ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқобод 5 декабри соли 2012 ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
10 майи соли 2013, № 1452