Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 789 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48, фасли XVIII; с. 1997, №9, мод. 117, фасли VI; с. 1998, №10, мод. 119, фасли V; №22, мод. 318; с. 1999, № 5, мод. 61; №9, мод. 236; №12, мод. 351; с. 2002, №4, қ.1, мод. 158; №11, мод. 711, мод. 735; с. 2005, №7, мод. 406; с. 2007, №7, мод. 695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод. 547) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "мақомоти ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

2. Дар зербанди б) қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "комиссияи таъини нафақаҳо" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 88:

- ҷумлаи якуми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рӯзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад.";

- дар қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум калимаҳои "шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ", "шӯъбаи ноҳиявии (шаҳрии) ҳимояи иҷтимоии аҳолии" ва "Шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор", "сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори" ва "Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

5. Матни моддаи 89 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".

6. Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаҳои "комиссияи таъини нафақа" ва "Шӯъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ва "Мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

7. Моддаи 91 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПЕНСИОННОМ ОБЕСПЕЧЕНИИ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 25 июня 1993 года "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1993 г., №1516, ст. 350; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №3, ст. 48, раздел XVIII; 1997 г., №9, ст. 117, раздел VI; 1998 г., №10, ст. 119, раздел V; №22, ст. 318; 1999 г., №5, ст. 61; №9, ст. 236; №12, ст. 351; 2002 г., №4, ч.1, ст.158; №11, ст. 711, ст. 735; 2005 г., №7, ст. 406; 2007 г., №7, ст. 695; 2008 г. №10, ст. 823; 2009 г., №9-10, ст. 547) следующие изменения:

1. В части первой статьи 9 слова "органами социальной защиты населения" заменить словами "уполномоченным органом".

2. В пункте б) части первой статьи 18 слова "комиссией по назначению пенсий" заменить словами "уполномоченным органом".

3. В части второй статьи 34 слова "комиссии по назначению пенсий" заменить словами "уполномоченного органа".

4. В статье 88:

- первое предложение части третьей изложить в следующей редакции:

"Администрация (правление) совместно с профсоюзным комитетом в десятидневный срок со дня поступления заявления оформляет необходимые документы о стаже и заработной плате и вместе с поданным заявлением и своим представлением направляет их в местную структуру уполномоченного органа по месту жительства заявителя.";

- в частях четвёртой, пятой, шестой и седьмой слова "районный (городской) отдел социальной защиты населения" и "Отделы социальной защиты населения" соответственно заменить словами "местную структуру уполномоченного органа" и "Местные структуры уполномоченного органа".

5. Текст статьи 89 изложить в следующей редакции:

"Пенсии назначаются уполномоченным органом. Порядок создания и деятельности уполномоченного органа устанавливается Правительством Республики Таджикистан.".

6. В части второй статьи 90 слова "комиссией по назначению пенсий" и "Отдел социальной защиты населения" заменить соответственно словами "уполномоченным органом" и "Уполномоченный орган".

7. Статью 91 изложить в следующей редакции:

"Статья 91. Обжалование решение уполномоченного органа

...