андешидани ҳама гуна чораҳои мақбул баҳри таъмини он, ки дороиҳои ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба Рӯйхати муттаҳид дохилшуда дода нашудаанд, дар оянда дода нашаванд, ё дар байни онҳо тақсим нашаванд, ҷамъбаст мекунад. Маводи ҷамъшуда ба ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда, аз Рӯйхати муттаҳид хориҷ намудани шахсони мазкур дархост карда мешавад.

20. ВКХ маводи дар асоси банди 19 ҳамин Тартиб дастрасшударо ба Кумитаи дахлдор ирсол намуда, хоҳиш менамояд, ки шахсони расман фавтида эътирофшуда ва шахсони ҳуқуқии фаъолияти худро қатънамуда аз ҳамаи рӯйхатҳо хориҷ карда шаванд.

21. Инчунин дар ҳолати фавти шахси воқеӣ дархост дар бораи хориҷ намудани ӯ аз рӯйхати ташкилоти террористии Ал-Қоида метавонад ба Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон аз тарафи ворисони қонунии вай якҷоя бо ҳуҷҷатҳои расмие, ки чунин мақомро тасдиқ менамоянд, фиристода шавад.

22. Ба дархост дар бораи хориҷ намудан аз Рӯйхати муттаҳид мувофиқи бандҳои 20 ва 21 Тартиби мазкур бояд хатти вафот ё ҳамин гуна ҳуҷҷати расмие, ки вафотро тасдиқ мекунад, замима гардад.

23. Бо дархост муроҷиаткунандагон инчунин ба Кумитаи дахлдор бояд дар бораи дар Рӯйхати муттаҳид будан ё набудани шахсоне, ки вориси қонунӣ ё соҳибони муштараки амволи фавтида мебошанд, хабар дода, онро тасдиқ намоянд, инчунин ба Кумитаи дахлдор оид ба номи ҳамаи шахсон ё ташкилотҳое, ки метавонанд ҳар гуна дороиҳои манъашон бекоршудаи шахси фавтида ва ташкилотҳои фаъолияташон қатъгардидаро ба даст оранд, барои роҳ надодани истифодаи дороиҳои манъашон бекоршуда бо мақсадҳои террористӣ маълумоти бештари пурра пешниҳод намоянд.

24. Баъд аз он, ки Котиботи ША СММ ба воситаи ВКХ хабарнома дар бораи хориҷ намудани шахсро аз Рӯйхати муттаҳид мутобиқи муқаррароти банди 27 Қатъномаи ША СММ № 1904(2009) мегирад, КДАМ хабарномаро ба ташкилоти ҳисоботдиҳанда ирсол мекунад ё ба тарзи дигар дар бораи аз Рӯйхати муттаҳид хориҷ намудан шахси дахлдор иттилоъ медиҳад.

25. Ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда мутобиқи банди 24 Қатъномаи ША СММ № 1904 (2009) ӯҳдадоранд дар ҳолати бекор намудани манъи дороиҳои шахси фавтида ё шахси ҳуқуқии фаъолияташ қатъгардида, ки аз Рӯйхати муттаҳид хориҷ карда шудаанд, муқаррароти Қатъномаи ША СММ №1373 (2001) - ро ба эътибор гиранд ва ба истифодаи дороиҳои манъашон бекоршуда бо мақсадҳои террористӣ роҳ надиҳанд.

6. Манъ намудан ва дохил намудан ба рӯйхатҳои миллӣ ва байналмилалӣ

26. Ташкилоти ҳисоботдиҳанда ӯҳдадор аст фавран дороиҳо ва дигар манбаъҳои молиявӣ (интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ё гардиши маблағҳо ё дигар амвол), аз ҷумла воситаҳои ба туфайли амвол гирифташаванда ё ҳосилшавандаи дар ихтиёри худ ё якҷоябуда ё таҳти назорати бевосита ё бавоситаи шахсони дар Рӯйхати миллӣ ё байналмилалӣ қарордошта ё маблағҳои ҳар гуна шахси ҳуқуқиро, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати ин шахсон мебошанд ва ҳама гуна шахсоне, ки аз ном ва бо супориши чунин шахсон фаъолият мекунад, манъ намоянд. Ҳамчунин дар пайи таъмини он бошанд, ки дигар воситаю захираҳои молиявии ин тарз муқарраршуда ба резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ҷониби шахсони дар Рӯйхати миллӣ ё байналмилалӣ зикршуда ё ҳар гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар тобеият ё назорати бевосита ё бавоситаи ин шахсон қарор доранд ва ҳама гуна шахсоне, ки аз ном ва бо супориши чунин шахсон фаъолият мекунад, пешниҳод нагарданд. Ташкилоти ҳисоботдиҳанда ӯҳдадор аст фавран ба мӯҳлати се рӯзи корӣ воситаҳо ва дигар манбаъҳои молиявии шахс он дорои суратҳисоб ё истифодакунандаи хизматрасонӣ бударо ҳангоми мавҷуд будани асосҳои ҷоиз ё шубҳа оиди он, ки аҳд бо чунин суратҳисобҳо ва хизматрасониҳо ба мақсади маблағгузории терроризм анҷом дода мешавад, манъ намояд. Агар шахс дар яке аз рӯйхатҳо бошад, он гоҳ дороиҳо то замони қатъ шудани шартҳое, ки барои дохил кардан ба Рӯйхати миллӣ ё хориҷӣ асос шудаанд, манъ карда мешавад. Шахси воқеӣ метавонад маълумот оиди манъи дороиҳо (воситаҳо) ва ё дигар молу мулкро аз сомонаи расмии мақоми ваколатдор истифода барад.

27. Ташкилоти ҳисоботдиҳанда дар муддати 6 соат аз вақти манъи ҳамаи дороиҳо ва дигар захираҳои молиявӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба мақоми ваколатдор ва КДАМ иттилоъ диҳад.

28. Мақоми ваколатдор тибқи маълумоти воридшуда аз ташкилоти ҳисоботдиҳанда оид ба манъи маблағҳо ё дигар дороиҳои молиявии шахсоне, ки дар Рӯйхати миллӣ ё хориҷӣ дарҷ гардидаанд, ба мақоми ваколатдори давлате, ки шахси зикршударо дар рӯихати худ дохил намудааст, маълумоти дахлдор ирсол менамояд, дар ҳолати вуҷуд надоштани чунин мақомот дар ин давлат, маълумот таввасути роҳҳои дипломатӣ ВКХ ба ВКХ давлати мазкур ё намояндаи дипломатии он барои баррасӣ ва истифодаи минбаъда ирсол мегардад.

29. Мақоми ваколатдор оид ба манъи маблағҳо ва дигар манбаъҳои молиявӣ ба мӯҳлати ҳафт рӯзи корӣ ҳангоми эътирофи хулосаи санҷиши пешакии маълумоти асоснокшудаи зерин қарор қабул менамояд:

- ҳангоми мавҷуд будани асосҳои ҷоиз ё шубҳа оиди он, ки аҳд ба мақсади маблағгузории терроризм анҷом дода мешавад;

- агар ҳадди ақал яке аз тарафҳо шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ бошад, ки дар бораи иштироки он дар амалҳои теоррористӣ маълумот мавҷуд аст ё шахси ҳуқуқие бошад, ки бевосита ё бавосита моликият ё зери назорати чунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ё шахси воқеӣ ва ҳуқуқие бошад, ки аз ном ё бо супориши чунин шахсон ё ташкилот фаъолият менамояд.

30. Мақоми ваколатдор ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти воридшударо аз ташкилоти ҳисоботдиҳанда оиди ба манъи маблағҳо ё дигар захираҳои молиявии шахсон (шахсони дар яке аз рӯйхатҳо дарҷшуда) ё ҳангоми мавҷуд будани асосҳои ҷоиз ё шубҳа оиди он, ки аҳд ба мақсади маблағгузории терроризм анҷом дода мешавад, чорабиниҳои дахлдорро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофии тасдиқкунандаи даст доштани шахс ба маблағгузории фаъолияти террористӣ қарори дахлдор қабул мекунад.

31. Қарори мақоми ваколатдор дар бораи манъи маблағҳо ва дигар манбаъҳои молиявӣ дар рӯзи қабули он ба маълумоти КДАМ барои амали минбаъда ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда барои иҷрои фаврӣ расонида мешавад.

32. Мақоми ваколатдор дар рӯзи интишори қарор дар бораи манъи маблағҳо ва дигар манбаъҳои молиявӣ инчунин ба КДАМ ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда оид ба санаи қатъ гардадани амали қарори мазкур хабар медиҳад.

33. КДАМ санҷиши пешакӣ гузаронида, аз натиҷааш ба мақоми ваколатдор ва ташкилоти ҳисоботдиҳанда фармоиши дахлдор равон мекунад:

- дар ҳолати эътирофи далелҳои маблағгузории терроризм оид ба манъ кардан ва анҷом додани корҳои дахлдор фармоиш содир менамояд;

- дар ҳолати эътирофи далели нодуруст манъ кардани маблағҳо, оид ба бекор кардани манъ фармоиш мебарорад.

34. Мақоми ваколатдор тибқи дархости мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳолати мавҷуд будани асоси тасдиқкунанда ё кофӣ дар бораи он, ки шахси мазкур (ҳуқуқӣ ё воқеӣ) аҳди/амалиёти ба маблағгузории терроризм алоқамандро анҷом додааст, барои анҷом додани онҳо кӯшиш намудааст ё онҳоро анҷом медиҳад, ба мӯҳлате, ки дар дархост дарҷ гардидааст, онҳоро манъ менамояд:

а) вақте ки супориши кишвари сеюм бо асосҳои дахлдори ҳуқуқӣ ё асосҳои ҷоиз барои гумонбар донистан ё тахмин кардани он тасдиқ шуда бошад, ки шахси пешниҳодшуда террорист аст ё терроризм ё ташкилоти террористиро маблағггузорӣ менамояд, дар ин сурат ба рӯйхат дохилкунӣ метавонад бе ягон дархости расмӣ амалӣ гардад;

б) ҳангоме ки аз ҷониби мақоми ваколатдор ба кишвари сеюм барои иҷрои механизми манъ намудан дархост фиристода мешавад, бояд дар дархост маълумоте дарҷ гардад, ки барои аниқу дақиқ муайян намудани мушаххасоти шахси воқеии/ҳуқуқии дар терроризм дастдошта, асоснокии маълум кардани он имкон диҳад, инчунин маълумот (маълумоти пурра) оид ба робитаю муносибати вай бо дигар шахсони дар ин муддат тасдиқшуда дарҷ гардад.

35. Барои дохил намудани шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Рӯйхати миллӣ инҳо асос мебошанд:

- эътибор пайдо кардани ҳукми суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи айбдор донистани шахси воқеӣ дар содир кардани ҷинояте, ки хусусияти террористӣ дорад;

- эътибор пайдо кардани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ бинобар аз ҷониби ӯ анҷом дода шудани фаъолияти экстремистӣ;

- аризаи КДАМ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани фаъолият ва дохил намудаи шахси воқеӣ/ҳуқуқӣ ба рӯйхат ва дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ барои фаъолияти террористӣ.

36. Барои дохил кардани шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқӣ ба Рӯйхати хориҷӣ инҳо асос мебошанд:

- дохил кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо ташкилотҳои террористӣ ё террористон алоқамандӣ дошта ба рӯйхати тасдиқнамудаи ташкилотҳои байналмилалии бо терроризм муборизабаранда ё мақомоти ваколатдори онҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудаст;

- ҳукмҳои (қарорҳои) судӣ ва қарорҳои дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф намудааст, нисбати ташкилотҳо ё шахсони воқеие, ки амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд;

- мавҷуд будани маълумот ё гирифтани дархост аз кишвари сеюм оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки амали террористӣ анҷом медиҳад ё кӯшиши анҷом додани онро мекунад ё дар анҷом додани он иштирок/мусоидат мекунад, дар терроризм даст дорад, дар сурати асоснокӣ ё тахмини ҷоиз, ки тибқи қатъномаи ША СММ 1373 шахс ба меъёрҳои муайян намудан мутобиқат карда, маблағҳо ё дигар дороиҳои (амволи) гирифташуда ё дар натиҷаи истифода ҳосилкардаи шахси (шахсони) маълумшударо пурра ё қисман дар ихтиёр ё бевосита ё бавосита таҳти назорат дорад, инчунин бо супориш ё дастури чунин шахсон амал мекунад.

37. Аз рӯи натиҷаи чораҳои қабулнамудаи КДАМ ҳамаи рӯйхатҳои шахсони бо терроризм алоқаманд тартиб дода мешавад:

а) Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи прокурор бо пешниҳоди КДАМ масъалаи ташкилоти террористӣ эътироф кардани ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) баррасӣ менамояд. Шахсони воқеӣ бо қарори суд тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарори мазкур ба КДАМ фавран барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқӣ ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд фиристода мешаванд;

б) КДАМ ба рӯйхати шахсони ба терроризм алоқаманд, инчунин шахсони воқеӣ ва/ё ҳуқуқиро, ки террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, мутобиқи қатъномаҳои ША СММ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дохил менамояд;

в) нусхаи рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд якҷоя бо маълумоти зарурӣ дар бораи ин шахсон фавран аз ҷониби КДАМ ба субъектҳое, ки бевосита бар зидди терроризм мубориза мебаранд ва ба мақоми ваколатдор барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат ба терроризм ва чораҷӯӣ барои манъ намудани воситаҳои молиявӣ ё дигар дороиҳои ин шахсон фиристода мешавад.

7. Хориҷ намудан аз рӯйхатҳои миллӣ ва хориҷӣ

38. Аз рӯйхат хориҷ намудани шахсоне, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, бо баробари қатъ гардидани шартҳое, ки барои ба рӯйхат дохил намудан асос шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи бандҳои 35-36 ҳамин Тартиб анҷом дода мешавад.

39. Аризаи шахс дар бораи хориҷ намудан аз рӯйхатҳои миллӣ ё хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми салоҳиятдори кишвари хориҷӣ, агар шартномаҳои байналмилалӣ чизи дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ирсол карда мешавад.

8. Бекор намудани манъ

40. Ҳар гуна шахс (шахсон), гурӯҳҳо, муассиса ва/ё ташкилотҳое, ки дороии онҳо бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои маблағгузории фаъолияти террористӣ манъ шудааст, метавонанд бо дархости бекор намудани манъи маблағҳо ба КДАМ муроҷиат намоянд.

41. КДАМ дар бораи бекор намудани манъи воситаҳо бо ин асосҳо қарор қабул менамояд:

- аз рӯйхатҳо, аз ҷумла аз қатъномаҳои дахлдор ва Рӯйхати муттаҳиди кумитаҳои дахлдори ША СММ хориҷ шудани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

- қарор дар бораи бекор кардани қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ва қарор дар хусуси ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан, ки муфаттиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ё суд нисбати шахс барои содир намудани ҷинояти маблағгузории фаъолияти террористӣ қабул кардааст;

- қарори суд дар бораи мусодира ё ба ҳисоби даромади давлат гузаронидани воситаҳои манъшуда;

- дархости байналмилалӣ дар бораи бекор намудани дархости байналмилалии қаблан ирсолнамуда оид ба манъ намудан, ки аз мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё принсипҳои мутақобила гирифта шудааст.

42. КДАМ фармоишро бо маълумоти дахлдор ва маводҳоро оид ба бекор намудани манъи воситаҳо ба мақоми ваколатдор ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияти онҳо дастурҳои дахлдор ирсол менамояд. Шахси муроҷиаткунанда оиди бекор кардани манъи дороиҳо (молу мулк) бояд кафолати онро диҳад, ки ин дороиҳо бевосита ё бавосита ба шахс, гурӯҳ ва ташкилотҳое, ки дар Рӯйхат дарҷгардида барои мақсадҳои террористӣ истифода намешавад. Инчунин манъи дороиҳо метавонанд дар муддати си рӯз бекор карда шаванд.

9. Муқаррароти хотимавӣ

43. Ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми анҷом додани расмиёти манъи дороиҳо ё дигар захираҳои молиявии шахсони дар ҳамаи рӯйхатҳо дарҷгардада бояд мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикнстон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ва қисми 2 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" амал намоянд.

44. Ташкилотҳои ҳисоботдиҳандае, ки талаботи Тартиби мазкурро иҷро намекунанд ё онро ба таври матлуб иҷро намекунанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

45. Назорати риоя шудани талаботи Тартиби мазкур аз ҷониби ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ба зиммаи мақомоти дахлдори назоратӣ дар доираи салоҳияташон гузошта мешавад.