Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2013, № 1092 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 6 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 6 марти соли 2013, №1092

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 28 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"28) Сохтмони лоиҳаи "Диёри Душанбе" (Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Қатари Диёр Реал Истейт Инвестмент КомпаниТоҷикистон", ширкати тобеи он, пудратчии асосӣ ва пудратчиёни ғайриасосӣ).

2. Номгӯи молҳо ва таҷҳизотҳое, ки барои сохтмони объекти дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории саривақтии гумрукии молҳои барои сохтмони лоиҳаи "Диёри Душанбе" воридшавандаро мутобиқи замима таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 марти соли 2013, № 109

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 109

тасдиқ шудааст

Номгӯи молҳое, ки аз ҷониби Фармоишгар - ҶДММ "Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани Тоҷикистон" барои сохтмони марҳилаи аввали лоиҳаи "Диёри Душанбе", воқеъ дар кӯчаи ба номи Н.Ҳувайдуллоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва андоз аз арзиши иловалиуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад

Ниг. ба замима