Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, №124
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 124 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ" тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
- комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Малайзия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Баҳрайн оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида тарафҳои манфиатдорро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 10 декабри соли 2014 № 773
ш. Душанбе