×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 644 "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 865)

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 865)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, чораҳои амниятӣ, дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда ва тартиби татбиқи онҳоро танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (минбаъдҳимояи давлатӣ) тибқи Қонуни мазкур татбиқ намудани чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки онҳо (минбаъд - чораҳои амниятӣ) равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда (минбаъд - чораҳои дастгирии иҷтимоӣ) бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Моддаи 2. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо чораҳои ҳимояи давлатӣ татбиқ мегарданд

1. Чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии ҷиноятӣ татбиқ мегарданд:

- прокурор - айбдоркунандаи давлатй;

- ҷабрдида;

- шоҳид;

- айбдоркунандаи хусусӣ;

- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгарон ва намояндагони қонунии онҳо, инчунин шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ ё таъқиби чиноятӣ қатъ карда шудааст;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О государственной защите участников уголовного судопроизводства

(в редакции Закона РТ от 03.07.2012г.№865)

(в редакции Закона РТ от 03.07.2012г.№865)

Настоящий Закон регулирует правовые основы государственной защиты участников уголовного судопроизводства, меры безопасности и социальной поддержки указанных лиц и порядок их применения.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Государственная защита участников уголовного судопроизводства

Государственная защита участников уголовного судопроизводства (далее-государственная защита), в соответствии с настоящим Закономосуществление уполномоченными государственными органами мер безопасности, направленных на защиту их жизни, здоровья и (или) имущества (далее - меры безопасности), а также мер социальной поддержки указанных лиц (далее - меры социальной поддержки) в связи с их участием в уголовном судопроизводстве.

Статья 2. Лица, в отношении которых применяются меры государственной защиты

1. Меры государственной защиты применяются к следующим участникам уголовного судопроизводства:

- прокурору- государственному обвинителю;

- потерпевшему;

- свидетелю;

- частному обвинителю;

- подозреваемому, обвиняемому, подсудимому, осужденному, оправданному, их защитникам и законным представителям, а также лицу, в отношении которого уголовное дело либо уголовное преследование было прекращено;

...