Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 ноябри соли 2012, № 665
ш. Душанбе