Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "10" феврали соли 2014, № 138
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "10" феврали соли 2014, № 138
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 20.01.2018 № 999, аз 03.09.2021 № 249)
(Фармони президенти ҶТ аз 24.06.2015 № 511, аз 20.01.2018 № 999, аз 03.09.2021 № 249)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муассисаи давлатӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад
3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулки алоҳида, тавозуни мустақил, суратҳисоб дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатӣ ва номи Марказ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, бланкҳо, сиккаҳо, нишона, аломатҳои нашрӣ, молӣ ва дигар мушаххасоти зарурӣ мебошад.
4. Ба Марказ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ ҷиҳати амалигардонии корҳои зарурӣ, ки аз нақш ва мақоми Марказ бармеоянд ва бо Оинномаи мазкур муайян шудаанд, вазифа ва ваколатҳои дигар низ дода мешавад.
5. Марказ аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст меорад ва ӯҳдадор мешавад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад менамояд.
6. Марказ ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва шахсони алоҳида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад.
...