Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 рақами "18" ба рақами "19" иваз карда шавад;
- Замимаи 19 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Замимаи 19
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007, № 546
"Замимаи 19
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007, № 546
Меъёрҳои хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
...

+---+----------------------------------------------------+-----------+
|р/т| Намуди амалҳо |Меъёри |
| | |хироҷ |
| | |(бо сомонӣ)|
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|1. |Бақайдгирии давлатии додани ҳуқуқи истифодабарии | |
| |меросии якумра, бемӯҳлат ва мӯҳлатноки қитъаи замин | 60 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|2. |Бақайдгирии давлатии додани ҳуқуқи истифодабарии | |
| |меросии якумра, бемӯҳлат ва мӯҳлатноки қитъаи замин | |
| |бо ҳуқуқи бегонакунии он | 60 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|3. |Бақайдирии давлатии шартномаи иҷораи замин | 20 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|4. |Бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба ниҳолҳои бисёрсола | 20 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|5. |Бақайдгирии давлатии додани ҳуқуқи пешбурди | |
| |хоҷагидорӣ ба молу мулки ғайриманқул | 60 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|6. |Бақайдгирии давлатии додани ҳуқуқи идораи ба боварӣ | |
| |асосёфта ба молу мулки ғайриманқул | 20 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|7. |Бақайдгирии давлатии додани ҳуқуқи идоракунии | |
| |оперативӣ ба молу мулки ғайриманқул | 40 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|8. |Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба биноҳои | |
| |истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, биноҳои | |
| |ҷудогона | 20 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|9. |Бақайдгирии давлатии шартномаи иҷора ба мӯҳлати | |
| |зиёда аз 1 сол, иҷораи фаръӣ, бе подош истифода | |
| |бурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, | |
| |иншоот, бинои ҷудогона | 20 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|10.|Бақайдгирии давлатии сервитутҳо: | |
| |- сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) | 20 |
| |- сервитути оммавӣ (маҷбурй) | 60 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|11.|Бақайдгирии давлатии шартномаи ипотекаи молу мулки | |
| |ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он | 60 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
|12.|Барои такроран гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи | |
| |бақайдгирии давлатӣ: | |
| |- сертификати ҳуқуқи истифодаи замин | 20 |
| |- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ | 20 |
| |- иқтибос аз китоби бақайдгирӣ | 10 |
+---+----------------------------------------------------+-----------+
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 декабри соли 2014 № 751
ш. Душанбе