ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 № 332 "Дар бораи тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю ёрдампулӣ ба ашхоси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук воҳидҳои полиси андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ва дар вазифаи судя хизмат намуда ва аъзои оилаи онҳо, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар ном ва матни қарор баъди калимаҳои ,мақомоти корҳои дохилӣ, калимаҳои "муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, илова карда шаванд;
дар матни қарор калимаҳои ,муассисаҳои ислоҳотию меҳнатӣ, ба калимаҳои ,мақомот ва муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, иваз карда шаванд;
дар сархати ёздаҳуми банди 1 калимаҳои ,на пештар аз 5 январи соли 1995, ба калимаҳои ,на пештар аз 2 майи соли 1994, иваз карда шаванд;
дар сархати ёздахуми банди 3 баъди калимаҳои, аз 23 октябри соли 1992, калимаҳои ,то 12 августи соли 1994, илова карда шаванд;
зербанди ,г, банди 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
г) як моҳи хизмат баробар ба якуним моҳ:
дар маҳалҳои баландкӯҳи баландиаш 1500 то 2500 м аз сатҳи баҳр барои хизматчиёни ҳарбӣ аз 1 апрели соли 1973, барои шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ - аз 1 майи соли 1985;
дар маҳалҳои баландкӯҳи баландиаш аз 1000 то 1500 м аз сатҳи баҳр ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз ин пасттар аз рӯи номгӯи қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва муассисаҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ, мекунад - аз 1 январи соли 1988;
...