Тартиби мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ аз 2 майи соли 2013, № 213

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 213

 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2013, № 213

 тасдиқ шудааст

Тартиби мусоидат намудан ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта дар иваз намудани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Тартиби мазкур, ки мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" (минбаъд - Қонун) таҳия гардидааст, ба сифати яке аз чораҳои амниятӣ нисбат ба шахсони таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта (минбаъд - шахсони ҳимояшаванда) барои мусоидат намудан дар иваз кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ, ки ба сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судӣ ва тафтиши ариза (маълумот) оид ба ҷиноят аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор ба вуҷуд меояд, ба танзим медарорад.

2. Чораҳои амниятии зикршуда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ваколатдор, ки ба онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани чораҳои амниятӣ вогузор карда шудааст (минбаъд - мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ), амалӣ гардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Иваз намудани ҷои кор (хизмат), таҳсили муваққатӣ ё доимии шахси ҳимояшаванда ҳамчун чораи амниятӣ мутобиқи моддаи 11 Қонун аз ҷониби мақоме, ки чораҳои амниятиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин ҷиноятҳое амалӣ месозад, ки моҳиятан барои татбиқ намудани чораҳои ҳимояи давлатӣ муҳим мебошанд, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии шахси ҳимояшаванда татбиқ карда мешаванд.

4. Мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ бо ҷалби мақомоти шуғли аҳолӣ, мақомоти маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сифати чораи амниятӣ интихоб ва таъин намудан бо ҷои кори нави ба шахси ҳимояшаванда мувофиқ, баробармузд ва мисли пештара ё барои таҳсили муваққатӣ ва доимӣ мусоидат мекунад.

5. Иваз намудани ҷои кор (хизмат) мутобиқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазифаи мувофиқ ва баробармузд ё вазифаи дигар аз рӯи ихтисос, бо нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ), ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад, татбиқ карда мешавад.

6. Иваз намудани ҷои таҳсил, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, таҳсилоти ҳатмии миёна, олӣ ва ҳама гуна таҳсилоти баъди хатми мактаби олӣ амалӣ карда мешавад.

7. Ҳангоми ба ҷои кор (хизмат) ё таҳсили муваққатӣ ё доимӣ таъин намудани шахси ҳимояшаванда, ҳуқуқи ӯ барои барқарор намудан ба ҷои кор (хизмат) ё таҳсили пештара нигоҳ дошта мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 213

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2013 года, № 213

Порядок оказания содействия лицам, подлежащим государственной защите, в изменении постоянного или временного места работы (службы) или учебы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Настоящий Порядок, разработанный в соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственной защите участников уголовного судопроизводства" (далее - Закон), регулирует применение в отношении лиц, подлежащих государственной защите (далее именуютсязащищаемые лица) в качестве одной из мер безопасности для оказания содействия в изменении постоянного или временного места работы (службы) или учебы, возникающих в связи с их участием в уголовном судопроизводстве и рассмотрении заявлений (сообщений) о преступлениях уполномоченными на то государственными органами.

2. Перечисленные меры безопасности осуществляются органами внутренних дел Республики Таджикистан, Министерством юстиции Республики Таджикистан, Министерством обороны Республики Таджикистан, Министерством образования и науки Республики Таджикистан, Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, Агентством по контролю за оборотом наркотиков при Президенте Республики Таджикистан, Агентством по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан и иными государственными органами, на которых в соответствии с законодательством Республики Таджикистан возложено осуществление отдельных мер безопасности (далее - органы, осуществляющие меры безопасности) (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3. Изменение постоянного или временного места работы (службы) или учебы, как мера безопасности применяется в соответствии со статьей 11 Закона, органом осуществляющим меры безопасности, по уголовным делам о тяжких и особо тяжких преступлениях, а также по. преступлениям, являющимся существенно важным для применения меры государственной защиты, в целях защиты жизни и здоровья защищаемого лица.

4. Орган, осуществляющий меры безопасности, в качестве меры безопасности оказывает содействие в подборе и устройстве на временное или постоянное (подходящее защищаемому лицу) место работы (службы) или учебы, равноценной, аналогичное прежнему, с привлечением органов занятости населения, органов образования и местных исполнительных органов государственной власти.

5. Изменение места работы (службы) осуществляется в соответствии с трудовым законодательством Республики Таджикистан, законодательством о государственной службе Республики Таджикистан с предоставлением соответствующей равноценной должности либо иной должности по специальности с сохранением трудового (страхового) стажа, дающего право на пенсию.

6. Изменение места учебы осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан об образовании, об обязательном среднем, высшем и ином послевузовском профессиональном образовании.

7. При устройстве защищаемого лица на временное место работы (службы) или учебы за ним сохраняется право на восстановление по прежнему месту работы (службы) или учебы.

...