Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 823 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48, фасли XVIII; с. 1997, №9, мод. 117, фасли VI; с. 1998, 34910, мод. 119, фасли V; №22, мод. 318; с. 1999, №5, мод. 61; №9, мод. 236; №12, мод. 351; с. 2002, №4, қ.1, мод. 158; №11, мод. 711; мод. 735; с. 2005, №7, мод. 406; с. 2007, №7, мод. 695; с.2008, №10, мод. 823; с.2009, №9-10, мод. 547; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №789) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "нафақаи давлатӣ" ва "нафақаҳои давлатӣ" ба калимаи "нафақа" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 3:

- дар банди д) калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар банди з) калимаи "16-сола" ба калимаи "18-сола" иваз карда шавад.

3. Матни моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад.".

4. Ба моддаи 4(1):

- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд.";

- қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шавад.

5. Дар моддаи 6 калимаҳои "гуногуни давлатиро" ба калимаи "гуногунро" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 12:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПЕНСИОННОМ ОБЕСПЕЧЕНИИ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 25 июня 1993 года "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" .(Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1993 г., №15-16, ст. 350; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №3, ст. 48, раздел XVIII; 1997 г., №9, ст. 117, раздел VI; 1998 г., №10, ст. 119, раздел V; №22, ст. 318; 1999 г., №5, ст. 61; №9, ст. 236; №12, ст. 351; 2002 г., №4, ч.1., ст.158; №11, ст. 711; ст. 735; 2005 г., №7, ст. 406; 2007 г., №7, ст. 695; 2008 г. №10, ст. 823; 2009 г., №9-10, ст. 547; Закон Республики Таджикистан от 26 декабря 2011 г., №789) следующие изменения и дополнения:

1. Из названия и текста статьи 1 слово "государственное" исключить.

2. В статье 3:

- в пункте д) слова "Министерства связи Республики Таджикистан" заменить словами "Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан";

- в пункте з) цифры "16" заменить цифрами "18".

3. Текст статьи 4 изложить в следующей редакции:

"Условия, нормы и порядок пенсионного обеспечения военнослужащих и служащих военизированных формирований, не подлежащих в соответствии с законодательством Республики Таджикистан государственному социальному страхованию, и членов их семей, устанавливаются Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих". Им также предоставляется право на получение пенсии в порядке, установленном настоящим Законом. В этом случае выплата пенсии, назначенной в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих", прекращается.".

4. Статью 4(1):

- дополнить частью второй следующего содержания:

"Государственным служащим, освобождённым от государственной должности при ликвидации, реорганизации и реструктуризации государственного органа, сокращении численности или штатных единиц государственных служащих, при наличии общего трудового стажа 25 лет для мужчин, 20 лет для женщин, из них не менее 10 лет стажа государственной службы, предоставляется право выхода на пенсию на два года раньше установленного законодательством Республики Таджикистан срока.";

- часть вторую считать частью третьей.

5. В статье 6 слова "государственные пенсии" заменить словами "пенсии".

6. В статье 12:

...