Низомномаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 449

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2012,

№ 449 тасдиқ шудааст

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2012,

№ 449 тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқарароти умумӣ

1. Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) бо мақсади татбиқи Ташаббуси баланд намудани шаффофияти соҳаҳои истихроҷ таъсис дода шуда, мақоми машваратӣ мебошад, ки назорати умумӣ, ҳамгироӣ ва кӯмаки машваратиро дар татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

II. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Шӯро

3. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- баррасӣ ва назорати иҷроиши чорабиниҳо оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ;

- таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси озмун интихоб намудани ташкилоти байналмилалии аудиторӣ барои омода намудани ҳисоботи ҷамъбастӣ мутобиқи меъёрҳои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ барои соли тақвимии дахлдор;

...

Приложение 3

Утверждено

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от "31 " августа 2012 года, №449

Приложение 3

Утверждено

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от "31 " августа 2012 года, №449

Положение о Совете Инициативы прозрачности добывающих отраслей Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Совет Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан (далее - Совет) образован в целях реализации Инициативы повышения прозрачности деятельности добывающих отраслей и является консультативным органом, обеспечивающим общий надзор, координацию и консультативную помощь в реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в. Республике Таджикистан.

2. В своей деятельности Совет руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

II. Основные задачи и функции Совета

3. Основными задачами Совета являются:

- рассмотрение и осуществление контроля за выполнением мероприятий по реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях;

- выработка предложений и рекомендаций по вопросам реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан;

- выбор на тендерной основе международной аудиторской компании для подготовки сводного отчета в соответствии с критериями Инициативы прозрачности в добывающих отраслях за соответствующий календарный год

- рассмотрение, обсуждение и утверждение для публикации сводного отчета Инициативы прозрачности в добывающих отраслях.

...