Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370, аз 28.03.2024 № 186)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370, аз 28.03.2024 № 186)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186)
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад
Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рӯи вазифа) таъсис дода шуда, ҳайат ва низомномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд)
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2013, № 443
ш. Душанбе
...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370)
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 14(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рӯи вазифа) таъсис дода шуда, ҳайат ва низомномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд) .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2013, № 443
ш. Душанбе
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2013, № 443
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузорин паҳнкунии силоҳи қатли ом(мувофиқи вазифа)
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ(роҳбари Комиссия) ;
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (муовини роҳбари Комиссия);
Муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират ;
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (котиби Комиссия (бо мувофиқа);
Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа).