Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1117 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави амволи манқул"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи гарави амволи манқул" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод. 133) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави амволи манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.".

2. Дар моддаи 1:

- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;

- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- хабарномаи гаравӣ - ҳуҷҷате, ки дар шакли қоғазӣ ё электронӣ ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бар гирифта, дастраси умум мебошад;";

- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- қарзи дебиторӣ - маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст;

- молҳои омехта - молҳои тақсимнашавандае, ки бо дигар молҳо омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд;

- молҳои пайвастшуда - молҳои тақсимшавандае, ки бо дигар молҳо пайваст шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд.".

3. Дар моддаи 3:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЗАЛОГЕ ДВИЖИМОГО ИМУЩЕСТВА"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "О залоге движимого имущества" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г. №3, ст. 133) следующие изменения и дополнения:

1. Закон дополнить преамбулой следующего содержания:

"Настоящий Закон устанавливает правовые, экономические и организационные основы залога движимого имущества и регулирует общественные отношения, связанные с ним.".

2. В статье 1:

- абзац седьмой изложить в следующей редакции:

"- залоговое уведомление - документ, представляемый в бумажном или в электронном носителе в регистрирующий орган, содержащий основную информацию по залогу для ее внесения в Единый государственный реестр, являющийся общедоступным;";

- в абзаце одиннадцатом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацами двенадцатым, тринадцатым и четырнадцатым следующего содержания:

"- дебиторская задолженность - сумма долгов, причитающихся лицу, полученных в результате хозяйственных взаимоотношений с физическими и юридическими лицами;

- смешанные товары - неразделимые товары, соединенные с другими товарами, при этом утрачивающие свои идентификационные физические признаки в готовом продукте;

- приращенные товары - разделимые товары, соединенные с другими товарами, при этом не утрачивающие свои идентификационные физические признаки в готовом продукте.".

3. В статье 3:

- в части 2 слова "Банки и иные кредитные организации" заменить словами "Кредитные организации";

...