Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, №126
Мутобиқи моддаи 247 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, №126 тасдиқ шудаанд, тибқи замима тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда Котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразияро дар хусуси қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур аз рӯзи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 348
ш. Душанбе
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, №348
Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
+------------+------------------------------------+------------------ҷ
| Рамзи мол | Номгӯи молҳо | Меъёри аксиз |
| мувофиқи | | бо фоизҳо аз |
| НМ ФИХ | | арзиши гумрукӣ |
| ЕврАзЭС | | ё бо евро |
| | | барои воҳид |
+------------+------------------------------------+------------------+
| Гурӯҳи 22 |
| Нӯшокиҳои спиртӣ, ғайриспиртӣ ва сирко |

| 2208 | Спирти этилии денатурасия нашуда бо| 2,5 евро барои |
| | консентратсияи спиртии камтар аз | 1 литр спирти |
| | 80 % ҳаҷм; қиёмҳои спиртӣ, ликёрҳо | 100% |
| | ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ: | |