ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бо мутахассисони соҳибкасби идоракунӣ таъмин намудан ва таҳкими заминаи таълимӣ, илмӣ, ташкилию методии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 октябри соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазоратҳои молия, маориф, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маблағгузорӣ, таҳияи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва теъдоди қабули донишҷӯёнро дар мӯҳлати як моҳ ҳал намоянд.
3. Теъдоди умумии кормандони Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" 182 нафар (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шуда, он тибқи қабули шумораи донишҷӯён марҳила ба марҳила амалӣ карда шавад.
4. Лимити мошинҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
5. Маоши кормандони Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо маоши хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси шартномавӣ маблағгузорӣ карда шавад.
6. Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 "Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
26 августи соли 2013, № 1502
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О создании Государственного образовательного учреждения "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан"
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и в целях обеспечения квалифицированными управленческими кадрами и укрепления учебной, научной, организационно-методической базы государственной службы в Республике Таджикистан постановляю:
1. Создать на базе Института повышения квалификации государственных служащих Республики Таджикистан Государственное образовательное учреждение "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан" с 1 октября 2013 года.
2. Министерствам финансов, образования, экономического развития и торговли Республики Таджикистан в течение одного месяца решить вопросы финансирования, утверждения учебных планов и программ и лимита приёма студентов.
3. Установить общую численность сотрудников Государственного образовательного учреждения "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан" в количестве 182 единиц (с учетом обслуживающего персонала) и реализовать поэтапно в соответствии с приёмом численности студентов.
4. Установить для Государственного образовательного учреждения "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан" лимит служебных автомобилей в количестве 4 единиц.
5. Приравнять заработную плату сотрудников Государственного образовательного учреждения "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан" к заработной плате государственных служащих Управления государственной службы при Президенте Республики Таджикистан, осуществив финансирование за счет республиканского бюджета и специальных договорных средств.
6. В двухмесячный срок осуществить разработку и представление на утверждение Президенту Республики Таджикистан Устава Государственного образовательного учреждения "Институт государственного управления при Президенте Республики Таджикистан".
7. Признать утратившим силу Указ Президента Республики Таджикистан от 9 октября 2002 года, №926 "О создании Института повышения квалификации государственных служащих Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
26 августа 2013 года, № 1502
г. Душанбе