Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон" аз 6 марти соли 2014 № 174

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо фармони Президенти ҶТ аз 29 феврали соли 2020 № 1463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 марти соли 2014 № 174

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд- Донишкада) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, № 1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Донишкада дорои ҳуқуқи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Шакли ташкилию ҳуқуқии Донишкада тибқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

3. Муассиси Донишкада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколатҳои Муассис (ба ғайр аз ваколатҳои истисноии Муассис) аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибавии мустақил, суратҳисоб бо асъори миллӣ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб истифода мебарад.

5. Донишкада дар асоси идоракунии оперативӣ дорои моликият мебошад, аз номи худ ӯҳдадориҳо қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

6. Донишкада дорои мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, логотип, мӯҳри чоркунҷа, бланк ва дигар аломатҳои муайянкунанда мебошад. .

7. Фаъолияти Донишкада аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва ғайрибуҷетӣ таъмин карда мешавад.

8. Донишкада дорои ҳуқуқи фаъолияти таълимию илмӣ, табъу нашр, гузаронидани курсҳои таълимӣ ва ҳамчунин хизматрасониҳои пулакие мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

9. Номи расмӣ:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли ихтисоршуда - ДИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - Государственное учебное учреждение "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршуда - ИГУ при Президенте Республики Таджикистан.

10. Суроғаи ҳуқуқии Донишкада: 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир - 33.

2. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Донишкада

11. Донишкада барои пеш бурдани фаъолияти илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва таҳлилию интишорӣ дар самти идоракунии давлатӣ таъсис дода шуда, дорои вазифаҳои зерин мебошад:

- тайёркунии касбӣ, такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;

- тайёркунии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

- хизматрасонии иттилоотию тахлилӣ ва машваратӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

- баланд бардоштани ифтихори миллию ватандорӣ, арҷ гузоштан ба муқадцасот, урфу одат ва фарҳанги миллӣ;

- таъминоти илмию таҳлилии барнома ва лоиҳаҳо дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.

12. Самтҳои асосии фаъолияти Донишкада:

- таълимӣ ва таълимию методӣ;

- илмию таҳқиқотӣ;

- иттилоотию таҳлилӣ;

- таҳририю интишоротӣ;

- молиявию хоҷагидорӣ;

- робитаҳои байналмилалӣ.

3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Донишкада

13. Донишкада фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

14. Донишкада ҳуқуқдорад:

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ, табъу нашр ва фаъолияти дигарро амалӣ намояд;

- якҷоя бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ ва илмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ, илмию методӣ гузаронад;

- тартиби истифодаи маблағҳои аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоб воридгаштаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;

- курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро ба роҳ монад;

- бо розигии Муассис дар доираи маблағҳои пешбинишуда пажӯҳишгоҳ, факултетҳо, марказҳои таълимӣ, матбаа, нуқтаҳои фурӯши адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ, оммавӣ, дигар намудҳои хизматрасонии таълимӣ ва йнчунин филиалҳо ташкил намояд;

- дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва ғайра иштирок намояд.

15. Донишкада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо (идоракунӣ, молиявию хоҷагидорӣ, кадрӣ ва ғайра) ӯҳдадор мебошад.

16. Донишкада ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Идоракунии Донишкада

17. Мақомоти идоракунандаи Донишкада инҳоянд:

- мақоми олии идоракунӣ - Муассис;

- мақоми иҷроияи дастаҷамъӣ - Шӯрои олимон;

- мақоми иҷроия - Ректор.

18. Ба ваколатҳои истисноии мақоми олии идоракунии Донишкада инҳо дохил мешаванд:

- тасдиқ намудан ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Донишкада;

- таъсиси мақоми иҷроия, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари он;

- қабули қарор дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишкада;

- тасдиқ ва ворид намудани тағйирот ба буҷети солонаи Донишкада;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Оиннома пешбинӣ намудааст.

19. Ваколатҳои зерини Муассис аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад:

- иштирок дар идораи корҳои Донишкада;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамуда гирифтани маълумот дар бораи фаъолияти Донишкада;

- санҷидан ва баҳо додан ба ҳисоботи ҳарсолаи фаъолияти Донишкада ва қабули қарори дахлдор доир ба ҳолатҳои алоҳидаи он;

- шинос шудан бо дафтарҳои муҳосибавию асноди дигари Донишкада;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

20. Мақоми иҷроияи дастаҷамъии Донишкада Шӯрои олимон мебошад, ки барои идораи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, методӣ, иқтисодӣ, молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолияти сохтории Донишкада таъсис дода мешавад.

21. Ҳайати Шӯрои олимон бо фармони Ректор таъин карда шуда, роҳбарии онро Ректор ба ӯҳда дорад.

22. Ваколати Шӯрои олимон:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Донишкада пешниҳод манзур менамояд;

- доир ба ташкили раванди таҳсил, корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Донишкада қарор қабул менамояд;

- буҷети Донишкада, тавозун ва ҳисоботи молиявии онро ҳамасола мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор медиҳад; . .

- натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсияҳо медиҳад;

- масъалаҳои таъсис ва барҳам додани пажӯҳишгоҳҳо, раёсатҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо, бахшҳорр баррасӣ ва пешниҳод манзур менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро бо дарназардошти пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- нақшаҳои кори Донишкадаро дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои ташкили раванди таълим, аз ҷумла тағйири таносуби машғулиятҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои мустақилона ва амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагонро ҳаллу фасл менамояд;

- меъёрҳои намунавии вақтро барои ҳисоби ҳаҷми умумии корҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон иҷро мешаванд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйир медиҳад ва пурра мегардонад;

- масъалаҳои ташкил ва гузаронидани симпозиумҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангиро муайян мекунад;

- номзадҳоро барои дохил шудан ба магистратура, аспирантура ва докторантура баррасӣ намуда, қарор қабул карда, гузаронидан ба вазифаҳои ходими хурд ва калони илмӣ, инчунин додани рухсатии эҷодии 3-моҳа, б-моҳа ва яксола барои ба анҷом расонидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ, тавсия намуда, мавзӯи рисолаҳои номзадиву докториро тасдиқ менамояд;

- барои ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад.

- қоидаҳои ҳавасмандгардонии кормандони Донишкадаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- тартиби ишғол намудани унвонҳои илмӣ ва вазифаҳои кормандони илмию таълимиро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

- низомномаи фаъолияти илмии Донишкадаро тасдиқ мекунад;

- масъалаҳои дигари илмию таълимии вобаста ба фаъолияти Донишкадаро баррасӣ менамояд.

23. Мӯҳлати ваколати Шӯрои олимон 3 сол аст.

24. Фаъолияти Шӯрои олимон мутобиқи нақшаи корӣ сурат мегирад, ки он бо пешниҳоди Ректор дар ҷаласаи Шӯрои олимон баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

25. Ҷаласаи Шӯрои олимон дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.

26. Қарорҳои Шӯрои олимони Донишкада бо овоздиҳии ошкоро ва бо ҷонибдории аз нисф зиёди иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробарии овозҳо овози Ректори Донишкада ҳалкунанда мебошад.

27. Ҳангоми гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои пешбинишуда овоздиҳӣ пинҳонӣ сурат мегирад. Тартиби овоздиҳӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимон муайян карда мешавад.

28. Ҷаласаи Шӯрои олимон дар протокол сабт карда мешавад, ки ба он раиси Шӯрои олимон ва котиби он имзо мегузоранд.

29. Ба мақоми иҷроияи Донишкада Ректор роҳбарӣ мекунад.

30. Ваколатҳои Ректор:

- сохтор, ҷадвали вазифа ва музди меҳнат, тақсимоти ӯҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони Донишкадаро тасдиқ менамояд;

- қоидаҳои қабули довталабонро ба Донишкада тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- низомномаи комиссияи кабул, ҳайати комиссияи қабул ва комиссияи имтиҳонҳои давлатиро тасдиқ мекунад;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмӣ, таҳририю интишоротӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ роҳбарӣ менамояд;

- меъёрҳои сарбории таълимии профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;

- бе ваколатнома манфиатҳои Донишкадаро дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, дигар ташкилотҳо ва дар назди шахсони воқеӣ ҳимоя менамояд;

- моликият ва маблағҳои пулии Донишкадаро ихтиёрдорӣ мекунад;

- фаъолияти молиявию хоҷагидории Донишкадаро ба роҳ монда, харҷномаи ҳарсолаи Донишкадаро барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- чораҳои ҳавасмандкуниро татбиқ месозад;

- ба шартномаҳо имзо мекунад, ваколатномаҳо медиҳад;

- барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- фармонҳоро имзо мекунад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Донишкада ҳатмӣ мебошад;

- дар доираи маблағҳои пешбинишуда сохтори Донишкадаро баррасӣ ва барои тасдиқ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Донишкадаро тасдиқ менамояд;

- дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Ректорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони воҳидҳои маъмурию хоҷагиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- директорони пажӯҳишгоҳ, филиалҳо, роҳбарони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, профессорон, дотсентон, омӯзгорон ва ҳайати дигари кормандони Донишкадаро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- бо кормандони Донишкада шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро мувофиқи қонунгузорӣ бекор менамояд;

- Шӯрои олимон ва мақоми иҷроияи дастгоҳи марказии Донишкада (минбаъд - ректорат)-ро ташкил ва ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ менамояд;

- қабул, хориҷ, барқарор, гузариш ва хатми шунавандагон, донишҷӯён, коромӯзон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ менамояд;

- оид ба назорат ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои олимон дар се моҳ як маротиба ба Шӯрои олимон ҳисобот медиҳад.

31. Масъалаҳои таъҷилии фаъолияти Донишкада аз ҷониби мақоми иҷроияи марказии Донишкада - ректорат баррасӣ карда мешавад. Ба ҳайати ректорат - Ректор, муовини аввали Ректор, муовинони Ректор, деканҳои факултетҳо ва директори пажӯҳишгоҳ, роҳбарони сохторҳои таълимию илмӣ, илмию таҳқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дохил мешаванд.

32. Ректорат ба таври таъҷилӣ масъалаҳои фаъолияти Донишкадаро баррасӣ ва ҳал менамояд.

33. Ҳайати ректорат ва дастури фаъолияти онро Ректор тасдиқ мекунад.

34. Дар Донишкада ташкилоти иттифоқи касаба таъсис дода мешавад, ки фаъолияташро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

5. Ташкили раванди таълим

35. Дар Донишкада тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии мутахассисон ба роҳ монда мешавад. Раванди таълим тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

36. Донишкада ба хатмкунандагоне, ки аз санҷишҳои ҷамъбасти бомуваффақият гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом, шаҳодатнома, гувоҳнома) медиҳад. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои тайёркунӣ ва азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар асоси фармоиши давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

37. Донишкада тайёркунии касбиро дар шакли бакалавр ва магистратура (шаклҳои рӯзона, ғоибона, шабона ва таҳсилоти дуюм) ба роҳ мемонад. Тартиби ташкил ва таҳсил дар бакалавриат ва магистратура мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор амалӣ карда мешавад.

38. Донишкада барои таъмини раванди таълими донишҷӯён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, маводи таълимию методӣ таҳия менамояд.

6. Ҳайати Донишкада

39. Ҳайати Донишкадаро роҳбарият, профессорону омӯзгорон, кормандони ёрирасон ва техникӣ, донишҷӯён, шунавандагон, коромӯзон, магистрантҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ташкил медиҳад.

40. Кормандони Донишкада дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

41. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳайати Донишкадаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, низомномаи воҳидҳои сохторӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ танзим менамояд.

42. Донишкада тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад олимон ва мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣро ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда ҷалб намояд.

43. Кафолати иҷтимоии кормандони Донишкада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

7. Фаъолияти илмӣ, илмию методӣ ва таҳририю интишорӣ

44. Донишкада таҳқиқоти илмӣ ва илмию методӣ мегузаронад.

45. Омӯзгорон ва ходимони илмии Донишкада дар мувофиқа бо Ректор дар симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.

46. Лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақша аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешаванд.

47. Донишкада фаъолияти таҳририю интишорӣ, аз он ҷумла нашри рӯзнома, маҷалла, маводи таълимӣ, илмӣ ва методиро амалӣ менамояд. Фаъолияти таҳририю интишорӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

8. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ва такмили ихтисоси кормандони Донишкада

48. Кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии Донишкада бо роҳи таҳсил дар аспирантура ва докторантура, коромӯзӣ ва унвонҷӯйӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии касбӣ, илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он тайёр кард мешаванд. Пешниҳоди рухсатиҳои эҷодӣ ба кадрҳои илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

49. Бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар Донишкада Шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсионӣ) ташкил карда мешавад.

50. Такмили ихтисоси кормандони Донишкада дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

- омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он;

- фаъолияти эҷодӣ аз рӯи нақшаи инфиродӣ.

9. Робитаҳои байналмилалии Донишкада

51. Донишкада дар доираи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо муассисаҳои дигар ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.

52. Ҳамкориҳои байналмилалии Донишкада дар шаклҳои зайл амалӣ мегарданд:

- даъват намудани омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолияти педагогӣ ва илмӣ;

- фиристодани омӯзгорон, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни Донишкада барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин ба аспирантура, докторантура ва ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ваунвонҷӯйӣ;

- амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак;

- таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишкада;

- амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмию машваратӣ бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;

- гузаронидани конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;

- таҳкими заминаи муосири таълимию методӣ ва илмии Донишкада дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкорӣ дар дигар шаклҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

10. Фаъолияти молиявию хоҷагидории Донишкада

53. Шарту шароити пардохти музди меҳнати кормандони Донишкада ба шарту шароити пардохти музди меҳнати кормандони Агентии хизмат давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад.

54. Маблағгузории корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва хоҷагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.

55. Донишкада аз ҳисоби маблағҳои махсус метавонад ба маоши вазифавии кормандон иловапулӣ муқаррар намояд. Ҳаҷми иловапулӣ ва дигар пардохтҳоро Ректори Донишкада бо дарназардошти самаранокии фаъолияти корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

11. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии Донишкада

56. Донишкада мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти кории худ ҳисоботи муҳосибавиро омода намуда, аз рӯи шакли муқарраршуда баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пеш мебарад ва дар мӯҳлатҳои муайянгардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.

12. Муқаррароти хотимавӣ

57. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишкада мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.