Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 сентябри соли 2015, № 564
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми олии доимоамалкунандаи машваратӣ - ҳамоҳангсоз дар соҳаи рушди туризм ба ҳисоб меравад.
2. Шӯро барои таъмини ҳамкории байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи туризм, меҳмонхонаҳо, савдо, хӯроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон, ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис дода мешавад.
3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Низомнома ва ҳайати Шӯро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Фаъолияти ташкилӣ-техникӣ ва иттилоотии Шӯро дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм амалӣ мегардад.
6. Дар кори Шӯро бо ҳуқуқи машваратӣ мумкин аст, ки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳое, ки дар соҳаи рушди туризм фаъолият доранд, иштирок намоянд.
2. Вазифаҳои асосии Шӯро
7. Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборатанд:
- идора ва таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳида дар соҳаи туризм;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амаликунии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм, ташаккул ва рушди фазои ягонаи туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти рушди туризми дохилӣ ва содиротӣ, таҳияи пешниҳодҳо доир ба ташкили саноати муосири туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ, шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар соҳаи туризм;
- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати инкишофи саноати туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷишҳои иҷрои барномаву лоиҳаҳо, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳо дар соҳаи туризм.
3. Раиси Шӯро
8. Ваколатҳои Раиси Шӯро:
- даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро;
- тасдиқи нақшаҳои кори Шӯро;
- шунидани ҳисоботи аъзои Шӯро ва дигар ниҳодҳои дахлдор аз натиҷаи тадбирҳои андешида ва вазъияти ҷорӣ вобаста ба ҷараёни амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм", стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шӯро;
- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Муовинони Раиси Шӯро
9. Муовини якуми Раиси Шӯро:
- дар мавриди набудани Раиси Шӯро, маҷлиси Шӯроро раисӣ менамояд;
- дар ташкили кори Шӯро ва омода намудани нақшаи кори он иштирок менамояд;
- иҷрои дигар супоршпҳои Раиси Шӯроро таъмин менамояд.
10. Ваколатҳои муовини Раиси Шӯро:
- назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои Раис ва нақшаи кори Шӯро;
- омода намудани маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди чораҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба амалигардонии рушди саноати туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди чорабиниҳои мушаххас барои ворид намудан ба нақшаи кори Шӯро;
- иҷрои дигар супоришҳои Раиси Шӯро.
5. Аъзои Шӯро
11. Ваколатҳои аъзои Шӯро:
- иштироки фаъол дар ҷаласаҳои Шӯро ва иҷрои вазифаҳои он;
- иҷрои саривақтии нақшаи кори Шӯро ва вазифаҳои аз ҷониби Раиси Шӯро гузошташуда;
- омода намудани гузориш мутобнқи нақшаи кори Шӯро оид ба фаъолияти вазорат, идора ва ташкилоту муассисаҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;
- пешниҳоди таклифҳои мушаххас барои ворид намудан ба нақшаи кори Шӯро;
- иҷрои дигар супоришҳои Раиси Шӯро.
6. Котиботи Шӯро
12. Барои ҳалли масъалаҳои ҷории фаъолияти Шӯро Котиботи Шӯро, ки онро муовини якуми Раиси Шӯро сарварӣ менамояд, таъсис дода мешавад.
13. Ҳайати Котиботи Шӯро аз ҳисоби муовини якуми Раиси Шӯро ва роҳбарияти мақомоти вакояатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ташкил гардида, он аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ мегардад.
14. Ваколатҳои Котиботи Шӯро:
- гузаронидани маҷлисҳои Котиботи Шӯро аз ҷониби муовини якуми Раиси Шӯро;
- пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ дар маҷлисҳои Шӯро;
- баррасии масъалаҳои вобаста ба амалигардонии қарорҳои Шӯро, аз ҷумла масъалаҳои ташкили фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ;
- роҳбарӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти гурӯҳҳои экспертию машваратӣ ва гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои Раис ва нақшаҳои кори Шӯро;
- омода намудани маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати татбиқи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои дигар супоришҳои Раиси Шӯро.
15. Қарорҳои Котиботи Шӯро дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби муовини Раиси Шӯро, ки дар маҷлиси он раисӣ кардааст, имзо карда мешавад.
7. Ташкили кори Шӯро
16. Мақоми кории Шӯро котиби масъули Шӯро, Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми
ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он мебошад, ки ба Шӯро, шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод менамояд.
17. Котиби масъули Шӯро, Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти сохторҳои дахлдорро оид ба амалигардонии қарорҳои Шӯро ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи туризм анҷом медиҳанд.
18. Шӯро мутобики вазифаҳои асосии ба зиммааш гузошташуда аз ҳисоби аъзои Шӯро, ҳамчунин аз ҳисоби намояндагони мақомоту ташкилотҳои ба ҳайати Шӯро дохилнашуда гурӯҳҳои кории байниидоравиро оид ба самтҳои фаъолияти худ таъсис медиҳад.
19. Шӯроҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мақсаду вазифаҳои Шӯроро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо татбиқ намуда, оид ба фаъолияташон ба Шӯро ҳар семоҳа маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
20. Ҷаласаҳои Шӯро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Раиси Шӯро, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ баргузор мегарданд. Ҷаласаҳои Шӯро дар сурати ширкат доштани на камтар аз се як ҳиссаи ҳайати он эътибор пайдо мекунанд. Қарорҳои Шӯро оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо аз шумораи ҳайати иштироккунанда дар шакли протокол қабул карда мешаванд.
21. Иҷрои қарорҳои Шӯро аз ҷониби вазорату идораҳо; мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳатмӣ мебошанд.
22. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо оид ба масъалае, ки дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ мегардад, аз тарафи вазорат, идора, ташкилот ва ё муассисаи дахлдор, ки бо ташаббуси он масъалаи мазкур пешниҳод гардидааст ё гурӯҳи кории бо ин мақсад ташкилёфта таҳия карда мешавад.
8. Ваколати котиби масъули Шӯро
23. Ваколатҳои котиби масъули Шӯро:
- таъмини иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Шӯро;
- тартиб додани лоиҳаҳои нақшаҳои корӣ ва барои мувофиқа ба аъзои Шӯро ва дигар ташкилотҳои дахлдор пешниҳод намудани онҳо;
- ташкили таҳия ва ворид намудани пешниҳодҳо ба нақшаи кори Шӯро;
- таҳия ва барои имзо ба Раиси Шӯро пешниҳод намудани қарорҳои қабулнамудаи Шӯро;
- таҳлил ва назорати рафти иҷрои нақшаҳо ва қарорҳои Шӯро ва пешниҳоди маълумот ба Раиси Шӯро аз натиҷаҳои онҳо;
- роҳбарии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ;
- иҷрои дигар супоришҳои Раиси Шӯро.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 сентябри соли 2015 № 564
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шуро;
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини якуми Раиси Шӯро;
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба соҳаи туризм) - муовин котиби масъули Шӯро.
Аъзои Шӯро:
Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Раиси вилояти Суғд;
Раиси вилояти Хатлон;
Раиси шаҳри Душанбе;
Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;
Намояндагони Шӯро ва ассотсиатсияҳои туристӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи туризм фаъолият мекунанд (5 нафар бо мувофиқа).