Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкори дар соҳаи саноат ва таъсиси Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва таъсиси Шӯро оид ба сиёсати саноати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 январи соли 2013, № 18
ш. Душанбе