Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 363 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011, №358 "Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 15 ноябр то 15 декабри соли 2013 ва дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Балҷувон, Шӯрообод, Мӯъминобод, Ховалинги вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ғончӣ, шаҳрҳои Панҷакент ва Қайроққуми вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара, Нуробод, Рашт, Варзоб ва шаҳри Роғун аз 15 сентябр то 15 октябри соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ гузаронида шавад.".

2. Дар сархати панҷуми банди 10 Тартиби гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, №291 тасдиқ карда шудааст, рақами "10" ба рақами "4" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 363

 ш. Душанбе