Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2014 № 175 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 118 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.

2. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 427 "Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.

3. Дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 427 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 5 калимаҳои "мақомоти давлатии ҷумҳуриявии идораи маориф" ва бандҳои 13 ва 15 калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф" иваз карда шаванд;

- банди 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"16. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9), аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12) ва шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ), ки дар давоми таҳсил аз худ карда шудааст, бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ дода мешавад".

- дар банди 17 калимаҳои "Стандарти таҳсилоти умумиро" ба калимаҳои "Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 19 калимаҳои "асосҳои касбу ҳунар" ба калимаҳои "технология (таълими меҳнат)" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми банди 21 калимаҳои "имтиҳонҳои фосилавии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ" ба калимаҳои "аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм" иваз карда шуда, дар сархати дуюми банди мазкур калимаи "имтиҳонҳоро" ба калимаи "аттестатсия" иваз карда шавад.

4. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 387 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "28" ба рақами "10" иваз карда шавад.

5. Дар Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 387 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В преамбуле постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2011 года, №118 "Об утверждении Типового положения об образовательном учреждении высшего профессионального образования Республики Таджикистан" цифру "28" заменить цифрой "10".

2. В преамбуле постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 июля 2009 года, №427 "Об утверждении Типового положения образовательных учреждений для одаренных учащихся" цифру "28" заменить цифрой "10".

3. Внести в Типовое положение образовательных учреждений для одаренных учащихся, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 июля 2009 года, №427, следующие изменения:

- в пунктах 5, 13 и 15 слова "республиканского государственного органа управления образования" заменить словами "уполномоченный государственный орган в сфере образования";

- пункт 16 изложить в следующей редакции:

"16. Выпускникам образовательных учреждений выдаётся аттестат (свидетельство) об общем основном образовании - для выпускников образовательных учреждений общего основного образования (9 класс), аттестат (свидетельство) об общем среднем образовании - для выпускников образовательных учреждений общего среднего образования (11 класс (12) и свидетельство о профессии (разряд, класс, группа), освоенном за время учебы, с указанием образовательного учреждения";

- в пункте 17 слова "Стандарта общего образования" заменить словами "Государственный стандарт среднего общего образования в Республике Таджикистан";

- во втором абзаце пункта 19 слова "основ профессии" заменить словами "технология (трудовое обучение)";

- в первом абзаце пункта 21 слова "промежуточных переводных и выпускных экзаменов" заменить словами "государственная аттестация по преходу и об окончании", во втором абзаце этого пункта слово "экзаменов" заменить словом "аттестации".

4. В преамбуле постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, №387 "Об утверждении Типового положения негосударственного (частного) общеобразовательного учреждения в Республике Таджикистан" цифру "28" заменить цифрой "10".

5. Внести в Типовое положение о негосударственном обшеобразовательном (частном) учреждений в Республике Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, №387, следующие изменения:

...