Тартиби гузаронидани тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ аз 5 июли соли 2014 № 462

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "5" июли соли 2014, № 462

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "5" июли соли 2014, № 462

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур дар асоси моддаҳои 6 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат" таҳия гардида, тартиби ягонаи тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста ба шакли моликият ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, муқаррар менамояд.

2. Мутобиқи Тартиби мазкур ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ, ки бо кормандон ва дигар шахсоне, ки аз ҳодисаҳои нохуш бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта шудаанд (минбаъд-кормандон), ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ва корҳое, ки бо супориши ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, шахси воқеӣ ё хонакор рух медиҳанд, бояд тафтиш карда шуда, ба ҳисоб гирифта шаванд.

3. Ба инҳо дохил мешаванд:

- шаҳрвандоне, ки корҳоро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро менамоянд;

- шаҳрвандоне, ки корҳоро дар асоси шартномаи шаҳрвандию ҳуқуқӣ иҷро менамоянд;

- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ба кор ҷалб карда мешаванд;

- шахсони дигаре, ки дар фаъолияти истеҳсолии корхона ва соҳибкорони инфиродӣ ва хонакорӣ иштирок менамоянд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 июля 2014 года, № 462

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 июля 2014 года, № 462

Порядок проведения расследования и учёта несчастных случаев на производстве и профессиональных заболеваний

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок разработан на основании статьей 6 и 18 Закона Республики Таджикистан "Об охране труда" и устанавливает единый порядок расследования и учёта несчастных случаев на производстве и профессиональных заболеваний на предприятиях, организациях и учреждениях, независимо от форм собственности, а также индивидуальным предпринимателям без образования юридического лица, использующих наёмный труд.

2. В соответствии с настоящим Порядком расследованию и учёту подлежат все виды несчастных случаев и профессиональных заболеваний, происшедших с работниками и другими лицами, охваченными обязательным социальным страхованием от несчастных случаев (далее-работники), при выполнении ими трудовых обязанностей и работ по поручению организации, индивидуального предпринимателя, физического лица и работ на дому.

3. К ним относятся:

- граждане, выполняющие работы по трудовому договору (контракту);

- граждане, выполняющие работы на основании гражданско-правового договора;

- учащиеся учреждений общего среднего, начального профессионального образования и студенты учреждений среднего и высшего образования;

- лица, лишенные свободы, привлекаемые к труду соответствующими органами;

- другие лица, участвующие в производственной деятельности предприятия, индивидуальные предприниматели и надомники.

...