Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷиикистон
аз 13 июни соли 2014, № 406
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷиикистон
аз 13 июни соли 2014, № 406
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 227)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шиноснома) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .
2. Шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби он таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Мақомоти давлатии ваколатдори барасмиятдарорӣ ва додани шиноснома Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он маҳсуб меёбанд.
4. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ӯҳдадоранд шиноснома дошта бошанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки шиносномаро эҳтиёткорона нигоҳ доранд.
5. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 (минбаъд - шиносномаи намунаи соли 1996) то ба охир расидани мӯҳлати эътибори он амал мекунад.
6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки худро дар ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубош ба қайд гиранд.
...