Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 323
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси талаботи моддаи 26 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби баҳисобгирӣ, додани рақами мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андозро муайян менамояд.
2. Бо мақсади таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон, агентҳои андоз, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, бояд дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифта шаванд.
3. Баҳисобгирӣ тибқи асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори (қонунии) вай;
- иттилооти мақоми ваколатдор ва (ё) дигар мақомот;
- иттилооти ташкилоти қарзӣ;
- иттилооти мақомоти ҳудудии андоз.
4. Баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз инҳоро пешбинӣ менамояд:
- баҳисобгирии шахси воқеӣ;
- баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи он;
- баҳисобгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- баҳисобгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
- баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди андозсупоранда дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- баҳисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электронӣ.
5. Баҳисобгирии воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои филиал ва намояндагиҳо) дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо, инчунин баҳисобгирии объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди андозсупорандагон дар маҳалли ҷойгиршавии (бақайдгирии) онҳо, бо додани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан анҷом дода мешавад.
6. Ба ҳисоб гузоштан ва аз ҳисоб баровардани андозсупорандагон дар мақомоти андоз ройгон анҷом дода мешавад.
7. Баҳисобгирии андозсупоранда дар давоми 3 рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
2. Қоидаҳои ба андозсупоранда додани рақами мушаххас
8. Ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда, ба ҳар як андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ (филиал ва намояндагии он), шахси воқеӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва (ё) муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад.
9. Ҳуҷҷате, ки ба ҳисоб гузоштани андозсупорандаро дар мақомоти андоз тасдиқ менамояд, Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва Тасдиқнома дар бораи баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди андозсупорандагон мебошад (тибқи замимаҳои 1 ва 8 ба Қоидаҳо).
10. Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода намешавад ва ба андозсупорандаи дигар (ҳар кадом шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ҳатто ҳангоми барҳамхӯрии андозсупорандаи мазкур - шахси ҳуқуқӣ, катъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё фавти андозсупоранда - шахси воқеӣ дода намешавад.
11. Рақами мушаххаси андозсупоранда аз нӯҳ аломати рақамӣ иборат буда, бо тариқи рақамгузории электронӣ ташаккул ёфта, ахбороти зеринро дар бар мегирад:
+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----ҷ
| N | N | А | X | X | X | X | X | С |
+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+
NN - рамзи нозироти андозе, ки ин андозсупорандаро ба қайд гирифта, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудааст;
А - рақаме, ки мақоми (статуси) андозсупорандаро муайян менамояд;
- аз 0 то 4, аломати андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ;
- аз 5 то 9, аломати андозсупорандагон - шахсони воқеӣ;
ХХХХХ - рақами тартибии андозсупорандагон;
С - рақами назоратии алгоритмӣ, ки ҳолатҳои рақамгузории комилан мутобиқро истисно мекунад.
12. Шахсони воқеии ба синни 16 сола расида (резидентҳо) ӯҳдадоранд, ки барои баҳисобгирӣ (ба қайди андозӣ) гузоштан ва бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин гардидан ба мақомоти андози маҳалли зист (истиқомат) муроҷиат намоянд.
13. Бо мақсади ба баҳисобгирӣ гузоштан ва гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда, шахси воқеӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба мақомоти андози маҳалли зисти худ дар баробари аризаи шакли тасдиқшуда (тибқи замимаи 2 ба Қоидаҳо), шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - шиноснома), ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад пешниҳод намояд.
14. Шахси воқеии хориҷӣ бо мақсадҳои гузоштан ба баҳисобгирӣ ва гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда вазифадор мебошад, ки ба мақомоти андози маҳалли истиқомати (будубоши) муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варақаи муҳоҷирати он нишон дода шудааст, дар баробари ариза (тибқи замимаи 2 ба Қоидаҳо), нусхаи шиносномаро (ва ё ҳуҷҷати онро ивазкунандаро) бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки бо тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст (нусха) пешниҳод намояд.
15. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти варақаи муҳоҷиратӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас маҳалли будубоши шахси воқеии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба мақомоти андоз пешниҳодшуда нишон дода шудааст.
16. Шахси воқеии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани даромад меояд, вазифадор аст, ки дар баробари пешниҳоди ариза барои барасмиятдарории фаъолияти соҳибкории худ, инчунин ба мақомоти андоз ариза (тибқи замимаи 2 ба Қоидаҳо) барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда пешниҳод намояд.
17. Шахсони ҳуқуқии хориҷӣ - ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур соҳиби муассисаи доимӣ ҳисобида мешаванд, агар:
а) тавассути агенти ваколатдор ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
б) тавассути кормандон ё ҳайати кормандони барои ин мақсадҳо кирояшуда пайваста бештар аз 90 рӯзи тақвимӣ дар тамоми давраи муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонад;
в) иштирокчии шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, бошад;
г) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои пулакӣ гузаронад ва (ё) дар ин намоишгоҳҳо таҳвили (фурӯши) молро анҷом диҳад;
д) дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба резидент ё ғайрирезидент ҳуқуқи манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ӯ амал намудан ва ё қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) бастанро диҳад.
18. Инчунин, муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ - ғайрирезидентҳо инҳо ба ҳисоб мераванд:
- маҳалли амалӣ намудани фаъолияти марбут ба истеҳсол, коркард, ҷамъу такмил (комплекткунӣ), бастабандӣ (фасовка), борбандӣ ва таҳвили мол, новобаста ба мӯҳлати амалисозии чунин фаъолият;
- маҳалли идоракунии ғайрирезидент (аз ҷумла филиал, шӯъба, намояндагӣ, бюро, идора, офис, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, устохона, сех, лаборатория, мағоза, анбор), новобаста ба мӯҳлати амалисозии чунин фаъолият;
- маҳалли амалисозии фаъолият, аз ҷумла дастгоҳ ё майдонча, таҷҳизоти пармакунӣ ё дигари барои иктишофи захираҳои табиӣ истифодашаванда, кон, чоҳи нафт ва (ё) газ, карер, манораҳои рӯизаминӣ ё рӯиобӣ ва (ё) чоҳҳо, новобаста ба мӯҳлати амалисозии чунин фаъолият;
- маҳалли амалисозии фаъолияти (аз ҷумла амалисозии фаъолияти назоратию нозиротӣ ё мушоҳидакунӣ) вобаста ба қубургузарҳо, қубурҳои газу нафт, иктишоф ва (ё) коркарди захираҳои табиӣ, насбу васлкунӣ, танзим, баистифодадиҳӣ ва (ё) хизматрасонии таҷҳизот, новобаста ба мӯҳлати амалисозии чунин фаъолият;
- маҳалли дигари амалисозии фаъолияти вобаста ба истифодаи автоматҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва алоқа, аттраксионҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва ғайра, новобаста ба мӯҳлати истифодабарии онҳо;
- пойгоҳи доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.
19. Санаи оғози амалисозии фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои зерин эътироф мешавад:
а) рӯзи бастани қарордод (шартнома, созишнома):
- барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои амалӣ намудани фаъолияти якҷоя (иштирок намудан дар ширкати оддӣ);
- барои додани ваколати аз номи вай (ғайрирезидент) амал намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои хариди (ба даст овардани) молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳвили минбаъдаи онҳо;
- барои хариди (ба даст овардани) корҳо (хизматрасониҳо) бо мақсади амалӣ намудани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санаи бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фурӯш, шартнома дар бораи иҷораи молу мулк, иҷрои кор (хизматрасониҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки ба кушодани идора (офис) ишора мекунад;
б) дар ҳолати мавҷудияти якчанд шарти ҳамин банд, рӯзи оғози амалисозии фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи бастани якумин (аз ҳама аввалин) аз қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) пешбинишуда ба ҳисоб меравад.
20. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқии ғайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобиқи зербанди д) банди 17 Қоидаҳои мазкур ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент баррасӣ карда мешавад, ӯҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи ба имзо расонидани созишномаи дахлдор (шартнома, қарордод) бо шарики худ барои ба баҳисобгирӣ гузоштани шарикаш ё дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи амалан оғоз намудани чунин фаъолият бо мақсади додани рақами мушаххаси андозсупоранда ба шарикаш - шахси ҳуқуқии ғайрирезидент ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намояд.
21. Новобаста ба муқаррароти пешбининамудаи бандҳои 17, 18 ва 19 Қоидаҳои мазкур, шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути филиал ва намояндагиҳо амалӣ менамоянд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз қайди давлатӣ гузашта, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани онҳо аз ҷониби мақоми бақайдгирандаи давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
22. Намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар банди 25 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда ва ариза (тибқи замимаи 3 ба Қоидаҳо) дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ба баҳисобгирӣ гузошта мешаванд.
23. Шахсони ҳуқуқӣ (резидентҳо), инчунин филиал ва намояндагиҳои таъсиснамудаи онҳо, ки бақайдгирии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (мақомоти андоз) амалӣ мегардад, аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба ҳисоб гузошта ва бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин карда мешаванд.
24. Ба ҳисоб гузоштан ва таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо рақами мушаххаси андозсупоранда дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) он, бо пешниҳоди ариза (тибқи замимаи 3 ба Қоидаҳо) анҷом дода мешавад. Ҳангоми баҳисобгирии мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.
25. Шахсони ҳуқуқие, ки бақайдгирии давлатии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад, дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) онҳо, дар асоси пешниҳоди ариза (тибқи замимаи 3 ба Қоидаҳо) ба баҳисобгирӣ гузошта, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин карда мешаванд.
26. Ҳангоми гузоштан дар баҳисобгирӣ, шахсони ҳуқуқие, ки дар бандҳои 23 ва 24-и Қоидаҳои мазкур зикр гардидаанд, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) худ бо ариза муроҷиат намуда, инчунин мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи тасдиқшудаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъсисёбии шахси ҳуқуқиро пешниҳод менамоянд.
27. Дар ҳолати пайдо гаштани мушкилиҳо ба андозсупоранда вобаста ба муайянсозии маҳалли ба ҳисоб гузоштан, дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи ӯ, мақомоти андози маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) андозсупоранда (шахси ҳуқуқӣ) қарори дахлдорро қабул менамояд.
3. Қоидаҳои истифодаи рақами мушаххаси андозсупоранда
28. Андозсупорандагон вазифадоранд рақами мушаххаси андозсупорандаи худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақоми ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чиптаҳои мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, инчунин дар ҳуҷҷатҳои корӣ (қарордодҳо, шартномаҳо) зикр намоянд.
29. Рақами мушаххаси андозсупорандаи додашуда ба шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо роҳи мӯҳргузорӣ ва сабт намудани рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешавад.
30. Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд ҳангоми гузаронидани амалҳои (амалиёт, аҳдҳои) зерин, аз он ҷумла тавассути мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, тасдиқи ба онҳо дода шудани рақами мушаххаси андозсупорандаро талаб намоянд:
- амалҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситонидани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст;
- додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи замин;
- ба кор қабул намудан дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо;
- барасмиятдарории амалиёти иқтисодии хориҷӣ;
- маблағгузаронӣ берун аз ҳудуд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба тариқи қарз додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рӯи мӯҳлат), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рӯи суратҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ.
4. Қоидаҳои тағйир додан, ислоҳ намудан ва бекор кардани рақами мушаххаси андозсупоранда
31. Дар ҳолатҳои истисноӣ дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз роҳ додани иштибоҳ ҳангоми ба ҳисоб гузоштани андозсупоранда ва додани рақами мушаххаси андозсупоранда (нодуруст додани рақами мушаххаси андозсупоранда, додани ҳамон як рақами мушаххаси андозсупоранда ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як рақами мушаххаси андозсупоранда ба ҳамон як андозсупоранда), рақами мушаххаси андозсупорандаи додашуда бояд тағйир дода шавад.
32. Ҳангоми ислоҳ намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, мақомоти андоз вазифадор аст, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупорандаро бозхонд намояд ва бар ивази он Шаҳодатномаи навро бо дарназардошти ислоҳоти воридшуда диҳад.
33. Рақами мушаххаси ба шахси воқеӣ дода шуда, танҳо дар ҳолатҳои фавт, дар асоси қарори суд фавтида эътироф шудан ва дар асоси маълумоти мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва (ё) муроҷиати хаттии шахсони наздики (хешу табори) шахси воқеии фавтида ҷиҳати бедарак ғоиб шудани шахси воқеӣ аз ҷониби мақомоти андозе, ки ин шахси воқеӣ дар қайди он мебошад, бекор карда мешавад.
34. Рақами мушаххаси шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои таъсиснамудаи онҳо, ки бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" анҷом дода шудааст, дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур бекор карда мешавад.
35. Инчунин, рақами мушаххаси андозсупорандаи шахси ҳуқуқӣ мумкин аст, ки дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин бекор карда шавад:
- агар қарори суд оид ба барҳамдиҳӣ ва ё муфлис эътироф кардани шахси ҳуқуқӣ қабул шуда бошад;
- ҳангоми аз қайди давлатӣ нагузаштани андозсупоранда ва ё нагузаштани азнавбақайдгирӣ дар мӯҳлати муқарраргардида;
- ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, дар шакли муттаҳидшавӣ, ҷудошавӣ, ҳамроҳкунӣ ва тақсимшавӣ.
36. Рақами мушаххаси шахсони ҳуқуқӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, танҳо дар ҳолати барҳамдиҳӣ ва қатъ шудани фаъолияти онҳо бекор карда мешавад. Бекоркунии рақами мушаххаси андозсупорандаи чунин субъектҳо, аз ҷониби мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ бо пешниҳоди ариза амалӣ карда мешавад (тибқи замимаи 4 ба Қоидаҳо).
37. Ҳангоми барҳамдиҳӣ андозсупоранда вазифадор аст, ки нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупорандаро ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ва (ё) мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ, баргардонад.
38. Ҳангоми бекор кардани рақами мушаххаси андозсупоранда, мақомоти андоз вазифадор аст дар давоми 3 рӯзи корӣ, ба андозсупоранда Маълумотнома оид ба аз Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагон хориҷ намудани андозсупоранда пешниҳод намояд (тибқи замимаи 5 ба Қоидаҳо).
39. Ҳангоми аз тарафи андозсупоранда гум кардани нусхаи аслии Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, мақомоти андоз вазифадор аст, ки баъди пешниҳоди аризаи хаттӣ на дертар аз 3 рӯзи корӣ андозсупорандаро бо Шаҳодатномаи нав бо сабти "Нусха" таъмин намояд.
40. Ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд) ӯҳдадоранд, ки суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ) танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ менамоянд ва инчунин пешниҳоди мактуби ахборотӣ дар бораи кушодани суратҳисобҳои бонкӣ кушоянд (тибқи замимаи 6 ба Қоидаҳо).
41. Ҳамзамон дар мӯҳлати 5 рӯз ба воситаи шабакаҳои алоқаи электронӣ ё дар шакли чопӣ мақомоти андозро дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисоби бонкӣ огоҳ намоянд.
42. Пешниҳоди электронии маълумотҳо оид ба кушода шудани суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти андоз ва ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад.
43. Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, ки бе дарҷи рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ аз рӯи суратҳисобҳо амалиёт анҷом надиҳанд.
5. Қоидаҳои додани рамзҳои сабабҳои баҳисобгирӣ
44. Рамзи сабабҳои баҳисобгирӣ - рамзи махсуси бақайдгирӣ мебошад, ки он аз ҷониби мақомоти андоз ҳангоми мавҷуд будани объектҳои андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди андозсупорандагон бо мақсади таъмини назорат ва ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дода мешавад.
45. Ҳангоми фаъолият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воҳиди алоҳида (ба истиснои филиал ва намояндагиҳо), ариза оиди ба баҳисобгирӣ гузоштани воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) онҳо, дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди таъсиси чунин воҳиди алоҳида пешниҳод карда мешавад.
46. Рамзи сабабҳои баҳисобгирӣ аз дувоздаҳ аломати (рақам ва ҳуруфоти лотинии) бо тартиби электронӣ ташаккулёфта иборат буда, ахбороти зеринро дар бар мегирад:
+----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+---ҷ
| А | А | В | В | С | D | F | F | F | F | F | J |
+----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+-----+---+
АА - рамзи нозироти андозе, ки ин андозсупорандаро ба қайд гузоштааст (рақамӣ);
ВВ - рамзи нозироти андозе, ки воҳиди алоҳидаи таъсиснамудаи андозсупорандаро дар маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд ба қайд гузоштааст (рақамӣ);
С - шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ҳуруфот),
аз ҷумла:
А - шахси ҳуқуқӣ;
В - шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ);
D - рамзи сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, агар;
А - вобаста ба молу мулки ғайриманқул;
В - вобаста ба воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, мутобиқ ба банди 36 моддаи 17 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С - вобаста ба воситаи нақлиётии бақайдгирифташуда;
D - вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба пардохти дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва (ё)маҳаллӣ;
Е - вобаста ба низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ;
F - вобаста ба низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти
кишоварзӣ (андози ягона);
G - вобаста ба пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ, мутобиқ ба қисми 1 моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Н - вобаста ба пардохти андоз аз фоида, мутобиқ ба қисми 3 моддаи 158 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
I - вобаста ба бақайдгирии ғайрирезидент ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, мутобиқ ба қисми 4 моддаи 160 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
J - вобаста ба бақайдгирии ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехарад (мефурӯшад);
К - вобаста ба бақайдгирии ғайрирезиденте, ки тавассути агенти ваколатдор ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё)суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
FFFFF - аломати тартибии бо ҳуруфоти лотинӣ (аз А то Z) ташаккулёбанда, ки рақами тартибии бақайдгирии объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманди андозсупорандаро муайян месозад ва тартиби ташаккули он аз ҷониби мақомоти андоз муқаррар карда мешавад;
J - ҳарфи назоратӣ, ки тавассути ҳуруфоти лотинӣ (аз А то Z) ташаккул ёфта, ҳолатҳои рамзгузории комилан мутобиқро истисно мекунад.
47. Агар андозсупоранда дар яке аз мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, дар ҳудуди дигар минтақаи ҷумҳурӣ дорои объекти андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд бошад, инчунин ҷойҳои кории ба мӯҳлати зиёда аз як моҳи тақвимӣ ташкилшуда (ҷои кори статсионарӣ) ва (ё) ҳайати кормандонеро, ки бо ташкилот ё ҳамин воҳид тибқи муносибатҳои танзимкунандаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, дошта бошад, бояд дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии ин объектҳо бо пешниҳоди ариза ба ҳисоб гузошта шавад (тибқи замимаи 7 ба Қоидаҳо).
48. Ариза дар бораи баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳои андозбандӣ ё объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд дар маҳалли ҷойгиршавиашон аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 10 рӯзи пас аз пайдоиши ин ҳолатҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.
49. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси далелҳо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки мутобиқи моддаи 27 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо пешниҳод шудаанд, инчунин иттилооти ба онҳо дастрасшуда, ки барои мақсадҳои ба баҳисобгирӣ зарур ва кифоя мебошад, мустақилона (то давраи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза) ба баҳисобгирӣ гузоштани андозсупорандагонро дар мақомоти андоз таъмин намоянд.
50. Мақомоти андоз ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ баъди пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, андозсупорандаро дар маҳалли ҷойгиршавии объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди он ба баҳисобгирӣ гузорад, ва дар ҳамин мӯҳлат бо Тасдиқнома дар бораи додани рамзҳои сабабҳои баҳисобгири таъмин созад (тибқи замимаи 8 ба Қоидаҳо).
51. Рамзҳои сабабҳои баҳисобгирӣ ба андозсупоранда дода шуда, танҳо дар асоси муроҷиати хаттии андозсупоранда бо пешниҳоди ариза бекор карда мешавад.
52. Мақомоти андоз тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро тариқи махзани иттилоотӣ пеш мебарад ва ҳифзи иттилооти дар он ҷамъоваришавандаро таъмин менамояд.
53. Рамзҳои минтақавии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (мақомоти андоз) муайян карда мешавад (тибқи замимаи 9 ба Қоидаҳо).
