Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 716, аз 30.10.2010 № 598)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 716, аз 30.10.2010 № 598)
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:
1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева кушода шавад.
2. Басти вазифаҳо ва сметаи хароҷот барои нигаҳдории Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷот барои нигаҳдории Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар соли 2007 ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳад.
4. Ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева пеш бурдани муносибатҳои дуҷониба бо Конфедератсияи Швейтсария вогузор карда шавад ().
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 98 "Оид ба Намояндагии доимии Ҷумҳуряи Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо" аз эътибор соқит дониста шавад (карор аз 30.12.2009 № 716).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...