Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз 25 сентябри соли 2015 № 588

Санаи амалкуни: 01.01.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 сентябри соли 2015, № 588

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 сентябри соли 2015, № 588

тасдиқ шудааст

Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2017 № 421, аз 26.02.2026 № 97)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2017 № 421, аз 26.02.2026 № 97)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таҳия гардида, тартиби индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ (бе назардошти иловапулию пардохтҳои иловагӣ) ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташударо муайян менамояд,

2. Барои индексатсияҳои нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ нишондиҳандаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор, ки дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд, истифода карда мешаванд.

3. Индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад.

4. Маблағгузории хароҷот барои гузаронидани индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа анҷом дода мешавад.

5. Индексатсияи нафақаҳо, сармояи шартии нафақавӣ ва муайян намудани фоизи индексатсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚАҲО

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 сентября 2015 года, №588

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 сентября 2015 года, №588

ПОРЯДОК

индексации пенсий и условного пенсионного капитала

(в редакции постановления Правительства РТ от 29.08.2017г.№421)

(в редакции постановления Правительства РТ от 29.08.2017г.№421)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии с частью 3 статьи 51 Закона Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях" и определяет порядок индексации страховой части страховых пенсий, трудовых пенсий (без учета надбавок и доплат) и условного пенсионного капитала застрахованных лиц.

2. Для индексации пенсий и условного пенсионного капитала применяются показатели государственного уполномоченного органа по статистике, которые публикуются в официальных изданиях.

3. Индексация пенсий и условного пенсионного капитала производится соответствующим подразделением государственного уполномоченного органа в сфере пенсионного обеспечения.

4. Финансирование затрат на проведение индексации страховой части страховых пенсий, трудовых пенсий и условного пенсионного капитала производится за счет средств государственного уполномоченного органа в сфере пенсионного обеспечения.

5. Индексация пенсий, условного пенсионного капитала и определение процента индексации производится на основании Указа Президента Республики Таджикистан.

...