Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2014 № 767 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 706, аз 26.06.2021 № 255)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 706, аз 26.06.2021 № 255)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2021 № 255):

1. Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ҳайати Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ ва Низомномаи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроия вобаста ба ҷамъоварӣ ва таҳлили нақшаҳои корӣ ва ҳисоботҳо оид ба корҳои иҷронамудаи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо муайян карда шавад.

4. Раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе шӯроҳоро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ таъсис диҳанд.

5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, № 514 "Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ" ва аз 3 майи соли 2006 № 198 "Масъалаҳои Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 декабри соли 2014 № 767

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об образовании Национального совета по координации и развитию сферы интеллектуальной собственности в Республике Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 28.11.2015г.№706, от 26.06.2021г.№255)

(в редакции постановления Правительства РТ от 28.11.2015г.№706, от 26.06.2021г.№255)

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции постановления Правительства РТ  от 26.06.2021г.№255):

1. Образовать Национальный совет по координации и развитию сферы интеллектуальной собственности в Республике Таджикистан.

2. Утвердить Состав Национального совета по координации и развитию сферы интеллектуальной собственности и Положение, о Национальном совете по координации и развитию в сфере интеллектуальной собственности в Республике Таджикистан (приложение 1 и 2).

3. Определить Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан исполнительным органом по осуществлению сбора и анализа рабочих планов и отчетов о проделанной работе соответствующих министерств и ведомств, местных органов государственной власти и других организаций и учреждений.

4. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе образовать советы по координации и развитию сферы интеллектуальной собственности.

5. Признать утратившими силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2005, №514 "Об образовании Комиссии Правительства Республики Таджикистан по координации деятельности в борьбе с правонарушениями в сфере интеллектуальной собственности" и от 3 мая 2006, №198 "Вопросы Комиссии Правительства Республики Таджикистан по координации деятельности в борьбе с правонарушениями в сфере интеллектуальной собственности".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 6 декабря 2014 года, №767

...