ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ"
Моддаи 1. Ба моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи ҳифзи меҳнат"(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 324) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар қисми 1 калимаҳои "даромади миёнаи солонаи" ба калимаҳои "музди меҳнати панҷмоҳаи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "даҳ маоши миёнаи солонаи" ба калимаҳои "музди меҳнати ҳаштмоҳаи" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 882
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 882
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...