Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ аз 30 октябри соли 2015 № 624

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" октябри соли 2015, № 624

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" октябри соли 2015, № 624

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ (минбаъд - Низомнома) тартиб, шарт ва қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо муайян менамояд.

2. Федератсияи варзишӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади оммавӣ гардонидан ва рушд додани намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ - ин ҷараёни соҳибҳуқуқ эътироф гаштан ва пайдо намудани ҳуқуқи пурраи амалкунии федератсияи варзишӣ мебошад.

4. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъдмақоми ваколатдори давлатӣ) гузаронида мешавад.

Филиал ва ё намояндагии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ), вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд.

5. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиш аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.

Дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ танҳо он федератсияи варзишӣ ба қайд гирифта мешавад, ки дар он ҷо федератсияи варзишӣ оид ба ҳамон намуди варзиш фаъолият надошта бошад.

6. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиш ӯҳдадор аст, ки на камтар дар се минтақаи ҷумҳурӣ филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад ва дар заминаи онҳо ҳамчун федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 октября 2015 года, № 624

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 октября 2015 года, № 624

ПОЛОЖЕНИЕ о государственной аккредитации спортивных федераций

1. Общее положение

1. Положение о государственной аккредитации спортивных федераций (далее - Положение) определяет порядок, условия и правила проведения государственной аккредитации спортивных федераций.

2. Спортивная федерация является некоммерческой организацией, созданная в целях массовости и развития видов спорта в Республике Таджикистан.

3. Государственная аккредитация спортивной федерации - это процедура признания правомочий и приобретения полного юридического права спортивной федерации.

4. Государственная аккредитация спортивной федерации осуществляется государственным уполномоченным органом в области физической культуры и спорта (далее - государственный уполномоченный орган).

Филиал и (или) представительство республиканской спортивной федерации в Горно-Бадахшанской автономной области (далее - ГБАО), областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения регистрируются соответствующими структурами государственного уполномоченного органа.

5. На территории Республики Таджикистан аккредитуется только одна республиканская спортивная федерация по видам спорта.

В ГБАО, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения регистрируется только та спортивная федерация, если спортивная федерация по видам того же спорта не функционирует в этом месте.

6. Республиканская спортивная федерация по видам спорта обязана открыть филиал и представительство не менее в трёх регионах и на их базе аккредитуется как республиканская спортивная федерация.

...