Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2014 № 760 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 228 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Зербанди якуми банди I Консепсия дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон вобаста ба он ҳолатҳо муайян мегардад, ки ҷавонон бо онҳо ҳангоми оғози ҳаёти мустақилона, бо ба даст овардани ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ дар назди ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд.".

2. Банди IV Консепсия дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"IV. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон амалҳои марҳилавиро дар самтҳои асосии зерин дар назар дорад:

иштироки ҷавонон;

шуғлнокии ҷавонон;

таъмини тарзи ҳаёти солим;

таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;

таъминоти иҷтимоии ҷавонон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года, №228

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О молодёжи и государственной молодёжной политике" и в целях формирования и развития государственной молодежной политики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Национальную концепцию молодежной политики в Республике Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года, №228, следующие изменения и дополнения:

1. Подпункт первый пункта I Концепции изложить в следующей редакции:

"Необходимость реализации государственной молодежной политики определяется ситуациями, с которыми молодежь сталкивается при начинании самостоятельной жизни, приобретая права и обязанности перед обществом.".

2. Пункт IV Концепции изложить в следующей редакции:

"IV. Приоритетные направления государственной молодежной политики.

Реализация государственной молодежной политики предполагает поэтапные действия в следующих основных направлениях:

- участие молодежи;

- занятость молодежи;

- обеспечение здорового образа жизни молодежи;

- достойное образование молодежи;

- социальное обеспечение молодежи;

...