Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю ёрдампулӣ ба ашхоси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намуда, шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти прокуратура ва дар вазифаи судья хизматнамуда ва аъзои оилаҳои онҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 104, аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253, аз 30.03.2013 № 171, аз 29.08.2015 № 556)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби амалӣ намудани ин қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа баъди ҷавоб шудан аз хизмат ба афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати таъҷилӣ ва аскароне, ки мувофиқи шартнома хизмати ҳарбиро адо намудаанд, маллоҳон, сержантҳо ва старшинаҳо /минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ/, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаи тахассус мебошанд, инҳо ҳисоб карда мешаванд ():
- хизмати ҳарбӣ /аз ҷумла мувофиқи даъват/ дар Қувваҳои мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва роҳи оҳан, қисмҳои алоқаи ҳукуматӣ, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва разведкаи берунӣ, дигар қисмҳои ҳарбии мувофиқи қонунгузорӣ ташкилкардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ИҶШС ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил:
- хизмат дар мақомоти амнияти собиқ ИҶШС дар вазифаҳои ҳайати оперативӣ/ ба шумули давраи омӯзиш/, ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ то 1 октябри соли 1995, аз рӯи рӯйхати вазифаҳое, ки Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- хизмат дар милиция, мақомот ва муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қисмҳои ҳарбигардонидашудаи муҳофизати сӯхтор, дигар муассисаҳо ва қисмҳои мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ /муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ/-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС дар вазифаҳои ҳайати афсарӣ, сержантӣ, қаторӣ ва фармондеҳӣ /аз ҷумла дар вазифаҳои таҷрибаомӯз/ ();
- хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ашхоси дорои рутбаҳои махсус;
- хизмат дар мақомоти полицияи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кормандони дорои рутбаҳои махсус;
- хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ /армияҳо, қӯшунҳо/, мақомоти амният ва дигар қисмҳои ҳарбии мувофиқи қонунгузорӣ ташкилгардида, хизмат дар мақомоти корҳои дохилии /полицияи/ дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳод дохил намешаванд ва бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС шартномаҳоро оид ба таъминоти иҷтимоӣ, ки баҳисобгирии мутақобиларо ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақаи хизматчиёни ҳарбии ҷавобшуда, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ /полиция/, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, хадамоти онҳо дар дигар давлатҳо /аз ҷумла хизмати хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилии ин давлатҳо дар ҳолатқое, ки дар сарсатри дувоздаҳуми банди мазкур нишон дода шудааст/ пешбинӣ менамояд, бастааст ();
...