Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2014 № 528 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 171 тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) - вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;

БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) - давраи терминалии (ниҳоии) сирояти аз вируси норасоии масунияти одам пайдошуда;

- дар банди 5 баъд аз калимаҳои "шаҳрвандони хориҷӣ" калимаҳои ", гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ" илова гардида, калимаҳои "фардии пинҳонӣ" ба калимаи "махфӣ" иваз карда шаванд;

- дар боби 3 банди 7(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Кормандони тиб ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои махсуси аҳолии дорои хатари баланди сирояти вируси норасоии масунияти одам мансуб мебошанд, мунтазам гузаштани азназаргузаронии тиббиро бо мақсади ҳарчи бештар дарёфт намудани сирояти ВНМО, машваратдиҳӣ ва сари вақт оғоз намудани табобатро дар ҳолати сироятёбӣ бояд тавсия диҳанд.";

- дар бандҳои 8 ва 9 калимаҳои "пинҳонии (конфиденсиалии)" ба калимаи "махфии" иваз карда шаванд;

- сархати сеюми банди 8 хориҷ карда шавад;

- бандҳои 10, 11,12 ва 13 хориҷ карда шаванд;

- аз банди 15 калимаҳои ", инчунин ба кормандони ихтисосҳои алоҳида ва вазифаҳо" хориҷ карда шаванд;

- банди 22 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:

"Роҳхат барои ташхиси намунаи хун ба сирояти ВНМО бо усули ташхиси иммуноферментӣ аз тарафи кормандони тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, суроғаи ҷойи истиқомат ба таври мукаммал) пур карда мешавад. Намунаҳои хун ба ташхисгоҳҳои ташхиси иммуноферментӣ танҳо аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳое, ки дар он ҷо намунаи хун гирифта шудааст, дастрас карда мешаванд.";

- аз банди 25 калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 25 баъд аз калимаҳои "шаҳрвандони хориҷӣ" калимаҳои ", гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ" илова карда шаванд;

- ба боби 6 банди 32(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳангоми хизматрасонии кӯдакони ба ВНМО сироятшуда ба шахсоне, ки бо нигоҳубини ин гуна кӯдакон машғуланд ва барои кӯдак ҷавобгарии ҳуқуқӣ доранд, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО гузаронида мешавад.";

- дар тамоми матни Тартиби мазкур калимаи мураккаби ихтисоршудаи (аббревиатураи) "БНММ" ба калимаи мураккаби ихтисоршудаи "БПНМ" иваз карда шавад.

2. Дар сархати якуми Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, №171 тасдиқ шудааст, калимаи мураккаби ихтисоршудаи "БНММ" ба калимаи мураккаби ихтисоршудаи "БПНМ" ва калимаи "алоқаманди" ба калимаи "шарики" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "ҷинсӣ" калимаҳои ", шарикон оид ба истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 августи соли 2014 № 528

ш. Душанбе