Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005 аз 4 марти соли 2003, № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2003 № 94

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2003 № 94

тасдиқ шудааст

Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005

Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005 дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" таҳия гардидааст.

Ҳадафи асосии Барнома мусоидат намудан дар бокортаъминшавии аҳолӣ ва хусусан ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ кашида, дар бозори меҳнат мисли дигарон баробар рақобат карда наметавонанд, равона гаштааст.

Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2003-2005 дар асоси Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2002 № 666 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои нисбатан нодори аҳолӣ, ки асосан бекорон мебошанд, иборат аст.

Дар чорабиниҳои Барномаи мазкур таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамчун яке аз роҳҳои асосии ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани бекорон муайян гардидааст. Ҳамчунин бо воситаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва талаби бозори меҳнат амалӣ намудани чорабиниҳо оиди касбомӯзии корҷӯён, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, мусоидат ба васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва худиштиғолии аҳолӣ тавассути додани қарзҳои хурд (микрокредит) дар назар дошта шудааст.

Диққати махсус ба созмон додани системаи баҳисобгирии пурраи соҳаи шуғл нигаронида мешавад. Дар ин ҷода ҷорӣ намудани мониторинги доимии бозори меҳнат дар фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Дигар тадбирҳое, ки дар Барнома пешбинӣ гардидааст, аз такмили сохтори идораи мақомоти шуғл, ташкили шабакаи марказҳои иҷтимоию соҳибкорӣ, татбиқи созишномаҳои муштарак оиди ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки таъмини шуғли занон ва ҷавонон, ба расмият даровардан ва фиристонидани қувваи корӣ ба берун аз марзи ҷумҳурӣ ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак бо ташкилотҳои ғайридавлатию байналмилалӣ мебошад.

Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлили вазъи шуғлнокии аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ, тақсимоти шуғл дар соҳаҳои хоҷагии халқ таҳия гардида, натиҷаи ҷамъбасти барномаҳои минтақавӣ мебошад, ки аз тарафи мақомот иҷроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо) тасдиқ гардидаанд.

1. ВАЗЪИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР СОЛИ 2002

Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ шумораи миёнаи солонаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 ба 6375.0 ҳазор нафар расидааст, ки 3390.0 ҳазор нафари онро захираҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

...

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "4" марта 2003 года № 94

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "4" марта 2003 года № 94

ПРОГРАММА СОДЕЙСТВИЯ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2003-2005 ГОДЫ

Программа содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2003-2005 годы разработана на основании статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О занятости населения".

Главной целью Программы является оказание содействия в трудоустройстве населения и, особенно, привлечение к занятости лиц, испытывающих трудности в поиске работы, неспособных на равных конкурировать на рынке труда.

Программа содействия занятости населения на 2003-2005 годы разработана на основе Документа Стратегии снижения уровня бедности, которая утверждена постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 19 июня 2002 года №666 и его основной задачей выступает повышение уровня жизни наибеднейших слоев населения, которые в основном являются безработными.

В мероприятиях данной Программы создание новых рабочих мест определено как основное направление по трудоустройству безработных. Вместе с тем посредством Государственной службы занятости населения, и учитывая требования рынка труда, предусмотрено реализовать меры по профобучению незанятого населения, организации общественных оплачиваемых работ, содействие расширению предпринимательской деятельности и самозанятости через микрокредитование.

Особое внимание будет уделено созданию системы полного учета сферы занятости. В связи с этим предполагается внедрение постоянного мониторинга рынка труда в деятельности службы занятости населения.

Другими мерами, предусмотренными в Программе, являются совершенствование структуры управления органов занятости, создание сети социально-деловых центров, реализация двухсторонних соглашений по организации общественных оплачиваемых работ, разработка и реализация целевых программ содействия занятости женщин и молодежи, упорядочения процесса отправки трудовых ресурсов за границу и реализация совместных программ с международными и неправительственными организациями.

Программа содействия занятости населения разработана на основе анализа состояния занятости трудоспособного населения, распределения населения в отраслях народного хозяйства и является обобщением региональных программ, которые утверждены органами управления на местах (Хукуматами).

Состояние занятости населения и рынка труда в 2002 году

Численность населения Республики Таджикистан в среднегодовом исчислении в 2002 году составила по предварительным данным 6375.0 тыс.человек, из которых трудовые ресурсы составили 3390.0 тыс.человек.

...