ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Дар сархати якуми банди 12 Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "маҷаллаи иттилоотию методии "Довталаб"" ба калимаҳои "маҷаллаи илмию методӣ ва иттилоотии "Арзёбӣ ва таҳсилот"" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 сентябри соли 2021, № 249
ш. Душанбе
3 сентябри соли 2021, № 249
...