×

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2015 № 256

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 563 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2015 № 256

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2015 № 256

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ (минбаъд Низомнома) фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, марказҳои инкишофи кӯдакро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба танзим медарорад.

2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, Оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбия ва таҳсилоти кӯдакони синну соли барвақтӣ ва томактабӣ, бо дарназардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ, марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатию ғайридавлатӣ ташкил карда мешаванд.

4. Низомномаи мазкур мақсаду вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи таълимии томактабӣ, хусусияти ташкили ҷараёни таълим, талабот ба идораи муассисаи таълимии томактабиро муқаррар менамояд.

5. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд, ки намуди муассисаи таълимии томактабӣ ва забони таълимро интихоб намоянд.

2. Мақсад ва вазифаи муассисаи таълимии томактабӣ

6. Мақсад ва вазифаи асосии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ иборат аст, аз:

...
Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 30.10.2024 №563
Утверждено
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 29 апреля 2015 года, № 256


Типовое положение о дошкольном

образовательном учреждении в Республике Таджикистан

1. Общие положения

1. Типовое положение о дошкольном образовательном учреждении в Республике Таджикистан (далее - Положение) регулирует деятельность дошкольных образовательных учреждений, независимо от их организационно-правовой формы.

2. Дошкольные образовательные учреждения организовывают свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об образовании",Законом Республики Таджикистан "О дошкольном обучении и воспитании", Законом Республики Таджикистан "Об ответственности родителей в обучении и воспитании детей", Национальной концепцией образования Республики Таджикистан, Национальной концепцией воспитания в Республике Таджикистан, настоящим Положением, Уставом образовательного учреждения и другими нормативными правовыми актами.

3. В Республике Таджикистан в целях оказания помощи семьям, создания благоприятных условий для обучения и воспитания детей раннего и дошкольного возраста, с учетом желания и интересов родителей (лиц, заменяющих их), организовываются детские ясли, детские сады, детские дома (для детей - сирот и детей, оставшихся без попечения родителей) и другие дошкольные учреждения кратковременного, дневного, круглосуточного пребывания, семейные, дошкольные учреждения, Центр развития детей и приравненные к ним государственные и негосударственные учреждения.

4. Настоящее Положение определяет задачи и обязательства, права и обязанности дошкольного образовательного учреждения, особенности процесса организации обучения, требования к управлению дошкольным образовательным учреждением.

5. Родители (лица, заменяющие их) имеют право выбора дошкольного учреждения и языка обучения для своих детей.

2. Цели и задачи дошкольного образовательного учреждения

...