ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродии маълумотро оид ба шахсони дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ зарур мебошад;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии нафақавӣ анҷом дода мешавад;
- суғуртакунанда - шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса ва дигар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон), ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - саҳми суғурта) - ро пардохт менамоянд;
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатие, ки баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- саҳми суғурта - пардохти ҳатмӣ барои нафақаи суғуртавӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад;
- ҳисобҳои актуарӣ - таҳлили молиявии фаъолияти низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ барои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат бо назардошти вазъи демографӣ, бозори меҳнат ва вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ки арзёбии ӯҳдадориҳои молиявии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва пешгӯии оқибати молиявии ҳама гуна тағйиротро дар ин низом дар бар мегирад;
- бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - сохтори таркибии муассисаи суғурта, ки қабулу ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии дар натиҷаи баҳисобгирии инфиродии маълумот дар бораи шахсони суғурташуда ташкилёфтаро амалӣ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти инфиродиро оид ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунанда, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва ё суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ташаккул ёфтаанд, дар бар мегиранд;
- суратҳисоби инфиродӣ - варақаи шахсии баҳисобгирии шахси суғурташуда, ки барои баҳисобгирӣ ва муомилоти сармояи нафақавӣ пешбинӣ шудааст ва тамоми муносибатҳои байниҳамдигарии молиявӣ (амалиёт оид ба ҳисоби маблағ, пардохти саҳми суғуртавӣ, индексатсияи онҳо ва пардохтҳои суғуртавӣ)-ро бо муассисаи суғурта инъикос намуда, дар шакли электронӣ ҳамчун маҷмӯи қайдҳо дар мошинҳои ҳомили иттилоот нигоҳ дошта мешавад;
...