Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 994 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИПОТЕКА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи ипотека" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 185; №10, мод. 798; с. 2010, №7, мод. 557) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 3 моддаи 7 пас аз калимаҳои "ҳуқуқи истифодаи замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудани он" илова карда шаванд.

2. Ба моддаи 8 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба ду ва зиёда шахсони воқеӣ барои истифодаи якҷоя (бе ҷудокунии ҳиссаи ҳар як саҳмдор дар қитъаи замини умумӣ) дода шудааст, ҳангоми мавҷудияти розигии хаттии ҳамаи саҳмдорон мумкин аст ба гарав гузошта шавад.".

3. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои "Бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ" ба калимаҳои "Ташкилотҳои қарзӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаҳои "замини таъиноти кишоварзӣ" ба калимаҳои "замин бо ҳуқуқи бегона намудани он" иваз карда шаванд.

5. Ба моддаи 12 пас аз калимаи "иҷора" калимаи ", сервитут" илова карда шавад.

6. Дар моддаи 13 калимаи "қонунгузории" ба калимаҳои "тартиби муайяннамудаи Ҳукумати" иваз карда шавад.

7. Қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Молу мулки тибқи шартномаи ипотека ба гарав гузошташуда бо розигии гаравгир мумкин аст аз ҷониби гаравдеҳ ба дигар шахс бегона карда шавад, аз ҷумла бо роҳи фурӯш, тӯҳфа, иваз кардан ва гузаронидани он ба сифати саҳм ба молу мулки ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ ва ё аъзоҳаққии саҳмӣ ба молу мулки кооперативи тиҷоратӣ.".

8. Дар моддаи 33:

- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Баъд аз бори аввал вайрон кардани мӯҳлати пардохт аз тарафи гаравгир ба гаравдеҳ огоҳинома фиристода, таъкид мегардад, ки агар қарз минбаъд дар мӯҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, шартномаи ипотека вайронкарда ҳисобида шуда, маблағи қарз метавонад аз молу мулки ба гарав гузошташуда ситонида шавад.";

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИПОТЕКЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об ипотеке" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 185; №10, ст. 798; 2010 г., №7, ст. 557) следующие изменения и дополнения:

1. Часть 3 статьи 7 после слов "права землепользования" дополнить словами "с правом отчуждения".

2. Статью 8 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Право пользования земельным участком с правом отчуждения, переданное для совместного пользования двум и более физическим лицам (без выделения доли каждого пайщика в общем земельном участке), может быть передано в залог при наличии письменного согласия всех пайщиков.".

3. В части 2 статьи 9 слова "Коммерческие банки и иные кредитные организации" заменить словами "Кредитные организации".

4. В части 3 статьи 11 слова "сельскохозяйственного назначения" заменить словами "с правом отчуждения".

5. Статью 12 после слова "аренды" дополнить словом ", сервитута".

6. В статье 13 слово "законодательством" заменить словами "в порядке, определяемом Правительством".

7. Часть 1 статьи 23 изложить в следующей редакции:

"1. Имущество, заложенное по договору об ипотеке, с согласия залогодержателя может быть отчуждено залогодателем другому лицу, в том числе путем продажи, дарения, обмена, внесения его в качестве вклада в имущество хозяйственного товарищества или общества, либо паевого взноса в имущество коммерческого кооператива.".

8. В статье 33:

- часть 2 дополнить вторым предложением следующего содержания: "После первого нарушения срока платежа, залогодателю со стороны залогодержателя направляется уведомление, указывающее, что если следующая оплата не будет произведена в установленные сроки, то договор об ипотеке будет признан нарушенным и на заложенное имущество может быть произведено взыскание.";

...