Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 449 "Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмил додани усули идоракунӣ дар соҳаҳои истихроҷ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, таъмин намудани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат аз рӯи воридоти пурраи маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз фаъолияти марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи пешниҳодгардидаи Баёнияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ" маъқул дониста шавад (замимаи 1).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амалӣ намудани Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ бо ҷалби намояндагони корхонаҳои соҳаҳои истихроҷ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ манфиатдор мебошанд, дар асоси баробарӣ таъсис дода шавад.

4. Ҳайат ва Низомномаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 2 ва 3).

5. Ба Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад:

- дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаи Нақшаи кориро оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 мутобиқ ба талаботи қоидаҳои байналмилалии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- ҷиҳати ташкил намудани котиботи доимоамалкунандаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ чораҳо андешад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани маблағгузории татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, ҷалби кӯмаки молиявӣ ва техникии ташкилотҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва кишварҳои донор чораҳои зарурӣ андешанд.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботи байналмилалии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷро дар шаҳри Осло (Норвегия) оид ба қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О присоединении Республики Таджикистан к Инициативе прозрачности в добывающих отраслях

В соответствии со статьей 23 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях совершенствования методов управления в добывающих отраслях, улучшения инвестиционного климата в государстве, усиления борьбы с коррупцией, обеспечения участия гражданского общества в контроле за полнотой поступления средств в государственный бюджет от деятельности, связанной с добычей полезных ископаемых, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить прилагаемый проект Заявления Правительства республики Таджикистан "О присоединении к Инициативе прозрачности в добывающих отраслях" (Приложение 1).

2. Установить Министерство финансов Республики Таджикистан уполномоченным органом Правительства Республики Таджикистан по вопросам реализации Инициативы прозрачности Б добывающих отраслях в Республике Таджикистан.

3. Образовать Совет Инициативы прозрачности в добывающих отраслях из числа государственных органов с привлечением представителей предприятий добывающих отраслей и организаций гражданского общества Республики Таджикистан, заинтересованных в реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях, на паритетных началах.

4. Утвердить Состав и Положение Совета Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан (Приложения 2 и 3).

5. Совету Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан:

- в двухмесячный срок разработать проект Рабочего плана пс реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан на 2012-2014 годы в соответствии с требованиями международных правил Инициативы прозрачности в добывающих отраслях, и представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан'

- принять меры к образованию постоянно функционирующего Секретариата Совета Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан.

6. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Государственным Комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом принять необходимые меры для обеспечения финансирования реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан за счет бюджетных средств в рамках среднесрочной Программы государственных расходов, и привлечения финансовой и технической помощи международных организаций, финансовых институтов и стран доноров.

7. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в остановленном порядке уведомить Международный Секретариат Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в городе Осло Норвегия) о настоящем постановлении.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

Председатель

...