Тартиби гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 291

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №291

тасдиқ шудааст

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №291

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 363)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 363)

1. Барӯйхатгирии кишоварзӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, ҳам дар маҳалҳои деҳот ва ҳам шаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои ёрирасони аҳолиро, новобаста аз андозаи онҳо, фаро мегирад.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дорои ҳайати махсус ва объектҳои пӯшида, ки барои таъминоти эҳтиёҷоташон маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд, тибқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро дар хоҷагиҳои ёрирасони худ таъмин менамоянд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии шахсоне, ки барӯйхатгирии кишоварзиро мегузаронанд, ҳамчунин ҳифзи варақаҳои барӯйхатгирӣ ва хуҷҷатҳои дигари барӯйхатгириро таъмин менамояд.

4. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ҷиҳати ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ ва манзилҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак расонида, иҷрои онҳоро зери назорат мегирад.

5. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методиро оид ба тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намуда, дар асоси дархости онҳо шумораи зарурии нақшаҳои шаҳрҳо, шаҳракҳо, ноҳияҳо, деҳаҳои калонро барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ нусхабардорӣ менамоянд.

6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии "Ховар" ба инъикоси ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани баруйхатгирии кишоварзӣ дар воситаҳои ахбори омма мусоидат менамоянд.

...

Приложение 3

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "31" мая 2012, года №291

Приложение 3

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "31" мая 2012, года №291

Порядок

проведения переписи сельского хозяйства Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.08.2013г. №363)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.08.2013г. №363)

1. Перепись сельского хозяйства проводится на всей территории страны, как в сельской, так и в городской местности и будет охватывать всех сельскохозяйственных производителей, включая подсобные хозяйства населения, независимо от их размера.

2. Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство внутренних дел Республики Таджикистан, Министерство юстиции Республики Таджикистан, Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороны при Правительстве Республики Таджикистан, Национальная гвардия Республики Таджикистан и другиеминистерства и ведомства, имеющие специальные контингенты и закрытые учреждения, производящие сельскохозяйственную продукцию для собственных нужд, обеспечивают проведение переписи сельского хозяйства в своих подсобных хозяйствах в порядке и сроках, установленных Агентством по статистике при Президенте Республики Таджикистан.

3. Министерство внутренних дел Республики Таджикистан обеспечивает безопасность лиц, проводящих перепись сельского хозяйства, а также сохранность переписных листов и иных документов переписи.

4. Государственным унитарным предприятием "Жилищно-коммунальное хозяйство" осуществляется помощь местным исполнительным органам государственной власти в проведении работ по упорядочению наименований улиц, нумерации жилых домов и квартир на территории Республики Таджикистан и контроль над их исполнением

5. Государственным комитетом по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан, Агентством по строительству и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан осуществляется методическое руководство по изготовлению картографического материала для местных исполнительных органов государственной власти по их заказам, размножение и выдача необходимого количества планов городов, поселков, районов и крупных сел для проведения переписи сельского хозяйства.

...