Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 337)
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 30 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"30) Конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" барои истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ.".
2. Фармоишгари сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва иншооти марбут ба истеҳсоли тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" ва пудратчии генералии он ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТВЕА"-и Ҷумҳурии Халқии Хитой тасдиқ карда шавад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 13 марти соли 2013, № 118
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 30 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"30) Конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" барои истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ.".
2. Фармоишгар ва пудратчии генералии сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва иншооти марбут ба истеҳсоли тилло ва дигар канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" тасдиқ карда шавад.