×

Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ аз 3 августи соли 2013, № 344

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 344

тасдиқ шудаст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 344

тасдиқ шудаст

Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", ки талаботи ягонаро ба ташкили нигоҳдорӣ, таъмини беосеб нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, тавсиф, баҳисобгирӣ, истифода намудан ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муқаррар менамояд, таҳия гардидааст.

2. Бо мақсади сари вақт қабул намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта, таъмини баҳисобгирии онҳо, нигоҳдорӣ, тартиб ва истифодаи он тибқи Қоидаҳои мазкур, бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ таъсис дода мешаванд.

3. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ дар ҳайати Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ таъсис гардида, қабул ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории минбаъдаи онҳо дар раванди таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ таъмин менамояд.

4. Муассисаи суғурта мутобиқи Қоидаҳои мазкур бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо бинои зарурӣ ва таҷҳизот таъмин менамояд.

5. Шумора ва тахассуси мутахассисони бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии корҳои иҷрогардида дар доираи шумораи муқарраргардида ва фонди музди меҳнат муайян карда мешаванд.

6. Шаклҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бойгонии баҳисобгирии инфиродии дар Қоидаҳои мазкур зикршуда аз ҷониби муассисаи суғурта тасдиқ мегарданд.

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №344

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №344

Правила организации архивов документов персонифицированного учёта и уничтожения первичных документов персонифицированного учета

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г.№709)

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.11.2014г.№709)

1. Общие положения

1. Настоящие Правила организации архивов документов персонифицированного учёта и уничтожения первичных документов персонифицированного учета (далее - Правила) разработаны в соответствии с законами Республики Таджикистан "О персонифицированном учете в системе обязательного пенсионного страхования" и "Об обязательном пенсионном страховании" и устанавливают единые требования к организации хранения, обеспечения сохранности, комплектования, описания, учета, использования и уничтожения документов персонифицированного учета в системе обязательного пенсионного страхования.

2. В целях своевременного приема документов персонифицированного учета от низовых структурных подразделений страховщика, обеспечения их учета, сохранности, упорядочения и использования в соответствии с настоящими Правилами создаются архивы документов персонифицированного учета.

3. Архив документов персонифицированного учета создается как структурное подразделение в составе территориального Регионального центра персонифицированного учета, осуществляющего прием и хранение документов персонифицированного учета с целью их дальнейшего использования в процессе назначения и выплаты страховых пенсий.

4. Страховщик обеспечивает архив документов персонифицированного учета необходимым помещением и оборудованием в соответствии с настоящими Правилами.

5. Численность и квалификация специалистов архива документы персонифицированного учета определяется, исходя из объёма и сложности выполняемых работ в переделах установленной численности и фонда оплаты труда.

6. Формы учетных и иных документов архива документов персонифицированного учета, упоминаемые в настоящих Правилах, устанавливаются страховщиком.

...