Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 ноябри соли 2012, № 665

тасдиқ шудааст

Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ

Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

дар асоси муқаррароти Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 тасдиқ карда шудааст, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ (Рим, соли 1951, дар таҳрири соли 1997) дар қисми амалигардонии сиёсати мувофиқашудаи аграрӣ, коркарди чораҳои муштарак оид ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва назорати сифати озуқаворӣ, таъмини карантини растанӣ амал карда,

ба масъалаҳои пешгирии мутақобилаи ҳудудҳо аз ворид ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ (объектҳои карантинӣ) ҳангоми амалигардонии муносибатҳо ва рушди робитаҳои хоҷагиву тиҷоратӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти ҷиддӣ дода,

қоидаҳо ва принсипҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи карантини растанӣ, муқаррароти асосии Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ аз 13 ноябри соли 1992-ро ба назар гирифта,

бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи татбиқи талаботу чораҳои карантинӣ ва фитосанитарӣ

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо Шӯрои ҳамоҳангсозиро оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд - Шӯро) таъсис медиҳанд.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, ба амал мебарорад.

Моддаи 2

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар як Тараф, ки барои он аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бар меоянд ва давлати он иштирокчии ин шартномаҳо мебошад, дахолат намекунад.

Моддаи 3

Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи сеюм оид ба иҷро кардани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, аз ҷониби Тарафҳои онро баимзорасонида, эътибор пайдо мекунад.

Барои Тарафҳое, ки расмиёти дохилидавлатиро дертар иҷро кардаанд, Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби маҳфуздоранда эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 4

Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, ки қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб ёфта, бо протоколҳои дахлдор ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 5

Созишномаи мазкур пас аз эътибор пайдо кардан барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳое, ки бо мақсад ва принсипҳои Созишномаи мазкур розӣ мебошанд, бо роҳи ба маҳфуздоранда супоридани ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ кушода мебошад.

Барои давлати узви ИДМ Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

Барои давлате, ки узви ИДМ намебошад, Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи охирин дар бораи розигии давлатҳои онро имзокарда ё ба он ҳамроҳшуда, барои чунин ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 6

Созишномаи мазкур ба мӯҳлати номуайян баста мешавад.

Ҳар яке аз Тарафҳо ҳуқуқ дорад аз Созишномаи мазкур барояд, барои ин бояд ба маҳфуздоранда огоҳиномаи хаттӣ оид ба ин қарори худ на дертар аз шаш моҳ то баромадан ирсол намуда, ӯҳдадориҳои худро, ки дар давраи иштироки ӯ дар Созишнома ба вуҷуд омадаанд, танзим кунад.

Дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 дар як нусхаи аслӣ бо забони русӣ иҷро гардидааст. Нусхаи аслӣ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошта мешавад, ки ба ҳар як давлати Созишномаи мазкурро имзонамуда нусхаи тасдиқшудаи онро ирсол мекунад.

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Арманистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Беларус

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Қазоқистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Қирғизистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Молдова

Аз тарафи Ҳукумати

Федератсияи Россия

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Туркманистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии ӯзбекистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Украина

Утверждено    

    постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

от 22.11.2012 года, № 665

СОГЛАШЕНИЕ

о создании Координационного совета по карантину растений государств - участников СНГ

Правительства государств - участников Содружества Независимых Государств, именуемые в дальнейшем Сторонами,

Исходя из положений Стратегии экономического развития Содружества Независимых Государств на период до 2020 года, утвержденной Решением Совета глав правительств СНГ от 14 ноября 2008 года, Международной конвенции по карантину и защите растений (Рим, 1951 год, в редакции 1997 года.) в части реализации согласованной аграрной политики, разработки совместных мер по повышению продовольственной, экологической безопасности и контроля качества продовольствия, обеспечения карантина растений,

придавая важное значение вопросам взаимного предохранения территорий от заноса и распространения карантинных вредных организмов (карантинных объектов) при осуществлении контактов и развитии хозяйственных и торговых связей в рамках Содружества Независимых Государств,

принимая во внимание правила и принципы международных договоров в области карантина растений, основные положения Соглашения о сотрудничестве в области карантина растений от 13 ноября 1992 года,

в целях создания благоприятных условий для проведения согласованной политики в области применения карантинных фитосанитарных требований и мер

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны создают Координационный совет по карантину растений государств - участников СНГ (далее - Совет).

Совет осуществляет свою деятельность на основе Положения о Координационном совете по карантину растений государств - участников СНГ, которое является неотъемлемой частью настоящего Соглашения.

Статья 2

Настоящее Соглашение не затрагивает прав и обязательств каждой из Сторон, вытекающих для нее из других международных договоров, участником которых является ее государство.

Статья 3

Настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием третьего уведомления о выполнении подписавшими его Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу.

Для Сторон, выполнивших внутригосударственные процедуры позднее, настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием соответствующих документов.

Статья 4

По согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены изменения и дополнения, являющиеся его неотъемлемой частью, которые оформляются соответствующим протоколом.

Статья 5

Настоящее Соглашение после его вступления в силу открыто для присоединения любого государства, разделяющего цели и принципы настоящего Соглашения, путем передачи депозитарию документа о присоединении.

Для государства - участника СНГ настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием документа о присоединении.

Для государства, не являющегося участником СНГ, настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием последнего уведомления о согласии подписавших его или присоединившихся к нему государств на такое присоединение.

Статья 6

Настоящее Соглашение заключается на неопределенный срок.

Каждая из Сторон вправе выйти из настоящего Соглашения, направив депозитарию письменное уведомление о таком своем намерении не позднее чем за шесть месяцев до выхода и урегулировав обязательства, возникшие за время участия в Соглашении.

Совершено в городе Ашхабаде 30 мая 2012 года в одном подлинном экземпляре на русском языке. Подлинный экземпляр хранится в Исполнительном комитете Содружества Независимых Государств, который направит каждому государству, подписавшему настоящее Соглашение, заверенную копию.

За Правительство Азербайджанской Республики

 

За Правительство Республики Армения  

 

За Правительство Республики Беларусь

 

За Правительство Республики Казахстан 

 

За Правительство Кыргызской Республики    

 

За Правительство    Республики Молдова   

За Правительство Российской Федерации

 

За Правительство Республики Таджикистану

 

За Правительство Туркменистана

 

За Правительство Республики Узбекистан

 

За Правительство Украины