ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014 № 1710
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ ВА БАҚАЙДГИРИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 апрели соли 2020, № 49
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2020, № 43
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи. 1. Дар моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда" аз 2 январи соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №1, мод.23) қисми 8 хориҷ карда шуда, қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020 № 1710